wrapper

Масъалае, ки мавриди баҳси мақолаи коршиноси  масъалаҳои сиёсӣ Абдуллоҳи Раҳнамо дар мавзуи “Мавқеи Тоҷикистон, ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?” қарор гирифтааст, аз масъалаҳои ҳассос ва актуалӣ аст. Ҳассосияташ дар он реша дорад, ки масъала ба худшиносии миллӣ ва мансубияти таърихии сарзаминҳои аҷдодӣ дахл дорад ва актуалият, ё худ зарурати воқеии он ба он пайваст, ки ин масъала бояд ба таври қатъӣ, дақиқ ва бебозгашт ҳал гардад. Кашол ёфтани он аз ин ба баъд маънои ҷабр бар мардум, мардуми ҳам ин тараф ва ҳам он тарафро дорад. Бар замми ҳамаи ин, таассуфи кор дар он аст, ки масъалаи мазкур имрӯз на аз рӯи ҳақиқати таърих ва такя бар ақл, балки аксари вақт аз лиҳози эҳсосу худхоҳии якҷониба ба майдони баҳсу муноқиша кашида мешавад. Бинобар ин, зарурати ба таври амиқ ҳал намудан ва хотимаи ҳамешагӣ бахшидан ба ин баҳси марзӣ ба миён омадааст ва он бояд анҷом гардад. Барои он, ки чунин қарорро ҷонибҳо ба тавсиб расонанд, асноду арқоми таърихӣ ва андешаҳои бо такя бар ҳақиқати таърих иброздоштаи сиёсатшиноси тоҷик Абдуллоҳи Раҳнамо бояд заминаи кулли ҳуҷҷатҳои таҳияшаванда дар ин росто бошанд.

Чаро?

Пеш аз ҳама, дар мақола асосан такя бар санадҳои таърихӣ ва дастрас шудааст, на бар эҳсосу ҳаяҷони фардӣ.

Дуюм, ҷиҳати хронологии асноди таърихӣ риоя гардида, моҳият, мафҳум ва қувваи ҳуқуқии ҳар як ҳуҷҷати таърихӣ ба таври одилона ва дар доираи талаботи қонунгузории давру замон, инчунин муҳлати  эътибори худ таҳлилу баррасӣ гардидааст.

 

Сеюм, санадҳои таърихӣ ва андешаҳои дар заминаи ин аснод иброзгардида яктарафа набуда, балки дар муқоиса ба ҳуҷҷатҳои ҳуқуқие, ки кишвари ҳамсоя бар онҳо истинод меварзад, ҳаллу фасл шудаанд ва моҳияту қудрати ҳуқуқии онҳо муайян гардидааст. Чунин тарзи таҳқиқу таҳлили масъала имконияти дарки мафҳум ва моҳияти ҳар як санади таърихӣ барои ҳатто шаҳрвандони қаториро фароҳам овардааст. Дуруст аст, ки мутахассисони сиёсат, қонун ва таърих ва ҳамчунон, ҳайати фармондеҳи сохторҳои қувватӣ дар доираи талаботи вазифа, масъулият ва фаъолияти хеш аз асли масъала хуб огоҳ астанд, вале барои шаҳрвандони қаторӣ, ки танҳо осудагиву оромиро дар сарзаминҳои аҷдодиашон хоҳонанд, чунин тарзи шарҳи масъала зарурати маҳз дорад.

 

Чаҳорум, баҳои сиёсатшинос ба масъала мунсифона, одилона в олимона аст. Ӯ фарзанди Тоҷик ва шаҳрванди Тоҷикистон аст, вале  бовуҷуд, дар 34 саҳифаи мақола дар ҷое бо калима ё ибораи кишвар ва мардуми ҳамсоя ба чашми таҳқир нанигаристааст. Он, ки муаллиф ғосиб будан ё набудани кадоме аз ҳамсояҳоро ба қалам овардааст, ба ҳадафи асоси мақола мадхал буда, аслан ҷавоб ба бародароне, ки Тоҷикистонро бо ҳамин “сифат” “васф” карданд, мебошад.

 

Хулосаи мақола ва ҳадафи муаллиф расондани ҳақиқати таърих ба мардуми ҳар ду кишвар аст, зеро ҳақиқат дар он аст, ки Тоҷикистон талаби расондани ҳақ ба ҳақдорро дораду халос. Барои мо зарур нест, ҳамсояе пораи заминашро ҳадяи мо кунад ва ё мо онро ғазб кунем; барои мо муҳим аст, то сарзаминҳои ҳуқуқии худро, ки дар доираи воқеъияти мавҷуда моли Тоҷикистон ҳастанд (бо вуҷуди як вақтҳо соҳиби кулли сарзаминҳо будани тоҷикон), андар ихтиёр дошта бошем. Умед аст ба нофаҳмиҳо дар масъалаи марз миёни ду ҳамсоя ҳар чи тезтар хотима дода шуда, сокинони ҳар деҳа, ҷамоат ва аули назди сарҳад бидуни тарсу бим ҳаёташонро ба роҳ монанд.

В.Д. Охонниёзов, сарходими илмии Институти илмњои гуманитарии АМИТ,  доктори илми филология       

Последнее изменение Сешанбе, 13 Декабр 2022