Азорабекова Ширингул –
ходими илмии ИИГ ба номи
Б. Искандаров
РУШДИ БОСУРЪАТИ САНОАТ – КАФИЛИ ТАЪМИНИ ҶОЙҲОИ НАВИ КОРӢ
Яке аз нуқтаҳои асосии сиёсати дохилии Тоҷикистонро дар давоми панҷ соли охир, ин гузаштани хоҷагии халқи мамлакат ба самти саноатикунонии истеҳсолот ташкил медиҳад. Бо дарназардошти аҳаммияти бузурги соҳаи саноат барои пешрафти мамлакат, Ҳукумати Тоҷикистон солҳои 2022–2026-ро «Солҳои рушди саноат» эълон намуд ва ин натиҷаи хубро ба бор овард. Дар даврони истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон беш аз 3 ҳазор корхонаи саноатӣ бо 54 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шуд, аммо бо назардошти суръати афзоиши аҳолӣ ин нишондиҳанда ҳанӯз ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ буда наметавонад, гарчанде, ки нисбат ба замони Шӯравӣ хеле зиёд аст.
Дар давоми солҳои Шӯравӣ дар ҷумҳурӣ 358 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият дошт. Дар муқоиса бояд қайд намуд, ки танҳо дар давоми солҳои 2022–2023 дар кишвар беш аз 1200 коргоҳу корхонаи нави истеҳсолӣ бо 11 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуданд.
Дар Паёми Пешвои миллат аз 28-уми декабри соли 2024 қайд гардид, ки дар доираи ҳадафи стратегӣ оид ба саноатикунонии босуръати кишвар дар панҷ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти саноатӣ аз 27 миллиард ба 53 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки қариб ду баробар зиёд мебошад. Дар ин давра дар кишвар беш аз 2040 корхонаи саноатӣ ва 74 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуд.
Ин натиҷа ҳанӯз аз супориши Пешвои миллат кам мебошад, зеро мебоист 100 ҳазор ҷойҳои нави корӣ барои аҳолии мамлакат дар самти саноат таъсис дода шавад. Бо мақсади расидан ба ин ҳадафи стратегӣ, мебоист рушди комплексии саноат таъмин гардад, ки он инкишофи баробари соҳаи энергетика ва роҳсозиро ҳамчун инфрасохтори асосии соҳаи саноат дар назар дорад. Танҳо дар сурати рушди роҳсозӣ ва истеҳсоли кофии энергетика, Тоҷикистон метавонад саноати калони истеҳсолиро ба роҳ монад.
Бо ҳамин мақсад дар Паёми Пешвои миллат вазифаи таҷдиду азнавсозии роҳҳои мошингард ва сари вақт ва бо риояи меъёрҳои муосир амалӣ намудани бунёду азнавсозии роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалиро зарур шуморид. Барои нигоҳдорӣ ва истифодаи дурусти роҳҳо, ташаккули долонҳои нақлиёти транзитӣ ва инфрасохтори онҳо ба вазоратҳои дахлдор супориш дода шуд, ки дар ин самт тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.
Дар умум, барои Тоҷикистон рушди босуръати саноат яке аз роҳҳои ҳалли масъалаи рафъи камбизоатӣ ва кам кардани муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад. Пешвои миллат дар Паёми имсола қайд карда буданд, ки дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди кишвар беш аз 4,1 миллион ҷойи корӣ таъсису барқарор карда шудааст.
Аммо бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ, ба Ҳукумати кишвар, роҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода шуд, ки дар панҷ соли оянда дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ беш аз 1 миллиону 400 ҳазор ҷойи кории навро барои ҷавонон таъмин намоянд.
Бо дарназардошти ин қисмати далелҳо хулоса кардан мумкин аст, ки Паёми Пешвои миллат барномаи рушди саноатро ҳамчун самти афзалиятноки таъмини даромади буҷети давлат, аҳолӣ ва ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон баррасӣ карда, иҷрои онро вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мешуморад.