Садоншоев Тоҳир
Нозири калони кадрҳои
Институти илмҳои гуманитарии ба
номи. академик Б. Искандарови АМИТ
ВАТАНДӮСТ ОДАМИ ХУДОГОҲ АСТ!
Азизтарин, муқаддастарин, волотарин сарпаноҳ барои инсон Ватан аст. Ҳар як инсон, аз соати ба дунё омаданаш ба ҳар зарра хоку ба ҳар қатра оби Ватан он қадар дил мебандад, ки бе он наметавонад хушбахт бошад. Меҳри Ватан беканор аст, мисли меҳри модар, ки онро касе аз дили мо берун оварда наметавонад. Касе, ки Ватани худро дӯст намедорад, ӯро нангу номус, саодати абадӣ нест. Ҳар боре, ки ба суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гӯш медиҳам ва суханони дар васфи Ватан гуфтаашонро мешунавам, беихтиёр тамоми ҳастии ман ба меҳри хоку оби Ватан дода мешавад. Ман худамро дар канори рӯди диёр, замини аҷдодӣ, саҳроҳои пур аз гулу гулзор ва дар доманаи кӯҳҳои сар бар афлоккашида мебинам. Бо ҳар бори муроҷиат ба калимаи «Ватан» ман аз пештара дида, маъно ва муҳаббати онро бештару бештар эҳсос мекунам.
Хушбахт касест, ки дар Ватани азизаш ба камол мерасад, касбу ҳунар меомӯзад, пайи ободии он хизмат мекунад ва аз он ифтихор мекунад, зеро Ватан ҷоест, ки хуни нофамон дар он ҷо рехтаасту қадамҳои кӯчаки мо дар замини он устувор гардидааст. Шоиреро дар тамаддуни миллат пайдо кардан мумкин нест, ки ватанашро тараннум накарда бошад. Аксари шоирон аз муҳаббати ватани аҷдодиашон ба исми хеш номи зодгоҳашонро илова мекарданд, масалан Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, Кисоии Марвазӣ, Фирдавсии Тӯсӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Саъдии Шерозӣ ва ҳазорҳо бузургони дигар.
Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ дар асари безаволи худ «Шоҳнома», ки саршори ғояи ватандӯстиву ватанпарастист, ҳифзи ватанро аз баҳои ҷон боло гузоштааст. Рустам, ки тимсоли худи Фирдавсӣ аст, баҳри муҳофизати Эрон ҳатто фарзандашро (албатта, надониста) қурбон намуд. Барои Носири Хусрав Хуросон ва Балх як умр ҳамчун ватани аҷдодӣ намунаи муҳаббати бепоён хизмат карданд. Новобаста аз он, ки ӯ аксари умрашро дар ғарибӣ ва 30-соли охири умрашро дар ғори Юмгон гузаронда буд, як лаҳза ҳам аз муҳаббат ва ёди Хуросон ва Балх фориғ набуд.
Шоири ҷанговари адабиёти муосири тоҷик Ҳабиб Юсуфӣ ватанашро хонаи умед, бахшандаи бахту саодат ва модари меҳрубон номида қайд мекунад, ки ҳар гоҳ ба даст қалам гирифта, шеър эҷод карданӣ шавад, пеш аз ҳама забонаш «Ватан» мегӯяд. Ватан сарчашмаи илҳоми шоир будааст. Инсони беватан монанди моҳии берун аз дарё ва мурғи дур аз чаман афтода аст, ки як умр дар ёди Ватан месӯзанд. Зеро ҳеҷ ҷои олам мисли Ватан азиз нест. Ватан хонаи умеди ҳар як инсон аст.
Бо ҳукми тақдир солҳои 90—уми асри ХХ дар сарзамини тоҷикон, ки Истиқлолият нав насибаш гашта буд, фалокати азим ба вуқуъ омад. Ҷанги хонумонсӯз, ҷанги бародаркуши таҳмилшуда ба сари мардум бадбахтии сахт овард ва як қисмашонро хонавайрон, сарсону саргардон, беманзилу макон, дур аз Ватан кард. Аз шунидаҳоям, зану мард, пиру ҷавон — онҳое, ки дур аз Ватан афтода буданд, ягона орзуашон ин буд: «Тинҷию осудагӣ дар мамлакат, сулҳу ваҳдати абадӣ ва бозгашт ба Ватан».
Хушбахтона, ба ҳамаи ин фоҷиаҳо, бесарусомониҳо, хонавайронкуниҳо оғоз аз моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи тақдирсоз ва таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо даъвати сардори хирадманд, миллатдӯст, ватанпарвар, Президенти кунунии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотима бахшида шуд.
Солҳо паси сар шуданд, мардуми гуреза ба Ватан баргашт ва ғарибони ба Ватан баргашта кафи хоки замини аҷдодиашро бӯсида, ба чашмонашон молида ин суханҳоро ба забон меоварданд: «Мо, ки ба ғурбат афтодем, танҳо як ормон доштем: бозгашт ба Ватани азиз, бори дигар аз ҳавои софи диёр нафас гирифтан, хокашро ба дидаҳо молидан».
Оре, ватандӯсти ҳақиқӣ он аст, ки аз гузаштаи худ ифтихор намояд, баҳри ободии кишвари азизаш саъю талош варзад. Барои худшиносиву худогоҳӣ, барои ватандӯсти ҳақиқӣ буданамон, бояд ҳар яки мо аз таъриху тамаддуни гузаштаву имрӯзаи худ огоҳ бошем, зеро таърих моро аз худшиносии маҳаллӣ ба худшиносии миллӣ бурда мерасонад. Чуноне ки Роҳбари давлати мо мегӯянд, “таърих пайвандгари наслҳои гузаштаву ҳозираву оянда аст”!