wrapper

РУШДИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР ТОҶИКИСТОН
(Дар ҳошияи Паёми Ҷаноби Олӣ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28.12.2024)
 
Қурбонхонова Н.М., н.и.ф.,
мудири шуъбаи фолклор ва адабиёти ИИГ АМИТ
 
      Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳамасола дар моҳи декабр аз ҷониби Ҷаноби Олӣ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ ироа мегардад. Паёми имсоларо Ҷаноби Олӣ бо ёдоварӣ аз таҷлили 30-юмин солгарди қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон оғоз намуданд. Баъдан, Ҷаноби Олӣ нуктаҳои боиси нигаронӣ гардида, сатҳи сифати зисту зиндагӣ ва роҳҳои пешгирӣ намудани онҳоро таъкид карданд. Аз ҷумла, нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо миёни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», тағйирёбии иқлим, инчунин канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ моро водор месозанд, ки барои пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти кишвар тадбирҳои саривақтӣ андешем.
      Дар ин ҷода моро зарур аст, ки дар заминаи амалисозии ҳадафҳои миллиамон, пеш аз ҳама, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намоем ва сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам баланд бардорем. Зеро мардуми мо, мисли халқҳои дигар мамолики мутамаддин, ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд. Дар ин раванд, масъалаи соҳаи маориф, ки яке аз омилҳои муҳими тараққиёти ояндаи мамлакат ба ҳисоб меравад, дар Паём мавриди баррасии васеъ қарор гирифт.
       Бояд қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин рӯзҳои соҳибистиқлолияти кишвар ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуд, ки сол аз сол рӯ ба беҳбудӣ ниҳода истодааст.
       Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта, ба истифода дода шуд.
       Айни замон бошад, бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ва зиёд гардидани шумораи кӯдакону наврасон таъкид гардид, ки муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва умумӣ бунёд ва аз навсозӣ гарданд. Аз ҷумла, барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ, ба бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумӣ эҳтиёҷ аст.
      Ҳамчунин, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳрҳо дар панҷ соли оянда, бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ, бояд барои дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, ки 100 оила зиндагӣ мекунад, ҳатман бунёд кардани як муассисаи томактабӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
    Дар муқоиса ба солҳои пеш, имрӯз дар кишвар 4037 муассиса, аз ҷумла 170 литсей ва гимназия, яъне муассисаҳои таълимии типи нав фаъолият менамоянд. Шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ низ нисбат ба солҳои пеш зиёд гардида, айни замон 48 муассиса бо фарогирии зиёда аз 214 ҳазор нафар донишҷӯ фаъолият доранд. Шумораи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ низ афзоиш ёфта, 65 литсейи касбҳои техникӣ бо 23 500 хонанда ва курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ дар назди онҳо бо 12 000 хонанда, инчунин 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ – коллеҷҳо бо 106 000 донишҷӯ фаъолият доранд.
      Мақсад аз овардани мисолҳо ин аст, ки таваҷҷуҳи Ҷаноби Олӣ ба соҳаи маориф хеле зиёд аст. Маҳз ҳамин гуна арҷгузорӣ нисбат ба соҳаи маориф аст, ки имрӯз беш аз 117 ҳазор ҷавонони боистеъдод дар донишгоҳҳои бонуфузи давлатҳои пешрафтаи дунё таҳсил менамоянд, ки беш аз 30 фоизи онҳоро духтарон ташкил медиҳанд. Ин рақам нишондиҳандаи он аст, ки соҳаи маориф тайи солҳои соҳибистиқлолӣ то андозае рушд намудааст.
       Дар баробари дастовардҳо, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд масъалаи муҳиме, ки ба зинаи таҳсилоти олӣ иртибот доранд, пешниҳод карданд. Ҳалли ин масъалаҳо боиси баланд гардидани сатҳи сифати соҳа ба ҳисоб меравад. Барои беҳбуд бахшидан ба сифати соҳаи маориф, афроде, ки дар ин самт фаъолият мекунанд, бояд аз технологияҳои муосир ва дараҷаи донистани забонҳои хориҷӣ бархӯрдор бошанд. Онҳо бояд ин донишу технологияҳоро дар раванди таълим васеъ истифода баранд, то аз суръати рушди замони муосир қафо намонанд ва шогирдонашонро низ ба ин раванд ҷалб кунанд.
     Ҳамзамон, дар фазои талаботи ҷаҳони муосир, камол ёфтани омӯзгорон шарт ва зарур аст. Омӯзгорон бояд дар тарбияи насли наврасу ҷавон саъю кӯшиши худро дареғ надошта, шогирдонро мутобиқи талаботи замони муосир ва дар рӯҳияи хештаншиносӣ ба воя расонанд. Ин раванд метавонад насли ҷавону наврасро аз хурофотпарастӣ ва дигар кирдорҳои номатлуб дур созад.
      Бо дарназардошти вазъи кунунии ҷомеаи муосир дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки хатари аз байн рафтани арзишҳои инсонӣ дорад, зарур аст, ки аз арзишҳои маънавии гузаштагон, таърихи пурғановати миллати тоҷик ва панду андарзи ниёгон баҳра барем. Мунтазам ба шогирдон ёдовар намудани мероси маънавии аҷдодон муҳим аст, зеро ин усул метавонад насли ҷавонро бо таъриху арзишҳои миллиашон ошно намуда, онҳоро барои ҳифзи ин арзишҳо ва интиқоли онҳо ба наслҳои оянда омода созад.
        Вобаста ба суханони боло, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат беэътиноӣ ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мебошад. То замоне ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиршуда ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангин боқӣ хоҳанд монд.