wrapper

Мо ба хотири баррасии яке аз масъалаҳои   ҳаётан муҳим, ки аз он ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла ғизо, тандурустӣ, иқлим, табиат, фарҳанг ва иқтисодиёти кишварҳоямон вобастагӣ дорад, ҷамъ омадаем…

Ин аст қудрати бузурги об, ки қитъаҳо, кишварҳо ва фарҳангҳои гуногуни ҷаҳонро муттаҳид месозад. Биёед дар атрофи об муттаҳид бошем.

                                                                                                                                                                                                                                                                           Эмомалӣ Раҳмон

 

      Ниёгони миллати тамаддунофар ва соҳибфарҳанги тоҷик ҳанӯз аз давраҳои хеле қадим обро неъмати бузург, рамзи покӣ, рушноӣ ва манбаи зиндагӣ мешумориданд, ки Офаридагор ба кулли мавҷудоти зиндаи Замин арзонӣ доштааст.

      Тоҷикон, минҷумла тоҷикони кӯҳистони Бадахшон обро, ки яке аз унсурҳои чаҳоргона ба ҳисоб меравад, муқаддас шумурда, перомуни он дар давраҳои мухталифи таърихӣ миёни мардум тасаввурот, боварӣ, эътиқод ва парастиш арзи вуҷуд кардаанд. Инчунин ривоятҳои гуногун оиди пайдоиши обҳои чашмаҳои ин минтақа густариш ёфтаанд, ки аз насл ба насл гузашта, то имрӯз боқӣ мондаанд.

      Дар деҳаҳои Зонг, Ширгин, Вранг, Ямг (Вахон), Даршай, Сист, Гармчашма (Ғорон)-и ноҳияи Ишкошим чашмаҳои зиёде мавҷуданд, ки ҳанӯз аз давраҳои пеш мардум онҳоро муқаддас дониста, парастиш мекарданд. Тибқи боварҳо агар нафаре бо тани ношуста ва ифлос назди чашма ояд, қувваи ноаён ва асрорангез на фақат ӯ ва хонаводааш, балки ҳамдеҳагонашро низ дучори офат мегардонад. Аз ин лиҳоз дар назди чашмаҳо қурбонӣ мекарданд ва ҳангоми паҳншавии бемориҳои эпидемӣ дуо карда, барои раҳоӣ ёфтан аз ҳар гуна офатҳо мадад меҷустанд.

      Тоҷикони кӯҳистон нисбат ба об эҳтироми хоса дошта, онро поккунандаи ҷисм ва равони инсон мешумурданд. Бояд тазаккур дод, ки анъанаҳои мардумӣ марбут ба об хосатан дар соҳаи кишоварзӣ анҷом дода мешудаанд. Қобили қайд аст, ки дар доираи ин мавзӯъ мардумшиносон ва фольклоршиносони хориҷӣ ва ватанӣ маълумотҳои илмии назаррас матраҳ намудаанд. Яке аз чунин олимон мардумнигор ва мардумшиноси тоҷик И. Муҳиддинов буд, ки маълумотҳои пурарзиши илмиро ба мерос мондааст. Маводи ҷамъовардаи ин олими тоҷик нисбати истифодаи об дар заминҳои санглохи кӯҳистон, анъанаҳо ва боварҳо марбут ба он, бахусус дар байни тоҷикони водии Вахон ва Ишкошим хеле ҷолиб буда, фарҳанги маънавии кишоварзро аз давраҳои пеш инъикос мекунад.

     Тибқи маълумоти И. Муҳиддинов кишоварзон дар арафаи иди Наврӯз дастаҷамъона ба сохтан ва таъмири ҷӯйҳои калон ва ҷӯйборҳои хурд оғоз намуда, дар саргаҳо барои фаровонии об хайру худоӣ, ва қурбониро ба ҷо меовардаанд. Олими мардумшинос ва мардумнигор оиди анъанаи хеле ҷолиби марбут ба нигоҳ доштану вусъат додани масоҳати лозар (шуғн.) – яхи чандинсола дар кӯҳҳо, маълумот додааст. Дар тасаввури мардум оҳан сабаби ба вуҷуд омадани хунукӣ мегардад. Дар ин хусус М.С. Андреев ва А.А. Половтсов низ изҳори ақида намудаанд [11, 26; ср. 14, 324].

     И. Муҳиддинов қайд кардааст: «Ба мо муяссар гардид, ки як анъанаи ҷолибро кашф намоем, ки ҳангоми ба ҷо оварданаш амали сеҳромез, яъне дар болои барф партофтани пораҳои оҳан иҷро мешуд, ки мебоист ба зиёдшавии об дар кӯҳҳо мусоидат намояд, Тибқи боварҳо агар пораҳои оҳанро дар болои барф партоянд, барф ҳар сол об намешавад ва ба тадриҷ ба қабати яхи ғафс табдил меёбад. Чунин зиёдшавии майдони ях дар кӯҳҳо имкон медод, ки ҳангоми гармшавии ҳаво, дар соли оянда, мардум бе монеа обро то мӯҳлати муайян истифода карда тавонад.

      Деҳқонон дар роҳ ва гӯшаву канори саҳро пораҳои оҳанро аз ашёҳои кӯҳнаи оҳанӣ ҷамъоварӣ намуда, дар сабадҳо меандохтанд ва болои кӯҳ баромада, рӯи барф мепартофтанд. Сипас аз болои он саргини асп мепошиданд, то ин ки обшавии босуръати барфро боздоранд. Масалан, дар деҳаи Зонг ба ин мақсад аз кӯҳи тарафи соҳили чапи дарёи Панҷ пораҳои калони яхро дар дохили сабадҳо андохта ё ба хар бор карда, якҷо бо оҳан ва саргини асп ба баландии кӯҳ бароварда, болои барф мепартофтанд. Гӯё  ин амал барои ба вуҷуд овардани миқдори зиёди ях кӯмак мерасондааст.

       Бошандагони деҳаҳои Хандуд ва Ямити Бадахшони Афғонистон амали мазкурро бо мақсади ҳимояи хеш аз тохтутози душман ба ҷо меовардаанд. Тибқи маълумоти мусоҳибони И.Муҳиддинов мардуми он деҳот ба ин васила тавонистаанд, ки дар муддати чандин сол  роҳи ағбаи Кофаристон ва Чатролро бо қабати ғафси ях пӯшонанд, ки гӯё он  ҳатто дар гармии тобистон ҳам об намешудааст.

       Дар ҷараёни таҳқиқи ин масъала И. Муҳиддинов маводҳои зиёдро тибқи мусоҳибаҳо бо одамони кӯҳансоли водии Вахон ва Ишкошим доир ба илми мардумшиносӣ дастрас кардааст, ки имрӯз дарёфт намудани чунин маълумотҳо имконнопазир аст, Маводҳои мавҷуда аз нуқтаи назари мардумшиносӣ арзиши баланди фарҳангӣ доранд, вале мутаассифона аз  таваҷҷӯҳи коршиносони соҳаҳои дигар дар канор мондаанд. Ба андешаи шахсии ман боварҳо, анъанаҳои мардумии сокинони бумӣ ниёз ба омӯзиши дақиқ ва ҳаматарафа доранд. Гарчанде, ки анъанаҳои мардумӣ асоси илмӣ надошта бошанд ҳам, аз мушоҳидаҳои тӯлонӣ ва таҷрибаи чандинасраи тоҷики кӯҳистонӣ шаҳодат медиҳанд. Оин ва анъанаҳои мардумӣ пайванди инсон ва табиат, ба ҳамоӣ ва муттаҳидии онҳоро дар роҳи ба мақсад расидан, инъикос мекунанд.

         Аҷдодони мо бо такя ба дониши амалии андӯхтаашон ҳанӯз садсолаҳо пеш хулоса намудаанд, ки инсон метавонад табиатро наҷот диҳад, қодир аст онро ҳимоя карда, ҳифз намояд.

                                                     Ширингул Азорабекова - ходими илмии шуъбаи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ИИГ ба номи академик Б. Искандарови АМИТ.     

 

акс аз: https://sadoidushanbe.tj/archives/18364