Назаршоева Чилла- номзади илмҳои филология, мудири шуъбаи забонҳои помирии Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Илму маориф ҷавҳари рушди давлат ва ҷомеа
(дар ҳошияи Паёмҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон)
«… рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили мухимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад» (Эмомалӣ Раҳмон).
Ҳамасола аз ҷониби Сарвари кишвар самтҳои асосӣ, масъалаҳо ва нуктаҳои муҳимтарини фаъолияти ҳама соҳаҳои кишвар ҳамчун роҳнамои асосии рушди соҳаҳои илму-маориф, иқтисодию иҷтимоӣ, саноату технология ва дигар соҳаҳои муҳими стратегӣ ба таври муфассал бо таҳлилу асосҳои бунёдӣ ва дурнамои минбаъда баҳри некӯаҳволии мардуми тамаддунофари тоҷик пешниҳод карда мешавад.
Дар ин радиф, вобаста ба рушди соҳаи илму маориф ва коркардҳои соҳаи илм маҷмӯи дастовардҳои назарраси даврони соҳибистиқлолии кишвар қайд карда шуда, доир ба боз ҳам баланд баровардани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй ва барои роҳандозӣ намудани самтҳои коркардҳои дар ҷаҳони имрӯза мубрами илмию технологӣ дастуру супоришҳо дода мешаванд.
Дар воқеъ бе илму маориф пешрафти давлат ва ҷомеа ғайриимкон аст. Чунки инсони бедонишу бефарҳанг тарбияёфта ҳеҷ вақт кори муфиде на барои худаш, на барои ҷомеа анҷом дода наметавонад. Баръакс, барои ҷомеа хатар эҷод карда метавонад. Илму дониш соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлат, субот дар ҷомеа, устувории идоракуниро таъмин мекунад. Аз ин рӯ, давлату ҳукумати кишвар аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба пешрафти илму маориф ҳамчун омили асосии тараққиёти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ин сиёсатро пайваста таҳким ва рушд медиҳад.
Танҳо тавассути касб кардани илму дониш - дониши босифат, метавон ба дастовардҳои бузург ноил шуд. Бахусус дар замони муосир, ки илму дониш меҳвари калидии тараққиёти ҷомеа ба шумор меравад, «Тоҷикистон низ ҳамчун як ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри беҳтару хубтар гардонидани зиндагии мардум ба соҳаи илму маориф ва боло бардоштани фарҳанги ҷомеа диққати аввалиндараҷа зоҳир намуда истодааст».
Воқеан, илму дониш аз замонҳои хеле қадим нурӯи асосӣ ва пешбарандаи ҳар ҷомеа ба ҳисоб меравад ва муҳимтарин самтҳое, ки маҳз илму дониш ва маориф дар рушди онҳо аҳамияти аввалиндараҷа доранд, инҳо:
- Муҳиммияти илму маориф дар рушди иқтисодӣ. Илм ва маориф қувваҳои пешбарандаи рушди иқтисодӣ мебошанд. Мушкилоти марбут ба буҳронҳои иқтисодиро танҳо тавассути илму дониш ҳал мекунанд, ҳолатҳои фавқуллодаро пешгирӣ мекунанд ва оқибатҳои онҳоро бартараф мекунанд. Дастовардҳои илмӣ ба давлат имкон медиҳанд, ки фоидаи бузурги молиявӣ ба даст оварда шуда, эътибори давлат дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардошта шавад, қувват ва қудрати он мустаҳкам ва боиси рушди пешрафти он гардад. Давлате, ки шаҳрвандони соҳибмаърифат ва соҳибихтисос дорад, дар арсаи байналмилалӣ имкони шукуфоӣ ва рақобатпазириро дорад. Маҳз дониши босифат ба шаҳрвандон дар ҳалли мушкилоти душвор ва пешниҳоди ғояҳо ва навовариҳои гуногун кӯмак мекунад. Тавре Президенти кишвар иброз медорад: «… рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад» ва дар ин замина дар Паёми имсола мақомотҳои дахлдорро барои тадбир андешидан баҳри ба сатҳи сифатан нав бардоштани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ вазифадор намуд: «Вазорати маориф ва илм, Комиссияи олии аттестатсионӣ, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ, ҳамчунин, вазифадор карда мешаванд, ки барои ба сатҳи сифатан нав бардоштани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд» ва «Дар ин замина бояд рушди иқтидори илмии муассисаҳои зикршуда, дар доираи лоиҳаҳои давлатӣ ва байналмилалӣ анҷом додани таҳқиқоти арзишманди илмӣ ва дар раддабандии ҷаҳониву минтақавӣ мавқеи шоиста ишғол намудани муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар таъмин карда шавад».
- Муҳиммияти илму маориф дар беҳтар кардани сифати зиндагӣ. Пешрафт дар илм ва маориф боиси ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ ва иҷтимоӣ мегардад, чаро ки маориф сифати зиндагиро тавассути тавлиди қувваи кории босаводу ботаҷриба беҳтар мегардонад. Маҳз онҳое, ки имрӯз донишҷӯ ҳастанд, баъди як-ду даҳсола қувваи асосии корӣ ва зеҳнии давлат маҳсуб меёбанд ва ояндаи давлат аз насли ҷавони имрўза вобаста мегардад. Ҷаҳони муосир, ки аз назари технология хеле пешрафта аст, рӯз ба рӯз ба ин сарват, яъне ба нерўи зеҳнӣ бештар ва бештар ниёз пайдо мекунад. Аз ин рӯ «таҳсилоти босифат», «таҳсилоти сатҳи ҷаҳонӣ» дар замони муосир барои беҳтар кардани сатҳи сифати зиндагӣ махсусан муҳим аст. Ва дар бобати ин масъала Сарвари кишвар таъкид карданд, ки “Мо дар ҳазорсолаи сеюм ва асри пешрафти бесобиқаи илму технологияҳо, яъне дар асре, ки тамоми ҷанбаҳои ҳаёт тавассути саводу дониш ва илму технологияҳо идора карда мешаванд, зиндагӣ дорем» ва «Дар замоне, ки илму техника бо суръати кайҳонӣ пеш меравад, бе дониши замонавӣ, бе касбу ҳунарҳои муосир ва бе донистани забонҳои хориҷӣ зиндагӣ кардан бисёр душвор мегардад».
- Муҳимияти илму маориф дар рушди тафаккури интиқодӣ. Мусаллам аст, ки барои рушд додани тафаккури интиқодӣ ҷаҳонбинии васеъ дар самтҳои гуногун доштан, адабиёти илмӣ ва бадеиро мутолиа кардан, дониши расонаии худро мукаммал сохтан ва ѓ. мусоидат мекунад. Бидуни дониши кофӣ ба таври интиқодӣ фикр кардан ѓайриимкон аст. Бахусус, дар асри 21, ки асри илму техника аст ва иттиллооткунии ҷамъият то ба сатҳи баланде расидаст, ки имрўзҳо амалан дилхоҳ маълумотро инсон дар расонаҳои интернетӣ дастрас карда метавонад, рушд додани тафаккури интиқодӣ бо мақсадҳои ҳар гуна вазъиятро равшан арзёбӣ намудану таҳлил кардан, маълумотро қабул ё рад кардан ва мавқеашро оиди ин ё он масъала ба таври дуруст муайян намудан зарур ва ҷоиз аст. Рушди тафаккури интиқодӣ ба ташаккули ҷомеаи таҳаммулпазир, созанда ва мутамаддин оварда мерасонад ва барои арзёбии мушкилот ва қабули қарорҳои огоҳонаи мусолиматомез кўмак мекунад. Бо пайравӣ аз суханони Пешвои миллат, бахшида ба Рўзи дониш, ки: «Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳҷўву адолатпарвар аз минбарҳои баланд борҳо эълон кардааст, ки роҳи асосӣ ва беҳтарини ҳалли ҳама гуна мухолифату низоъҳо риояи меъёрҳои байналмилалӣ, музокирот ва ҳалли мусолиматомези масъалаву мушкилот мебошад», мо аҳли илму маориф, зиёиёни кишвар хуб дарк мекунем, ки илму дониш маҳз ҳамон рукнҳои асосие мебошанд, ки тавассути онҳо мо метавонем чунин як ҷомеаи идеалиро бунёд созем.
Дарвоқеъ илму дониш инсонро дар ҳар замон дар ҷомеа соҳибмақому соҳибэҳтиром гардондааст ва бузургонамон илму донишро омили раҳоӣ аз мушкилот ва азобҳои зиндагӣ донистаанд. Сарвари хирадманди кишвар низ аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ин сиёсати гузаштагони бузурги халқи тоҷикро пеша гирифта, дар тамоми суханрониҳояш самти илму маорифро рушди калидии ҷомеа арзёбӣ карда доиман таъкид менамояд, ки саводу дониши замонавӣ дар ҷаҳони имрўза басо муҳим аст: «Агар мо хоҳем, ки давлатамон пешрафтаву нерўманд ва ҷомеаи кишварамон осудаву мутамаддин бошад, коре кунем, ки фарзандонамон босаводу донишманд бошанд, дастовардҳои навини илму техника ва технологияҳои инноватсиониро аз худ намоянд, ду забони хориҷӣ, бахусус русӣ ва англисиро ба мисли забони модарӣ донанд ва ҳамқадами замон бошанд» ва дар суханронии дигараш қайд кардааст, ки «Мо ба хотири рушди илму маориф тамоми захираву имкониятҳоро равона кардаем ва минбаъд низ бомаром идома медиҳем» ва ин ѓамхории Сарвари давлат нисбати илму маориф минбаъд ҳам яке аз афзалиятноктарин соҳаҳои кишвар маҳсуб хоҳанд ёфт.
Адабиёт:
- Паёми Президент, 2023 // https: // www.mfa.tj / tg / main / view / 11820 / pajomi-prezidenti-jumhurii-tojikiston-muhtaram-emomali-rahmon-dar-borai-samthoi-asosii-sijosati-dokhili-va-khorijii-jumhuri
- Паёми Президент, 2019/ https: // www.mfa.tj / tg / main / view / 11823 / pajomi-prezidenti-jumhurii-tojikiston-muhtaram-emomali-rahmon-dar-borai-samthoi-asosii-sijosati-dokhili-va-khorijii-jumhuri
- Пешвои миллат: «Рўзи дониш тантанаи хираду маърифати мардуми куҳанбунёди тоҷик мебошад». /https://www.jumhuriyat.tj/prezidenti-t/1554-peshvoi-millat-rzi-donish-tantanai-hiradu-marifati-mardumi-kuanbunedi-toik-meboshad.html)