Қаландариён Ҳоким Сафар,
директори Институти илмҳои
гуманитарии ба номи академик
Б.Искандарови АМИТ, д.и.фил.
ПЕШВОИИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Пешво шахсияте аст, ки ҳадафи мардумро ҳадафи мушаххас қарор дода, масъулияти пешвоиро мардонавор бар дӯш мегирад. Пешвоӣ, албатта, ин нест, ки мустақилона қарор қабул карда, дигаронро дар амалӣ сохтани он ташвиқ карду дурусту нодуруст ва ҳаққу ноҳақ будани он қарор баъд маълум мегардад. Баръакс, Пешво он аст, ки қарори дуруст барои андешаи воқеа пеш аз вуқӯъро мебарорад. Қарори ӯ аз ҷамъбасти ғояҳои пешниҳоднамудаи ҳушмандону мутафаккирон бармеояд ва салоҳияти амалӣ сохтани онҳоро низ ба дасти аҳли фаҳм медиҳад.
На ҳама дидгоҳ доранд. Назари қазоват дар мавриди масъалае, ки тафсири ҳақоиқ аст, ҳар кас надорад. Ба ҳамин хотир дидгоҳи Пешво дар ҳама маврид аз дигарҳо тафовут дорад, интихоби ӯ саҳеҳ, таъйини ӯ дуруст, аҳду ҷаҳдаш балиғу раъйаш олӣ.
Ба қавли Манучеҳр Ф:
Ягона гашта аз аҳли замона,
Ба алфози матину раъйи мутқан.
Чун Пешво ҳидояту роҳнамоии як миллатро бар дӯш дорад, мушкилоту мақосид ва вазифаҳову корҳои ҳангуфт ӯро фарогиранд. Новобаста аз андешаҳои гуногуну афкори мухталиф ба вазъият худро мутобиқ месозад ва қарорҳои асосноку ҳалшаванда мебарорад. Аз байни иттилооти зиёд берун баровардани маълумоту хулосаи мантиқӣ ба фоидаи умум вазифаи ҷонии Пешво аст.
Барои ин Пешво аз ҷаҳонбинии васеъ, таҷриба ва қобилияти фавқулода бархӯрдор аст. Пешво ҳатман равоншинос аст. Аз ин рӯ, кулли мардум ӯро дармонбахши дардҳо меёбанд ва ба ӯ сахт эътимоду эътиқод доранд. Сифати равоншиносии Пешво инсонҳоро бо худии худ ошно месозад, қудрати ҳувиятҷӯиро дар вуҷудашон зинда нигоҳ медорад, нерӯҳои ботинии инсонҳоро зоҳир месозад ва дар умум, худ саодатнишон аст ва мардумро саодатпартав.
Пешво раванди расидан ба ҳадафҳоро саҳл намегирад, аммо истодагариву устувории оқилонае, ки дорад, ҳамеша собитқадам мемонад ва умеди ба мақсад расиданро дар ҷони уммедворон намешиканад. Хуб гуфтааст Ҷомии хушкалом:
Ошиқи собитқадам он кас бувад, к-аз кӯи дӯст,
Рӯ нагардонад, агар шамшер борад бар сараш.
Чеҳраи зоҳирии Пешво ҷаззоб, дилаш бедору ноб, забонаш фасеҳу дилёб, намуна дар хулқу одоб ва дар рафтору кирдор бемаоб аст. Ӯ ҳатман қавихотира асту соҳибирода, қавиҳиммат асту соҳибшавкат. Дар акси ҳол агар эҳтиром ҳам дошта бошад, эътимоди мардумро аз даст медиҳад. Ба тасвири Садри Зиё чунин инсон:
Фасоҳатбаёну балоғатқарин,
Саодатнишону шарафофарин
Агар андаке аз сифатҳои Пешво ва каме аз хислатҳои пешвоиро баршумурда бошем ҳам, дар ихтисос доштани онҳо ба Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шакку тардиде нест.
Сафари навбатии Пешвои муборакдаму муборакқадами миллат ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба марҳалаи нави рушди ин минтақа рост омад. Ин сафарро метавон сафари таърихӣ унвон кард. Аз даму дуои мубораки Пешвои муаззам дар чанд рӯзи дар вилоят буданашон офтоби оламгир ҳам ба зиёрати ин диёр омада, аз қадами мубораки ӯ ҳамқадди кӯҳҳои зарманбаъ биноҳои нави замонавӣ қад афрохтанду коргоҳҳову корхонаҳои саноатӣ дари худро ба муштариён боз намуданд.
Пешвои миллат фаъолияти тамоми идораву корхонаҳоро мусбат арзёбӣ намуда, ибрози хурсандӣ намуданд, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ҳимояту муроқибати мудовими Ҳукумат сол ба сол ободу тавсеа ёфта, кайфияти зиндагии бошандагони он ба таври пайваста беҳбуд меёбад. Ҷаноби Олӣ бо имтинон хотирнишон сохтанд, ки мардуми меҳанпарасту заҳматқарини вилоят ба кумаки арзишманди худ дар тавсеаи Тоҷикистони азиз минбаъд низ саҳим хоҳанд буд.
Аз таассуроти Пешвои миллат чунин бардошт кардем, ки табиати нодиру нотакрори вилоят бо гулу гиёҳҳои шифоиву табобатӣ, бо обҳои дармонбахшу давобахш ва сангҳои қиматарзиши дар қалби ин кӯҳҳо ҷогирифта дили тамоми ҷаҳониёнро тасхир намудааст ва он замоне дур нест, ки ин минтақаи кӯҳӣ ба беҳтарин ҷойҳои тамошобоб табдил меёбад ва чун асоситарин минтақаи содиротӣ дар ҷаҳон муаррифӣ хоҳад шуд.
Имрӯзҳо хурду бузурги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳти роҳбарии Раиси росихдаму собитқадам муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ маъракаи қабулу пазироӣ ва гусели навбатии босамару бобаракати Пешвои миллатро сарбаландона баргузор карданд.
Бошад, ки аз муборакҳузурию муборакдамии Пешвои муаззами миллат хайру баракат дар ин сарзамину офиятмандӣ дар ин мардум ба маротибҳо афзуда гардад.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кулли ҳамватанони азиз табрику муборакбод менамоем!