wrapper

 

Мақолаи мазкури коршиности тоҷик кӯшиши ҳаматарафаи илмӣ ва мантиқиест, то ки чашми ҳамсояҳои мо - қирғизҳоро ба як масъалаи мушкили марзӣ боз кунад. Асоси ин мақоларо А. Раҳнамо санадҳои таърихӣ  қарор додааст, ки боиси офаринбод аст, чаро аксар вақт дар инъикоси масоили ҳассоси ҷомеа муаллифон одатан туъмаи эҳсосоти хеш мешаванд. Мақолаи мазкур аз чанд ҷиҳат барои ҷомеаи мо арзишманд мебошад. Аввалан, чӣ хеле ки худашон муаллифи мақола менависанд “арзёбии пайвастаи фазои иттилоотӣ ва тамоси ҳамешагӣ бо қишрҳои гуногуни ҷомеа нишон медиҳад, ки гарчӣ аксари мардум дорои эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва омодаи ҳимоят аз марзи кишвар ҳастанд, аммо дар бораи худи моҳияти низоъ, сабаби пеш омадани чунин ҳолат дар ин қисмати марзҳои байнидавлатӣ ва моҳияти мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин масъала маълумоти чандон дақиқе дар ихтиёр надоранд”. Яъне мақола пеш аз ҳама шаҳрвандони Тоҷикистонро аз моҳияти ин ҷанҷоли ҳамсояи марзии мо огоҳ месозад. Сониян, чун дар ин моҷарои марзӣ ду кишвар ширкат доранд ва ҳар ду кишвар ҳақиқати худро доранд, муаллиф хонандагонро бо Ҳақиқати Тоҷикистон хеле олимона бо далелҳои ҷиддӣ ошно кардааст. Солисан, А. Раҳнамо дар ин мақолааш ҳуҷҷатҳои такягоҳии Тоҷикистонро дар ин баҳси марзӣ ҳаллу фасл кардааст. Ба гуфти худи муаллиф “Ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1927 ва 1932» ягона бастаи ҳуҷҷатҳое мебошанд, ки дар онҳо сарҳадҳои давлатии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар давраи таъсиси ин давлатҳо ба таври дақиқ ва расмӣ муайян ва тасдиқ карда шудааст”. Муаллиф дуруст қайд мекунад, ки “ҳуҷҷатҳои мазкур, гарчӣ аз назари сарнавишт ва ҳаққи таърихии тоҷикон дар минтақа ҳаргиз одилона нестанд, феълан ягона ҳуҷҷати такягоҳӣ барои мавзӯият, чорчӯб ва мазмун пайдо кардани музокироти марзӣ байни ин ду кишвари мушаххас мебошанд”.

Фикр мекунам, тоҷикон шояд ягона миллати минтақаи Осиёи Марказӣ ҳастанд, ки дар тӯли таърихашон аз нигоҳи марзу буми зист зиёд ноодилӣ дидаанд ва ба гуфти Устод Бозор Собир “ҳар чи Ӯ аз моли дунё дошт, дод”. Аммо, имрӯз мо дигар ҳаққи маънавӣ надорем, ки ҳудуди 211 000 гектар замини қаламрави қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз даст диҳем.

Раҳбарияти воломақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўзҳо ҳам ба Ҷумҳурии ҳамсоя роҳи баромадан аз ин мушкилоти марзиро тавассути гуфтушунид пешниҳод мекунад. Кишвари ҳамсоя бояд ин фурсатро аз даст надиҳад. Мизи мудаввари гуфтушунид на ҳамеша боз мемонад!

Чанд хулосаи банда баъди хондани мақолаи сиёсатшинос Абдуллои Раҳнамо. Якум, Ҷумҳурии Тоҷикистон барои даъвои марзӣ ҳуҷҷатҳои такягоҳиро пешниҳод мекунад. Дувум, Тоҷикистон дар ин низои марзӣ кишвари таҷовузгар нест. Сеюм, пайдошавии «миёнаравон»-и шарқию ғарбӣ боиси васеътару тӯлонитар шудани ин буҳрон хоҳад шуд. Чорум, роҳи ҳалли ин низои марзӣ бояд гуфтушунид байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон бошад. Панҷум, хушунат метавонад васеътар аз минтақаи марзии ҷанҷолӣ шавад, ки ба суди миллати тоҷику қирғиз нест.

 

Қаландаров Т.С., корманди илмии Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандаров, номзади илмҳои таърих