Воқеияти таърихӣ ва таҳлили раванди баҳсҳои марзӣ нишон медиҳад, ки Тоҷикистон дар мавқеи худ устувор буда, ҳеҷ гоҳ хилофи он амал накардааст. Яъне, мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи ҳалли мушкилоти марзӣ пурра равшан аст. Дар амалия низ мушоҳида намудан мумкин аст, ки ҷониби Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ дар марзи ду кишвар барои сокинони ҷонибҳо монеа ва ё мушкилот эҷод накардааст. Мутаассифона, таҷриба нишон медиҳад, ки ҷониби Қирғизистон дар аксар ҳолатҳо дар марз монеаҳоеро эҷод менамоянд, ки омили сар задани нофаҳмӣ ва муноқишаҳо миёни аҳолии маҳал мегарданд.
Пӯшида нест, ки сарфи назар аз зуд-зуд авҷ гирифтани мушкилоти марзӣ, омори расмӣ нишон медиҳад, ки тиҷорати босуръат ва ҳамкориҳои наздики иқтисодӣ байни кишварҳо суръат мегирад. Бинобар ин, вақти он расидааст, ки барои ҳалли низои сарҳадӣ равишҳои нав таҳия карда шавад: имрӯз ба ҳеҷ ваҷҳ набояд роҳ дод, вазъ дар сарҳад дубора шиддат гирад. Зеро ҷангу хунрезӣ ҳеҷ гоҳ хушбахтӣ наовардааст ва нахоҳад овард. Баръакс, он сабабгори бадбахтии зиёд дар ҳаёти одамони сулҳсубот мегардад. Мардуми тоҷику қирғиз аз азал ба дӯстию рафоқат, фарҳанги ҳамсоядорӣ арҷ гузошта, солҳои зиёд паҳлу ба паҳлуи ҳам кору зиндагӣ менамоянд. Бо ҳам муносибати зичи хешутаборӣ пайдо намудаанд. Танҳо дар сурати ризояту ҳамдигарфаҳмӣ метавон бо истифода аз сарвату неъматҳои табиӣ бидуни ҳеҷ мушкил зиндагӣ ва Ватанро обод кард
Бо назардошти андешаҳои болозикр, муаллифи мақолаи “Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?” коршиноси масоили сиёсӣ, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ – Абдуллоҳи Раҳнамо қайд менамояд, ки: нуқтаи муҳимме, ки оғоз ва собиқаи баҳси марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистонро нишон медиҳад, ин аст, ки баробари тасдиқи марзҳои ҷумҳуриҳо дар соли 1925, ҷониби Қирғизистон (ҳанӯз дар ҳайати Русия) нисбат ба марзҳои муайяншуда дар минатқаҳои Сулюкта ва Исфара эътироз намуда буд. Маҳз дар натиҷаи баррасии ин масъала, бо қарори мақоми олии қонунгузории ИҶШС Сулюкта ба ҳайати ҶШС Федеративии Русия (Қирғизистон) гузаронида шуда, Исфара ба ҳайати ҶШС Ӯзбекистон, ки Тоҷикистон дар ҳайати он буд, монда шуд. Яъне, дар ин баҳс низ Исфара (бо фарогирии заминҳояш то Ворух) ҷузъи Тоҷикистон боқӣ монд.
Аз ин рӯ, муаллиф қайд менамояд, ки: «…таҷрибаи низоъҳои марзию қавмӣ дар фазои пасошӯравӣ нишон додааст, ки дар аксари мавридҳо пайдошавии «миёнаравон»-и шарқию ғарбӣ боиси васеътару тӯлонитар шудани чунин буҳронҳо гаштааст». Инчунин, коршинос Абдуллоҳи Раҳнамо дар ҷои дигар таъкид менамояд, ки то имрӯз дар ин масъала байни ду кишвар беш аз 100 мулоқоту гуфтугӯи сатҳҳои гуногун сурат гирифта, аз наздики 990 км хатти сарҳадӣ дар бораи беш аз 602 километр ё ҳудуди 61% аз он тасвири лоиҳавӣ таҳия ва аз ду тараф мувофиқа гаштааст. Аммо тибқи изҳори Вазири корҳои хориҷии ҶТ аз 23.09.2022, ҷониби Қирғизистон аз имзо ва расмият бахшидани мувофиқаи ҳосилшуда дар бораи ин бахш аз сарҳадҳои давлатӣ (61%) низ худдорӣ менамояд.
Омода будани созишнома дар бораи ин бахши марзҳо, гузаштани расмиёти дохилидавлатии он дар Тоҷикистон, омодагии Тоҷикистон барои имзои он ва «бо сабабҳои ба ҷониби Тоҷикистон вобастанабуда» то имрӯз ба имзо нарасидани ин ҳуҷҷат дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот бо сокинони ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара аз 09.04.2021 низ садо дода буд. Аммо дар 39%-и боқимондаи хатти сарҳадӣ феълан вазъияти печидаву муайянношуда идома дорад. Дар ин қитъаҳо бо сабабҳои баҳсӣ боқӣ мондани масъалаҳое чун истифодаи оби нӯшиданиву полезӣ, замини истиқоматию кишоварзию чарогоҳ, роҳу пулу гузаргоҳ, хатти барқу захираҳои табиӣ ва ҳатто қабристон ҳар гоҳ байни сокинон ихтилофу низоъҳо сар зада, солҳои охир моҳияти хунин мегиранд. Дар чунин вазъият, риоя нашудани қарордодҳои ҷузъии дуҷониба дар бораи мақом ва истифодаи қитъа ва иншооти мушаххаси наздисарҳадӣ, ки дар солҳои охир ба имзо расидаанд, вазъиятро боз ҳам печидаву ноустувортар мегардонад. (Намунаи ахири он соли 2021 аз созишномаи соли 2006 дар бораи иҷораи замин баромадани Қирғизистон аст, ки эътимоди байнисарҳадиро амалан аз байн мебарад.)
Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар минтақа буда, барои таъмини зиндагии осоишта ва рушди иқтисодии кишварҳо мебошад. Дар баробари ин, Тоҷикистон ҳамеша омодаи ҳифзи марзу буми худ буда, кӯшиш менамояд, ки худро аз ҳама хатарҳои муосир ҳифз намояд.
Искандарщоева З. – ходими илмӣ,
докторанти PhD-и ИИГ АМИТ
Последнее изменение Сешанбе, 13 Декабр 2022