Дар ин асар академик Баҳодур Искандаров таърихи Помир ва навоҳии наздипомирро то нимаи дуюми асри 19 баррасӣ менамояд. Дар асари мазкур маводи ҷолибе, ки аслан ба таърихи ҳаёти ҷамъятӣ ва сиёсии Помир ва минтақаҳои наздики он дахл доранд, мавриди истифода қарор гирифтаанд. Воқеоте, ки дар асар баррасӣ мегарданад дар алоқамандии зич бо таърихи қисматҳои дигари Тоҷикистони тоинқилобӣ ва умуман Осиёи Миёна инъикос ёфтаанд. Чӣ тавре, ки далелҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд, манотиқи кӯҳӣ ва махсусан навоҳии баландикӯҳи Тоҷикистони тоинқилобӣ дар тӯли марҳилаи дуру дароз то асри 19 мустақил будаанд, агарчанде ки ҳамсояҳои пурқудрати онҳо чандин маротиба кӯшиши тасарруфи онҳоро ба харҷ дода буданд.
Нашри дуюуми китоби академик Баҳодур Искандаровро ба ҳаводорони таъриху фарҳанги тоҷик муборакбод мегӯем
Матлабҳои дигар аз Институт
- НАУЧНОЕ СЛУЖЕНИЕ ЯЗЫКУ И КУЛЬТУРЕ: К ЮБИЛЕЮ ДОКТОРА ФИЛОЛОГИЧЕСКИХ НАУК, ПРОФЕССОРА ХУСРАВА ДЖАМШЕДОВИЧА ШАМБЕЗОДА
- Баргузории маҳфили илмӣ-адабии “Хирад” дар Институти илмҳои гуманитарии АМИТ
- АЗ НОАДОЛАТИҲОИ ТАЪРИХӢ БА АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ
- номзади илмҳои филологӣ Некушоева Шаҳло Саиднуриддиновнаро ба муносибати солгарди мубораки зодрӯзашон аз самими қалб таҳният мегӯянд.
- САБАҚИ ТАЪРИХ ДАР ПАРТАВИ ЭҲЁИ ХОТИРАИ МИЛЛӢ