wrapper

13-уми апрели соли 2023 дар шаҳри Хоруғ бо ибтикори шуъбаи кор бо занон ва оилаи ВМКБ фестивал таҳти унвони «Сад ранги чакан» баргузор гардид. Дар фестивал аз ноҳияҳои ВМКБ бонувону ҷавондухтарон бо дастовардҳои хеш дар соҳаи ҳунармандӣ ширкат намуданд.

Чакан як намуди ҳунари волои мардумӣ ба ҳисоб рафта, таърихи хеле қадима дорад, ки ба ҳаёт, урфу одат ва ҷаҳони маънавии миллати тоҷик, минҷумла тоҷикони Бадахшон алоқамандии зич дорад. Чакан дар матоъҳои пахтагӣ ва абрешимӣ гулдӯзӣ карда мешавад, ки дар байни тамоми занону духтарони тоҷик ривоҷ ёфтааст.

Агар ба таърихи ривоҷу равнақи ҳунари чакандӯзӣ дар Бадахшон назар андозем, тибқи маълумоти илмии мардумшиносон ва фолклоршиносон асосан миёни бонувони ноҳияи Дарвоз ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим маъмул будааст. Дар ин бора муаррих А. А. Бобринской маълумоти пурарзиши илмӣ матраҳ намудааст (Нақшу нигори тоҷикони Дарвоз. 1900).

Дар чакандӯзӣ рангҳои гуногуни табиӣ истифода бурда мешуданд. Бояд тазаккур дод, ки ҳунари гулдӯзи дар тамоми Бадахшон низ ривоҷ ёфта буд, вале бо интихоби ранг, тарзи дӯхт, истифодабарӣ аз ҳамдигар фарқ мекарданд, ки баъзан ин тафовутҳо ҳатто дар байни деҳаҳои ҷудогона низ ба назар мерасанд. Нақшу нигори ҳунари гулдӯзӣ асосан табиатро инъикос мекард. Ин нақшу нигораҳо бо номҳои ислимӣ, зооморфӣ, кайҳонӣ, геометрӣ ё гиреҳ вуҷуд доранд. То кунун дар ҳунарҳои мухталиф аз қабила ҷӯроб, шерозаи тоқӣ, куртаҳои занона ва мардона, шерозаи поҷома, миёнбанд, намад, сӯзанидӯзӣ, курпаву болишт, рӯпӯши рахти хоб корбурд мегарданд. Нақшу нигорҳои мавҷудбуда ифодагари ин ё он унсурҳои табиат буда, баёнгари тасаввурот, эътиқод ва боварҳои мардумӣ ба ҳисоб мераванд. Масалан тасвири офтоб дар сӯзаниҳо, тасвири аловгул, партовус, мавҷи об, гардуна дар ҷӯробҳо рамзи рӯшноӣ ва гармӣ, гуногунрангӣ, гардиши солу моҳ ва ғайра дониста мешаванд. Ҳамин тавр ҳар як нақш вижагии хоси худро дошта, пайванди ногусастании инсон ва табиатро аз замони пеш то имрӯз ифода мекунанд.

         Дар замони ҷаҳонишавӣ баргузор намудани чунин фестивалҳо хеле ба маврид буда, аз як тараф агар ҳунари волои аҷдодӣ ҳифз шавад, аз тарафи дигар таваҷҷуҳи ҷавононро ба худ ҷалб менамояд. Инчунин бори дигар ҳунари мардумӣ муаррифӣ гардида, арзишҳои фарҳангӣ пос дошта мешаванд ва барои пойдории онҳо заминаи устувор хоҳад гузошт.

Н. Қурбонхонова номзади илмҳои филологӣ, мудири шуъбаи фолклор ва адабиёт, Азорабекова Ш. ходими калони илмии шуъбаи таърих ва мардумшиносии ИИГ ба номи академик Б. Искандарови АМИТ

 

акс аз: https://your.tj/chakan-kak-prizvanie-istorija-toj-kto-hranit-tradicii/