wrapper

Назаршоева Чилла - номзади илмҳои
филология, мудири шуъбаи забонҳои
помирии Институти илмҳои гуманитарии ба
номи академик Б. Искандарови АМИТ
 
ТАҲСИЛОТИ ДАВОМДОР - ТАМОЮЛИ АСОСИИ ЗАМОНИ МУОСИР (дар ҳошияи Паёми Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28.12.2024)
 
     Замони муосир бо тамоми тағйироту дигаргуниҳои ҳаррӯза инсониятро водор мекунад, ки тамоми нерӯву вақти худро ба омӯзиш – омӯзиши босифат равона намояд. Имрӯз  маориф дар қиёс бо мушкилотҳои геополитикӣ яке аз масъалаҳои мубрам дар ҷаҳони муосир ба ҳисоб меравад. Чунки ояндаи ҳар як давлату кишвар ба рушди ин соҳа вобастагии аввалиндараҷа дорад. Аз ин рӯ масъалаи мазкур дар ҳар як Паёми Пешвои Миллат меҳварӣ буда, онро нишон медиҳад, ки ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон афзалиятнок будани соҳаи илму маорифро дар таҳким бахшидани давлатдорӣ, беҳбуд бахшидани сифати зиндагии шаҳрвандон, сулҳу субот омили муҳим шумурда, ба он таваҷҷуҳ зоҳир менамояд. Пешвои Миллат дар Паём марбут ба ин масъала изҳор намуданд: «... то вақте ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣ хоҳад монд».
       Хушбахтона, бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу субот, муаррифии сазовори Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ аз тарафи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми роҳҳо ва имкониятҳои таҳсил дар кишварҳои дилхоҳи ҷаҳон барои насли ҷавон кушода аст ва тавре дар Паёми имсола Пешвои миллат қайд карданд: «... дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 117 ҳазор ҷавонони боистеъдоди мамлакат барои таҳсил ба донишгоҳҳои бонуфузи 42 кишвари пешрафтаи ҷаҳон фиристода шудаанд», дар дохили кишвар бошад «… 65 литсейи касбҳои техникӣ, яъне муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо 23 500 хонанда ва курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ дар назди онҳо бо 12 000 хонанда, инчунин, 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ – коллеҷҳо бо 106 000 донишҷӯ фаъолият доранд».
       Имрӯз ҳукумати кишвар тамоми имкониятҳо ва нерӯву иқтидорашро ба он равона сохтааст, ки соҳаи илму маориф дар сатҳи баланд қарор ёбад: «… рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад» ва яке аз самтҳое, ки дар панҷсолаи минбаъда ба он диққати аввалиндараҷа дода мешавад, ин «Рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ» ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ мебошад, ки дар оянда аз вазифаҳои муҳим ба шумор меравад.
       Бояд гуфт, ки омӯзиш, ки аз зинаи таҳсилоти томактабӣ оғоз мегардад, танҳо воситаи ба даст овардани дониш набуда, он як навъ сармоягузорӣ ба оянда аст. Дар ҷаҳони муосир низ бузургтарин сармояи инсонӣ ин донишҳои дақиқи илмӣ мебошанд, ки барои пешрафти захираҳои инсонӣ нақши асосӣ ва ҳалкунанда доранд. Маҳз дониш ҷаҳони беохири имкониятҳоро барои ҳар як фард мекушояд, ҳудуди фаҳмишро васеъ мекунад ва калиди рушди шахсӣ ва касбӣ ба шумор меравад. Ҷаҳони имрӯзро бе пешрафти илму маориф наметавон тасаввур намуд. Зеро тамоми кишварҳое, ки имрӯз ҷаҳон зери нуфузу қудрати онҳо қарор дорад, бешубҳа, пайвандӣ ба пешрафти илму маориф ва техникаву технологияро доранд. Пешвои миллат дар Паёми имсола маҳз ҳамин нуқтаро қайд намуд, ки «ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактаб ва илму дониш таъмин мекунад».
        Дар замони муосир ғояи таҳсилоти давомнок яке аз тамоюлҳои ҷаҳони муосир ба ҳисоб рафта, барои инсон имконият медиҳад, дониши сатҳи муносиб дошта бошад, бо пешрафти техникаву технологияи ҳозиразамон ҳамқадаму ҳамроҳ бошад. ҳамчунин тавассути омӯзиши давомноки расмӣ ё ғайрирасмӣ имконияти кору фаъолият барои тамоми табақаҳои аҳолӣ пешбинӣ карда мешавад ва барои хубтару беҳтар кардани шароити зиндагӣ як воситаи хеле дастрас ба шумор меравад. Илова бар ин омӯзиши давомдор дар ташаккули шахсияти бомаърифат ва муваффақ барои худтакмилдиҳӣ, кушодани потенсиалҳои худ ва баланд бардоштани рақобатпазирӣ муайян мегардад. Дар ин ҷаҳони зудтағйирёбанда, агар пайваста дар омӯзишу ҷустуҷӯ набошем, сатҳи омодагиамон ба талаботҳои ҷаҳони муосир ҷавобгӯ нахоҳанд буд. Зеро, ҳар яки мо хуб дарк мекунем, ки таҷрибаи ҳаётӣ ва касбиамон чӣ қадар зиёд бошад ҳам, малакаҳои кор бо компютер ва дигар технологияи ҳозиразамонро иваз карда наметавонад. Коршинос Джули Винкл Джилиони дар бораи аҳаммияти таҳсилоти давомдор чунин менависад: «Одамоне, ки дар соҳаи худ шуҳрат ва саҳми назаррас ба даст овардаанд, уҳдадории амиқ ва эҳтиром ба омӯзиши мутассил доранд ва афзалияти онро дар ҳаёти худ мубодила мекунанд.
       Аз ин бармеояд, ки таҳсилоти давомдор хоҳ дар шакли расмӣ бошад, хоҳ ғайрирасмӣ дар пешрафту такмили донишу маҳорат ва малакаи ҳар як шахс муҳим буда, дар баробари ин барои манфиати ҷомеа равона шудааст.
       Бояд гуфт, ки муҳиммияти таҳсилоти давомнок барои худи инсон ва барои ҷомеа аз он фаротар аст, ки мо фикр мекунем:
- аввал ин ки рушди касбӣ ва пешрафт дар бозори рақобати меҳнат пайгирии тамоюлҳои соҳаро талаб мекунад, малакаҳои нав ба даст меорад, таҷрибаро васеъ мекунад;
- дувум, пешрафти босуръати ҷаҳони муосир бидуни мутобиқ шудан ба пешрафтҳои технологӣ ғайриимкон аст. Масалан, барои мутахассиси муосир донистани танҳо барномаҳои Word ва Excel кам аст. Қобилияти кор бо технологияҳо ва барномаҳои дигаре, ки тамоми ҷаҳон рӯ ба онҳо овардааст, зарур аст;
- таҳсилоти давомноки ҷаҳонбинии зеҳниро васеъ мекунад, огоҳии фарҳангиро баланд мебардорад ва ба фаҳмиши ҳамаҷонибаи ҷаҳон мусоидат мекунад;
- дигар ин ки барои афзоиши сарватҳои миллӣ дар баробари захираҳои моддӣ, рушди сармояи инсонӣ дар ҷаҳони муосир аҳаммияти бештареро касб кардааст ва табиист, ки яке аз шароитҳое, ки барои пасандоз кардан ва истифодаи бомуваффақияти ин сармоя ба шумор меравад, ин боз ҳам таҳсилот мебошад.
       Пешвои миллат, Президенти кишвар дар Паёми соли гузашта ба масъалаи рушди сармояи инсонӣ таваҷҷуҳ карда, қайд карданд, ки «Рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан, маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин, фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад».
      Хушбахтона, дар кишвари азизи мо, аз тарафи ҳукумати мамлакат барои баланд бардоштани сатҳи афзоиши шумораи аҳолии қобили меҳнат, соҳибкасб намудани табақаҳои гуногуни кишвар марказҳои касбомӯзию хизматрасонӣ ва рушди малакаҳо мавриди истифода қарор додааст, ки «фаъолияти онҳо дар соҳибкасб гардонидани шаҳрвандон ва бо сертификатҳои байналмилалӣ таъмин кардани касбомӯзон нақши муҳим хоҳад дошт». Илова бар ин, бо қарори ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар барои омӯзиши забонҳои англисӣ ва русӣ тамоми кормандони корхонаҳои давлатӣ курсҳои забономӯзӣ ташкил карда шудаанд. Ин иқдомест, ки тамоми табақаҳои аҳолии кишвар ба таҳсилоти давомнок фаро гирифта шуда, бори дигар исбот месозад, ки омӯзиш як марҳилаи беохир аст ва барои такмил додани донишу малака, ё худтакмилдиҳӣ синну сол бояд монеа набошад ва муҳим он аст, ки ин падида на танҳо ба пешрафти худи шахсият, балки ба манфиати ҷомеа равона карда шавад.
 
      Манбаҳои истифодашуда:
1. Паёми Президент, 2023 / https: // www.mfa.tj / tg / main / view / 11820 / pajomi-prezidenti-jumhurii-tojikiston-muhtaram-emomali-rahmon-dar-borai-samthoi-asosii-sijosati-dokhili-va-khorijii-jumhuri.
2. Паёми Президент, 2024 / https: // www.mfa.tj / tg / main / view / 11820 / pajomi-prezidenti-jumhurii-tojikiston-muhtaram-emomali-rahmon-dar-borai-samthoi-asosii-sijosati-dokhili-va-khorijii-jumhuri.
3. Значение непрерывного образования в развитии личности. https://infourok.ru/doklad-na-temu-znachenie-neprerivnogo....
4. Некшоева Ш.С. Порчаҳои Паёми Сарвари давлат оиди таҳсилот// Илҳом аз Паём.- Душанбе: «Сифат-Офсет», 2024. – С. 154-160.