Имрӯз мо мардуми ватандӯсти Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки давлати Қиргизистон давлати моро ҳамчун як кишвари таҷовузгар ва ғосиб ном ниҳодаасту аз минбари пурнуфуз садо баланд намуда истодааст, зарур аст, ки кишвари худро муҳофизат намуда, ба ҷаҳониён исбот намоем, ки халқи тоҷик дар тӯли таърих кишвари таҷовузкор набудаасту намешавад. Миллати тоҷик танҳо замоне силоҳ ба даст гирифтааст, ки агар аҷнабие бар зидди озодиву истиқлоли ӯ ба хокаш по монда бошад. Халқи тоҷик аз шумораи он миллатҳоест, ки марзу буми худро хеле дӯст медорад ва барои ҳастии он ҷоннисорӣ мекунад. Қаҳрамонҳои тоҷик аз қабили Темурмалику Шерак, Деваштичу Восеъ далели гуфтаҳои болост.
Барои мо зодагони миллати тоҷик як зарра хоки Ватан аз ҷон ҳам азизтару муқаддастар аст. Мо вазифадор ҳастем, ки онро ҳимоят кунем то ки пои номубораки баддандеш ба он ҷо нарасад.
Хоки Ватан Аз тахти Сулаймон хуштар ,
Хори Ватан аз лолаву райҳон хуштар.
Шукуфоии Ватан ба масъулиятшиносӣ ва некандешии мо вобаста аст.
Ҳиммат агар химати мардон шавад,
Мур тавонад, ки Сулаймон шавад
Ҳамагон баръало медонанд, ки ҳақиқат тарафи Тоҷикистон аст ва Қирғизистон мувофиқи далелу рақамҳои исботкунанда, қарздор маҳсуб меёбад. Бояд хотирнишон сохт, ки дар тӯли 90 соли охир ин заминҳо ба ҳар роҳу восита ба ихтиёри ин кишвар гузошта шуда, айни замон аз ҷониби Қирғизистон истифода бурда мешавад. Аммо мо хуб медонем, ки Ворух ва заминҳои гирду атрофи он аз аҳди қадим моли Тоҷикистон буданд ва ҳеҷ гоҳ аз они Қирғизистон нахоҳанд шуд.
Мутаасифона доир ба баҳси замин байни ду кишвар беш аз сад мулоқоту гуфтугуҳо сурат гирифаанд, вале қирғизҳо ҳамоно густохӣ намуда, вазъиятро дар сарҳад ва гирду атрофи он боз ҳам мураккабу печидатар менамоянд. Мардуми Қирғизистон ҳанӯз ҳам дарк намекунанд,ки зиддияту истодагариҳои онҳо ягон далелу асосе надорад.
Тоҷикистон кишвари сулҳпарвар аст ва инро бо таърихи чандинҳазорсолаи худ исбот намудааст ва тамоми имкониятҳои худро истифода мебарад, ки ин қазияро бо роҳи осоишта ҳал намояд!
Алибекова Таманно магистранти соли
аввали шуъбаи таърих, мардумшиносӣ
ва бостоншиносии ИГН АМИТ
Последнее изменение Сешанбе, 13 Декабр 2022