wrapper

Мақолаи сиёсатшинос ва донишманд Абдуллои Раҳнамо, ки дар он масъалаи хеле мубрам ва печидаи марзӣ миёни ду ҳамсоякишвар бо факту далелҳои мустанад таҳия гардидааст, таваҷҷӯҳи аҳли зиёро ба худ ҷалб намуда, мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор гирифтааст. Низои марзие, ки солиёни дароз идома дошт, солҳои охир бо фоҷиаи хунин анҷом ёфта, масъалаи ҳаллу фасли низоро мураккаб ва муташанниҷ гардонд, ки дар ҳодисаҳои соли 2022 бараъло ба назар мерасад. Дар натиҷаи амалиётҳои мусаллаҳона, ки аз тарафи Қирғизистон ивғогарона сар заданд, ба аҳолии деҳаҳои наздисарҳадӣ зарари зиёди моддӣ ва маънавӣ расонда шуда, одамони бегуноҳ аз ҷумла кӯдакон талаф ёфтанд. Чунин амали ноодилонаи роҳбарияти кишвари ҳамсоя моро водор месозад, ки Қирғизистон ҳуҷҷатҳои ба расмият шинохташуда ва муайянкунандаи марзро сарфи назар карда, ба ин масъалаи печ дар печ ва дар айни замон хеле ҷиддӣ, қувваи сеюмро истифода бурда истодааст, ки вазъиятро боз ҳам вазнинтар мегардонанд.

Чуноне, ки муаллиф қайд намудаанд: «Буҳрон на танҳо дар ҳоли ҳалшавӣ, балки дар ҳоли амиқшавию васеъшавӣ қарор дорад. Хусусан, ба ин баҳс пайвастани Русия ва созмони СПАД ва даъвати роҳбарияти Қирғизистон аз СММ, САҲА ва ташкилотҳои дигари байналмилалӣ барои «миёнравӣ» дар ҳалли ин бурҳон, ИМКОНИ АЗ ЯК МАСЪАЛАИ МАҲАЛЛИЮ БАЙНИДАВЛАТӢ БА ЯК БАҲСИ КАЛОНИ МИНТАҚАВӢ ВА БАЙНАЛМИЛАЛӢ ТАБДИЛ ЁФТАНИ ОНРО БОЗ ҲАМ БЕШТАР НАМУДААСТ». Пас аз ин ҷо хулоса баровардан лозим, ки бо дахолати «миёнравон» ин баҳс доманадор хоҳад буд. Роҳбарияти Қирғизистонро лозим аст андеша кунад ва бо роҳи қонунӣ низои марзиро бо кишвари ҳамсоя ҳаллу фасл намояд.

Дар хотир бояд дошт, ки «миёнравӣ»-и давлатҳои абарқудрат на ба хотири хомӯш кардани шарораи оташ, балки аланга додани он мебошад. Аз ин лиҳоз роҳбарияти Қирғизистон бояд на аз такья ба «миёнравон», балки ҳуҷҷатҳои расмии муайянкунандаи сарҳади давлатиро асос қарор дода, ихтилофҳои сарҳадиро дар рӯҳияи дӯстиву ҳамсоягӣ ҳал кунад.

Мутмаинем, ки қувваҳои дасисаҷӯ ва фитнаангези ҷӯёи нооромии ду кишвари ҳамсояву ҳамҷавор мағлубшавандаанд, чуноне, ки шоир фармудаанд:

Миёни ду тан об чун оташ аст,

Суханчини бадбахт ҳезумкаш аст.

Миёни ду тан оташ афрӯхтан,

На ақл асту худ дар миён сӯхтан.

Азорабекова Ш. – ходими илмии шуъбаи таърих, бостоншиносӣ ва  мардумшиносии ИИГ АМИТ

Последнее изменение Сешанбе, 13 Декабр 2022