wrapper

ИМОМНАЗАР ХОҶАНАЗАР ЛУТФУЛЛО

ходими илмии шуъбаи фолклор ва адабиёти Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ

 

Паёми Пешвои миллат - ҳидояти накӯ барои бунёди ояндаи боз ҳам дурахшону пешрафта

 

Мазмун ва шакли Паёми моҳи декабри соли 2023 ба Маҷлиси Олии мамлакат ироанамудаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо бисёр вижагиҳои худ аз паёмҳои пешин фарқ дорад. Зеро, он дар замоне ироа гардид, ки ҳам вазъи сиёсию иқтисодӣ ва молиявию иҷтимоии дохили кишвар ва ҳам ҷаҳон, дар тӯли як соли охир, таҳаввули муайян намуда, муносибатҳои дохили ҷамъиятӣ устувор ва  байналмилалӣ муташанниҷу печидатар шуданд.

Тоҷикистони мо, дар асоси сиёсати мутавозуни дохилӣ, ки ҳамаи ҷанбаҳои муҳими он ба вазъ ва талаботи мавҷуда мутобиқат дошта, посухгӯи ниёзҳои аксарияти сокинони кишвар мебошад, ҳаракати амудии худро дар ҳамаи самтҳо идома дода, уфуқҳои нав дар масири рушду равнақи он ҳувайдо гардиданд. Омори дақиқ ва воқеъӣ, ки дар Паём ифшо шуд, тамоми паҳлӯҳои ин сиёсати ба тақвияти созандагӣ ва некӯаҳволии бошандагони кишвар нигарондашудаи Давлату Ҳукуматро, дар ҳамбастагӣ бо меҳнат ва эҷоди мардуми заҳматпешаи мамлакат, инъикос намуда, ифшогари интихоби масири дурусти стратегии мо мебошад.

Пешвои ғамхори миллат, бо эҳсоси гарм ва идроки амиқ, аз комёбиҳои умуман замони соҳибистиқлолӣ, марҳилаҳои муайян ва як соли охири рушд сухан гуфта, ифтихори хешро аз дастовардҳои беназири Ватану ватандорон ва сипоси худро, ҷиҳати ноил шудан ба ин комёбиҳо, ба ҳамаи ҳамватанон иброз намуда, холисона, бори дигар, мардуми шарифамонро ба ободию созандагии бештар ҳидоят намуданд.

Маврид ба зикри махсус аст, ки имрӯз, на танҳо шаккокони тараққиёти кишвар, ки замоне роҳу усули интихобнамудаи ташаккулу тараққиёти иқтисоди моро зери шубҳа монда, ба самараи кор бовар надоштанд, ба натиҷаи самарабори фаъолиятамон дар ин самт қоиланд, балки рақибони сиёсии давлат, ки дар хориҷ ҳастанд, аз пешрафти кори мо, аз диди назари танг ва эҳсоси мағшушон, нигаронанд. Чунки музаффарияти давлату ҷамъияти мо, заминаи иҷтимоии онҳоро заиф сохта, бобати амалӣ сохтани манфиатҳои маҳдуд ва ғаразноки онҳову хоҷагони пасипардагияшон монеаи устувор эҷод месозад.

Таҳлилгарони берунӣ низ аз рушди бемайлони иқтисод ва чораҳои андешидаи Ҳукумати Тоҷикистон тавсиф намуда, иқрор бар онанд, ки давлати мо, бо назардошти вазъ ва имкониятҳо, эълони принсипи “дарҳои кушод”, пиёда намудани сиёсати либералӣ дар ин соҳа, пешниҳоди имтиёзҳо ва афзалиятҳои зарурию зиёд, дар радифи дигар тадобир, тавонист, дар зарфи каме зиёдтар аз 20 сол, кишвари ҷангзадаю ақибмондаро ба яке аз мамолики рӯбатараққӣ табдил дода, сатҳи азфзоиши иқтисоду ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилиро бемайлон баланду зиёд намуда, сатҳи таваррум ва камбизоатиро ба маротиб поён барад. Заминаи мустаҳками ҳамаи ин ва дигар комёбиҳо, албатта, сиёсати дуруст ва ҷавобгӯ ба талабот буда, роҳбарию роҳнамоии боиродат ва мутавозуну мутносвиби Роҳбарияти Олии Тоҷикистон рукни меҳварии ин сиёсат мебошад.

Ин дафъа, Пешвои миллат, аз ҳарвақта дида, бештар таваҷҷуҳашонро ба иштироки беҳтару бештари кулли сокинони мамлакат дар раванди босуръати ободкорӣ равона сохта, онҳоро даъват ба он намуданд, ки ватан ватани мост ва ба ҷуз мо, дигар нафаре аз берун нахоҳад, барои ободию пешрафти он, домону остин бар занад.

“Ман ба мардуми азизи кишвар муроҷиат карда, ҳар яки онҳоро даъват менамоям, ки биёед, табиати Тоҷикистони биҳиштосоямонро ба гулистон табдил диҳем, ободӣ ва тозагиву озодагиро аз ҳар хонаву кошона сар карда, то деҳоти дурдасттарин вусъат бахшем, тамоми қаламрави Ватанамонро хурраму сарсабз гардонем ва соҳиби фарҳангу тамаддуни бостонӣ будани худро ба ҷаҳониён собит намоем”, - самимона ба мардум муроҷиат намуда, онҳоро барои боз ҳам зебо сохтани Ватану диёр ҳидоят месозанд Ҷаноби Олӣ кам андар кам роҳбари давлат чунин эҳсоси меҳромез нисбати Ватан дошта, суруши қалбӣ ва муҳаббати сириштии худро нисбати инсон, дар маҷмуъ, ва, алалхусус, миллату мардуми худ, ба ин тарз, ошкоро баён созад. Чунин хислати сириштӣ ба он ашхосе хос аст, ки рисолати инсонӣ ва таърихии худро дарк намуда, қавлу амали некашон бо ҳам тавъам бошанд.

Ҳар гоҳе мо ба матни паёмҳои пешини Роҳбари Олии Давлатамон, ки зиёда аз бист сол ироа мегарданд, назар андозем, баръало мебинем, ки бо заҳмати худи Роҳбар ва меҳнати мардуми шарифи Тоҷикистон, мазмуни онҳо, бо ба вуҷуд омадани ҳазорҳо корхонаву бинову иншооти саноатию хизматрасонӣ ва фароғатию варзишӣ, инфрасохтори зарурӣ, инчунин, баландравии сатҳи некӯаҳволии мардум ва мақому манзалати тоҷику Тоҷикистон шакли воқеъӣ мегирад.

Эътимоди комил дорем, ки дастуру ҳидоятҳои бунёдкоронаи индафъаинаи Пешвои муътабари миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатӣ ба органи олии қонунгузори мамлакат ироа гардиданд, бо меҳнати ҳалол ва пурмасъули кулли тоҷикистониён ҷомаи амал ба бар намуда, Ватани мо боз ҳам пешрафтаву боломақом хоҳад гардид.