Зоолишоева Ш.Ф. – номзади илмҳои
филологӣ, ходими калони илмии шуъбаи
забонхои помирии Институти илмҳои
гуманитарии ба номи академик Б.
Искандаров АМИТ
СОЛИМИИ МИЛЛАТ ВА СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ - АЗ МАДДИ НАЗАРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
(Бардошт аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ)
28 декабри соли гузашта, дар бинои нави мақоми олии қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олӣ, паёми навбатии Роҳбари давлат дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар баргузор гардид.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханрониашро оиди Сарқонуни мамлакат сар карда, иброз доштанд, ки “Соли 2024 мардуми шарафманди Тоҷикистон 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро бо ифтихору шукргузорӣ аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ таҷлил намудаанд”.
Конститутсия ҳамчун санади тақдирсози давлати тоҷикон заминаи ҳуқуқии давлатдории мустақил, соҳибихтиёрии миллӣ ва рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи кишвар, аз ҷумла, соҳаи тандурустиро фароҳам овардааст.
Сарқонуни давлати Чумҳурии Тоҷикистон ҳимояи ҳуқуқи ҳар як шаҳрванди мамлакатамонро дар ҳифзи саломатӣ ва истифода аз ёрии тиббии ройгон дар муассисаҳои нигаҳдории тандурустии давлатӣ таъмин менамояд.
Бояд ишора намуд, ки Пешвои миллат доимо дар ҳар як суханрониаш дар баробари дигар самтҳои афзалиятноки кишвар, ба яке аз масъалаҳои ниҳоят дараҷа муҳим ва афзалиятнок, яъне беҳдошти саломатӣ ва солимии миллат ва дастрасӣ ба хизматрасониҳои ҳаматарафаи тиббӣ, ишора менамоянд: “Ҳукумати мамлакат барои таъмин намудани фаъолияти босамари муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ тадбирҳои заруриро амалӣ гардонида истодааст”. Масалан, дар доираи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ, дар се соли охир дар мамлакат 660 иншооти соҳаи тандурустӣ, 480 иншооти варзишӣ, 175 иншооти фарҳангиву фароғатӣ ва ҳазорҳо иншооти дигари истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд.
“Дар соли 2025-ум барои соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ 4,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2024-ум 840 миллион сомонӣ зиёд мебошад”.
Сарвари Давлат қайд карданд, ки дар давоми чанд соли охир Ҳукумати Тоҷикистон бинои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки кормандони он дар шароити бисёр номусоид фаъолият мекарданд, инчунин, биноҳои ду муассисаи бузурги таҳсилоти олии тиббӣ – Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи давлатии тиббӣ дар вилояти Хатлонро бо беҳтарин шароит бунёд карда, ба истифода дод.
Роҳбари давлат ба тайёр кардани кадрҳои баландихтисос дар ҳар соҳа ҳамеша диққати ҷиддӣ медиҳанд ва дар китобашон “Чеҳраҳои мондагор” дар бораи фарзанди бузурги халқи тоҷик Абӯалӣ ибни Сино қайд кардаанд, ки: «Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино яке аз бузургтарин файласуфон, олимон, табибон ва адибони тоҷику форс буда, дар рушду камоли тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми барҷаста дорад. Воқеан, нақши барҷастае, ки Ибни Сино дар таърихи фарҳанги миллат ва башарият гузоштааст, номи ӯро барои аҳли ҷаҳон азиз ва ҷовидонӣ гардонидааст. Ба шарофати осори абадзиндаи хеш Ибни Сино имрӯз низ ҳамзамон ва ҳамқадами ҷомеаи башарӣ мебошад».
Ин суханҳои Пешвои миллат дар бораи кору фаъолияти Ибни Сино чун сармашқ барои хатмкунандагони Донишгоҳҳои тиббии мамлакатамон хизмат мекунанд. Зеро ҳар як хатмкунанда, ҳангоми соҳиби дипломи табибӣ шудан савганд ёд мекунад, ки вориси арзандаи табиби машҳур Абӯалӣ Ибни Сино бошад, то ки дониш ва малакаи тиббии худро баҳри табобати бемориҳо ва ҳифзи саломатии инсон бахшад.
Воқеан бояд кайд кард, ки Абуалӣ ибни-Сино, дар асари безаволи худ “Ал-қонун фи тиб” масъалаҳои тибро бо асосу далелҳои мушаххас инъикос намуда, дар бораи саломатӣ чунин навиштаанд: “...саломатӣ на танҳо вобаста ба ҷисм, балки ба ҳолати руҳӣ ва эҳсосот низ вобастагӣ дорад”.
Роҳбари кишвар барои тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои гуногун, роҳ надодан ба фавти модар ва кӯдак, бо нуқсонҳои вазнини ҷисмонӣ (маъюбӣ) таваллуд нашудани насли ояндасози миллати куҳанбунёди тоҷик, пешгирӣ аз воридоти дорувории қалбакӣ ва истифодаи он бо кормандони соҳаи тиб пайваста суҳбату вохӯриҳо мегузаронанд.
Ҳама вақт дар суханрониашон Пешвои миллат аз аҳаммияти хӯроки солим, яъне тайёр ва омода намудани хӯрок аз меваю сабзавоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи ватанӣ, варзиш ва фаъолияти ҷисмонӣ, ки на танҳо ба саломатии ҷисмонӣ балки ба ҳолати равонӣ кӯмак мерасонад, таъкид мекунанд. Бо суханони пандомезаш дар бораи муносибати хуб, рафтор ва гуфтори нек бо волидайн, оила, зану фарзанд, хешу табор, дӯстон, умуман бо ҳамаи инсонҳо, новобаста аз миллат, нажод, дин, мазҳаб, ки ҳолати рӯҳӣ ва равонии шахс аз ин беҳтару хубтар мегардад, насиҳат мекунанд.
Муҳимтарин нуқтаро, ки Пешвои миллат доимо таъкид мекунанд, ин масъалаи барҳам ва роҳ надодан ба никоҳи хешутабории наздик аст: “Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир дар заминаи никоҳҳои хешутабории наздик таваллуди фарзандони маъюб зиёд гаштааст. Воқеан, илми тиб зараровар будани никоҳҳои хешутабории наздик, аз ҷумла сабабҳои таваллуди фарзандони дорои нуқсҳои ақливу ҷисмониро аз чунин никоҳҳо исбот намудааст. Мо бояд аз ин ишораву фармудаҳо хулоса бароварда, эҳтиёткор бошем, таъкидҳо ва гуфтаҳои гузаштагонро фаромӯш накунем, аз илми муосири тиб ва дастовардҳои он огоҳона истифода намоем, то ки генофонди миллати азизамон ҳифз гардад ва наслҳои солим оилаҳои моро боз ҳам хушбахттар намоянд”.
Дар баробари ҳамаи ин ғамхориҳо, ба ҳар як шаҳрванди ватанамон маълум аст, ки бо соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон, Ҳукумати мамлакат барои бо тарҳи замонавӣ сохтани биноҳои тиббии таҳсилоти олӣ, колеҷҳо ва бунгоҳҳои тиббӣ, ё ин ки таҷдиду азнавсозии муассисаҳои тиббӣ, ки дар даврони Шӯравӣ сохта шуда буданд, ҷидду ҷаҳди зиёд намуда, онҳоро бо беҳтарин усул таъмир карда, ба истифода дод: “Умуман, дар 33 соли соҳибистиқлолӣ, ғайр аз таъмиру таҷдиди муассисаҳои мавҷудаи соҳаи тандурустӣ, бо истифода аз ҳамаи имкониятҳо 3076 муассисаи нави тиббӣ бунёд карда шуд”.
Дар баробари корҳои амалигардида Пешвои миллат ба роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо як қатор супоришҳои мушаххас доданд, аз қабили:
- дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоягузорон ҷиҳати то ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ пурра бартараф намудани мушкилоту масъалаҳои муассисаҳои тандурустӣ тадбирҳои мушаххас андешанд;
- тайёр намудани мутахассисон ва бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани муассисаҳои тиббӣ;
- паст будани сифати доруворӣ ва истифодаи самараноки таҷҳизоти ҳозиразамони тиббӣ;
- барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, таъмин намудани рушди бомароми соҳа ва тарбияи кадрҳои баландихтисос тадбирҳои зарурӣ андешида, хизматрасонии босифати тиббӣ ва фаъолияти босамари муассисаҳои тиббиро таъмин намоянд.
Бо боварии комил метавон гуфт, ки бо бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта соҳаи тандурустӣ метавонад, барои беҳдошти саломатии аҳолии мамлакатамон саҳми боз ҳам бештари худро гузорад.