Ҳампаёмӣ бо Паём
Имрӯз ҷаҳон аз ҳар вақта дида нооромтару шинохтанашаванда гардидааст. Унсурҳое, пайдо шудаанд, ки қаблан дар сайёра ё мавҷуд набуданд, ё дар чунин ҳолати глобалӣ зуҳур накарданд. Дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равандҳои геополитикиро “мураккабу печида боқӣ монда” номид. Қаблан роҳбари давлат дар вохӯрӣ бо аҳли илму маориф дар таърихи 1-сентябри соли соли гузашта ҷаҳони феълиро “ҷаҳони пешгуинашаванда” номиданд ва замони имрӯзаро давраи “азнавтақсимкунии сайёра” номид. Нуқтаи дигари муҳими суханронии Президенти кишвар марбут ба ин масъала дар вохӯрии мазкур ин буд, ки имрӯз ҳар як сарвари кишварҳои олам танҳо аз неруи бузург ва афзалияти ҳарбии худ ҳарф мезананд.
Бале, мутаассифона авзои кунунии ҷаҳон чунин мураккаб аст, ки чанд сабаб дорад:
- Замон замони глобализатсия аст. Давлатҳои бузург давлатҳои хурд, фарҳангҳои бузург фарҳангҳои кучак, забонҳои доманфарох забонҳои доираи маҳдудро зер мекунанд.
- Захираҳои табиӣ дар бисёр мамолики дунё тамом шуда истодаанд. Махсусан он давлатҳое, то кунун бештар аз истифодаи ин захираҳо рушд ёфта, ба кишварҳои тараққикарда мубаддал гаштанд. Имрӯз ягона роҳ барои онҳо ин ба ҳар роҳву шакл истифода аз захираҳои табиии давлатҳои рӯ ба инкишоф боқӣ мемонад.
- Дар чунин авзои ташвишовари олам, дар қисматҳои алоҳидаи он кишварҳо аз рӯйи идеология, қавму манфиатҳои миллӣ ва минтақавӣ дар шакли ҳар созмонҳои алоҳида ва гурӯҳҳои ошкору пинҳон муттаҳид шуда истодаанд, ки хатарҳои дигареро ба миён оварда истодааст.
Ҳамаи ин, мушкилоту хатарҳо ба он оварда истодааст, ки ҷаҳони мо рӯз аз рӯз ноорому хавфноктар гаштааст. Аз ҳама хатар дар ин давра барои давлатҳои рӯ ба инкишоф таъдид мекунад.
Савол ба миён мебиёяд, ки дар кишвари мо халалдор сохтани вазъи орому осудаи вуҷуд дорад, дар ҳолате, ки сохторҳои қудратӣ, қувваҳои мусаллаҳи кишвар неруи зарурӣ барои ҳифзи хоку буми мамлакат доранд. Ҷавоб ин аст, ки на танҳо мамлакати мо, балки дилхоҳ давлат имрӯз метавонад ноамн гардад, ки ба фикри ин ҷониб чанд замина дошта метавонад:
- Мо, мутаассифона бошад ё хушбахтона бо Ҷумҳурии исломии Афғонистон ҳамсарҳадем, ки таҳи солҳои тӯлонӣ дар вазъияти бидуни оромӣ қарор дорад. Давлате, ки дилхоҳ хонавода яроқ дорад ва қариб беқонунӣ дар он ҳукмфармост. Солҳои зиёд дар хоки давлатҳои абарқудрат дар шакли маҷозӣ бо ҳам қувваозмоӣ доранд ва тавоноии яроқи худро месанҷанд. Бо омадани толибон ба сари давлат бесарусомонӣ дар Афғонистон боз ҳам авҷ гирифтааст. Аз ҳама мудҳиштар ин аст, ки дар ҳамсояи мазкури мо тамоми гурӯҳҳои ифротӣ ва терористӣ, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳкум гаштаанд, озодона фаъолият доранд, ки барои Тоҷикистони азиз мо метавонад хатари зиёдро эҷод намояд.
- Яке аз роҳҳои осонтарин барои ноамн сохтани ин ё он давлат истифодаи шаҳрвандону зодагони он барои манфиати худӣ мебошад. Имрӯзҳо мо шоҳиди он гардида истодаем, ки фарзандони зиёди ин миллат дар хориҷа паноҳ бурда, бар зидди сиёсату масъулони сатҳи баланди ҳукумат баромад доранд, афкори бардурӯғро паҳн менамоянд, мардумро ба мубориза даъват мекунанд, хулоса миёни мардум иғвоангезӣ мекунанд. Аҷиб ин аст, ки ян нафар муҳоҷири қаторӣ дирӯз аз кишвар ба хориҷа сафар намуда, баъди вақти муайян дастрасӣ ба шабакаҳои телевизионии гаронтарини дунё пайдо мекунанд, имрӯз аз ин минбари баланд ва фардо аз дигар баромад мекунад. Дар як ҳафта аз се давлати дунё луқмапартоӣ менамояд. Савол ба миён мебиёяд, ки муҳоҷири одӣ чи тавр метавонад, ин қадар имконият пайдо намояд, хароҷоти калонро пардохт кунад. Ҳол он ки ба аксари чунин ашхос дар мамолики дигар паноҳгоҳ дода мешавад. Ҷавоб хеле одӣ аст. Ин шахсон аз ҷонибҳое, ки оромӣ ва рушди кишварамонро намехоҳанд, маблағгузорӣ карда мешаванд. Барои ин шахсони ба истилоҳ “мухолифин” минбарҳо ва сафарҳо таъмин менамоянд, то мардумро таҳти мафҳумҳои “демократия”, “ҳуқуқи озодии инсон”, “ошкорбаёнкунӣ” ва ғайраҳо ба мубориза мехезонанд. Бояд қайд кард, ки мудҳиштарин хатар маҳз истифодаи шаҳрвандони кишварамон мебошад.
- Осиёи Марказӣ аз бисёр ҷиҳатҳо осебпазир аст. Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар минтиқа холигие ба вуҷуд омад, ки ҳар яке аз абарқудратони дунё мехост онро бо арзишҳои хеш пур кунад. Асосан ин мубориза миёни мамолики Ѓарб, Федератсияи Россия, Хитой ва дигар ҷонибҳо сурат то кунун гирифта истодааст. Ба ин хотир, аз сар задани муноқишаҳо дар дохили ин ё он кишвари минтиқа ё нофаҳмиҳо миёни кишварҳои он аз эҳтимол дур нест.
- Мушоҳидаҳо нишон дода истодаанд, дар кишварҳое, ки вазъи нотинҷ ба вуҷуд омадааст, дар он ҳатман дасти сеюм ҷой дорад. Имрӯз шояд сар задани ин ё он нооромӣ дар дилхоҳ кишвар аз аҳолии он вобастагӣ дошта бошад, аммо хомӯш кардани ин аланга ба қувваҳои беруна марбут аст. Мисоли возеҳ вазъияти феълии Украина шуда метавонад. Оғози ҷанг бо Руссия аз Украина вобаста буд, ё худ метаовнист, ки ин нофаҳмиро бо Руссия пешгирӣ намояд. Аммо имрӯз ба гумон аст, ки Украина тавонад дар вақти ба ӯ мувофиқ бо Руссия оташбаст эълон кунад, агар ҳатто хоҳиш ҳам дошта бошад. Зеро аксари мамолики Ғарб барои манфиати худӣ он қадар маблағро дар ин ҷанг масраф намуданд, ки хотимаи ҷанг бе натиҷа барои онҳо қобили қабул нест.
Афкори боло моро ба он водор месозад, ки “зиракии сиёсӣ”-ро, ки Ҷаноби Олӣ ба мо такрор ба такрор таъкид мекунад, аз ҳарвақта дида барои ҳар шаҳрванд заруртар аст. Давраи кунунӣ аз ҳар як шаҳрванди қаторӣ мавқеи мустаҳками ватандориро тақозо менамояд. Махсусан, барои онҳое, ки имрӯз зидди сиёсати давлату ҳукумат, роҳбарияти кишвар баромад мекунанд, бояд сари вақт посухи асоснок дода шавад. Агар ин шаҳрвандони ба ном “барои халқу Ватан дилсӯз” воқеан меҳрубон бошанд, чаро танҳо оиди масоили ба назарашон норасогӣ ҳарф мезананду халос. Чаро оиди беҳбудӣ, рушду пешрафт, комёбиҳои кишвар гап намезананд. Чаро онҳо танҳо тарафи ба гумонашон манфиро баррасӣ менамоянд. Чаро оиди хизмати Пешвои миллату халқи Тоҷикистон дар фароҳамоварии сулҳу субот, марҳила ба марҳила беҳтар гаштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ сухан намекунанд? Посух хело одӣ аст. Чунки барои иғвоангезӣ миёни мардум аз пешрафту комёбӣ набояд ҳарф гуфт, танҳо хабарҳои бардурӯғ паҳн кардан зарур аст, то норомӣ ба вуҷуд ояд.
Аз ин рӯ, набояд бетараф истод. Дар Тоҷикистони азизамон танҳо як сиёсат аст, ки он сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат мебошад. Набояд ягон дудилагӣ миёни аҳолии кишвар эҳсос гардад. Баръакс ба чунин сиёсати адолатпарваронаи Роҳбари давлат эҳтироми хосса гузошта шавад.
Ба коми чунин ашхос афтидани ин ё он шаҳрванд ба бедории сиёсии он вобастагӣ дорад.
Дар фарҷом мехоҳам, тамоми шаҳрвандони кишварро ба он даъват намоям, ки дар ин давраи асос барои кишвари мо, минтақа ва ҷаҳон ба ин масъалаҳои ба гумонам хеле зарур таваҷҷуҳи бештар равона созанд. Имрӯз ба масъалаи амнияти миллӣ аз тамоми масоли дигари иқтисодиву сиёсӣ, фарҳангиву маданӣ дида бояд бештар афзалият диҳем. Таъмини амнияти миллӣ танҳо вазифаи сохторҳои алоҳида нест, он масъулияти ҳар шаҳрванди қаторӣ аст.