Санаи05.2023 Назар Муҳаммадхоҷа рисолаи номзадиро таҳти унвони “Масъалаҳои поэтикаи насри Ҳусайн Воизи Кошифӣ” аз рўи ихтисоси 5.9.2. - адабиёти халқҳои ҷаҳон (адабиёти форс, адабиёти тоҷик) дар Шӯрои диссиртатсионии 73.1.015.01-и Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ ҳимоя намуд. Бо қарори ҳайати Шӯрои диссертатсионии Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ рисолаи номзадии Н.Муҳаммадхоҷа барои дарёфти унвони номзади илмҳои филологӣ ба Шӯрои олии атестатсионии Федератсияи Русия пешниҳод гардид.
Кормандонии Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ Назар Муҳаммадхоҷаро бо дифои бомуваффақияти рисолаи номзадӣ табрику таҳният менамоянд.