Дар санаи 19.04.23 дар Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ Конфренсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба «Рӯзи илм» дар мавзуи «Икромиддин Муҳиддинов - наврӯзшиноси тоҷик» баргузор гардид. Дар кори конференсия намояндаи МИҲД-и ВМКБ – муовини раиси ВМКБ, доктори иомҳои филологӣ Абдулназарзода А.А. ва ректори Донишгоҳи давлатии Хоруѓ ба номи М.Назаршоев, доктори илмҳои сиёсӣ Комилбек А.Ё. ширкат намуда, ҳозиринро бо иди касбиашон табрик намуданд. Сипас рӯнамои китоби мудири шуъбаи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи академик Б. И. Искандарови АМИТ Шоинбеков А.А. «Маълумотҳои И. Муҳиддинов оид ба Ёгед дар солҳои 1958-1959 пешкаши ҳозир гардид ва аз ҷониби онҳо хеле хуш пазируфта шуд. Аз тарафи иштирокчиёни конференсия ба муаллифи китоб саволҳо ва як қатор таклифҳо ба миён гузошта шуданд. Ба саволҳо ҷавоби мушаххас дода шуда, кумитаи тадорукоти конференсия таклифҳоро барои амалисозӣ пазируфт.
Тамоми маърузаю баромадҳо ва гузоришҳои илмӣ-таҳлилии ба кумитаи тадорукоти конференсия пешниҳодшуда дар шумораи дуюми маҷаллаи илмии Институт «Масъалаҳои илмҳои Бадахшон» ба табъ мерасанд.
Пас аз ҷамъбасти кори конференсия бахшида ба таҷлили Рўзи илм аз ҷониби Раёсати Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарви АМИТ ва директори он д. и. филол. Қаландариён Ҳоким Сафар як қатор ходимони илмии Институт барои фаъолияти пурсамар ва саҳми назаррас гузоштан дар пешбурди корҳои илмии ИИГ бо ифтихорномаҳои ИИГ АМИТ мушарраф гардиданд.