Табрикот ба муносибати зодрӯз
Имрӯз яке аз олимони шинохтаи соҳаи адабиёти тољик, доктори илми филология, директори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қаландариён Ҳоким Сафар зодрӯз доранд. Устоди гиромӣ дар ҷодаи илми тоҷик як қатор дастовардҳои назаррасро ноил гардида, дар тарбияи насли наврас, дар самти аз худ намудани донишҳои замонавӣ, ватандўстиву ватанпарварӣ, садоқат ба Ватан саҳми арзандаеро гузошта истодаанд.
Дар пешбурд ва рушди фаъолияти Институти илмҳои гуманитарии АМИТ саҳми Қаландариён Ҳоким Сафар низ бемислу монанд буда, самимияту инсондўстии ӯ сабаб гардидааст, ки дар миёни коллективи ин муассиса қадру эҳтироми хосаеро ба даст овардаанд.
Ба шарофати маҳорати касбӣ ва кордонӣ, таҷрибаи чандинсола ва муносибати босалоҳият бо кормандон Институти номбурда ба пешрафтҳои муайяни илмӣ ноил шуда истодааст. Аз ин рў коллективи ИИГ АМИТ боварии комил дорад, ки таҳти роҳбарии Қаландариён Ҳоким Сафар маркази мазкури илмии Бадахшон минбаъд ҳам қадамҳои устувору муассир дар пешбурди илми тоҷик хоҳад ниҳод.
Ва имрўз бо камоли эҳтироми беандоза тамоми коллективи Институт аз фурсати муносиб истифода бурда, мехоҳад роҳбари кордон, устоди муҳтарамро табрику таҳният гӯяд. Бигузор ҳамаи нақшаю лоиҳаҳои Шумо амалӣ гарданду, муваффақият дар корҳоятон ҳамеша ҳамроҳ бошад! Бигзор дар паҳлуи Шумо ҳама вақт нафарони боэътимод зиёдтар бошанду фаъолияти ҳаррӯзаатон мояи сарбаландиву сарфарозии Шумо гардад! Ба Шумо фатҳи қуллаҳои навини илмӣ, оромиву осудагӣ, саломатии бардавом ва бахту саодати оилавиро таманно дорад!
Зодрӯзатон муборак, устоди гиромиқадр!