Чанд андеша оид ба Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»
Чун анъана, ё дар охир ё дар аввали сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паёми навбатии хешро ба Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон ва албатта, тавассути онҳо ба тамоми мардуми Тоҷикистон ироа менамояд. Ҳадафи Паём ҷамъбасти дастовардҳои сол ва вазифагузорӣ барои соли оянда аст ва аз ин рӯ, ҳар як сохтори давлатию ҳукуматӣ, муассиса ва ташкилот дар партави ҳадафу вазифаҳои Паём нақшаҳои фаъолияти хешро таҳия намуда, ба амалигардонии онҳо сафарбар мегарданд. Ин аст раванди маъмӯлии иҷрои нуктаҳои Паёми Президенти мамлакат!
Муассисаи мо, ки муассисаи илмӣ-тадқиқотӣ аст, бояд таваҷҷуҳро ба нуктаҳои ба ин масъала дахлшуда дар Паём равона созад. Дар зимн чанд нуктаи Паёми имсолаи Президенти муҳтарам, ки метавонанд аз тарафи Институти илмҳои гуманитарӣ (ИИГ) ба н. Б.Искандарови АНИТ дар давоми соли 2023 ба кор гирифта ва баъд аз он низ бар онҳо тамаркуз шавад, зикр мегарданд.
Яке аз нуктаҳои аслии Паёми Президент, ки ба рушди иқтисодии кишвар ишора дорад ва бидуни шубҳа, барои таҳкими мавқеи фарҳангию сиёсии Тоҷикистон дар миқёси ҷаҳон кумаки назаррас менамояд, ин таъкид ба рушди боз ҳам пурсамартари сайёҳӣ мебошад. Сарвари давлат хотирнишон намуд, ки “Тоҷикистон аз 1-уми январи соли 2022 ҷиҳати ҷалби бештари сайёҳон ва сармоягузорони хориҷӣ барои шаҳрвандони 52 кишвари хориҷӣ иқдоми яктарафаи воридшавии бидуни раводид ҷорӣ намуд ва зарур аст, ки ин раванд ба таври самаранок амалӣ карда шавад”.
ИГН, ки ягона муассисаи илмӣ ва тадқиқотӣ дар самтҳои фарҳанг, таърих, фолклору адабиёт ва расму ойини сокинони бумии Бадахшон аст, метавонад яке аз нақшҳои калидиро дар рушду равнақи сайёҳӣ дар ҳудуди Бадахшони Тоҷикистон ва дар оянда Бадахшони Афғонистон ва Вилояти Син Сиз Яни (Қошғар) Ҷумҳурии Халқии Чин бозӣ кунад. Бо дастгирии Мақомоти ҳокимияти давлатии ВМКБ, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва мақомоту ташкилотҳои дигари дахлдор метавон дар заминаи ИГН фаъолиятҳои зеринро ба роҳ монд:
- таҳияи дастурҳо бо дарбаргирии маълумоти таърихию фарҳангӣ дар бораи Бадахшон-Помир;
- таҳияи дастурҳои роҳбаладӣ бо дарбаргирии ҷойҳои таърихию фарҳангии минтақа;
- ташкил намудани курсҳои махсус барои омӯзондани ҷавонони болаёқат дар самти муаррифии таъриху фарҳанги диёр (аз унсурҳои хонаи ориёӣ (помирӣ) сар карда, то ба асбобҳои мусиқӣ, расму таомули мардум, ҷойҳои таърихӣ, ҷашнҳо ва ғайра);
- омода намудани рӯйнамоҳо бо ҳадафи гузарондани суҳбату мизҳои мудаввари муаррификунанда бо сайёҳон;
- гузарондани суҳбатҳои алоҳида бо сокинони Вилоят дар хусуси қабули сайёҳон ва муаррифии маконҳои таърихӣ ва унсурҳои фарҳангӣ;
- омода намудани сабтҳои гуногун ба шакли роликҳои муаррификунанда ва филмҳои кутоҳҳаҷм;
- ҳаматарафа омода намудани Фонди захираи дастхатҳои ИИГ барои муаррифӣ ба сайёҳон ва дигар меҳмонон.
Нуктаи дигари Паём, ки аз назари ИИГ метавонад мавриди таҳлилу амалишавӣ қарор гирад, таъмини иртиботи он бо муассисаҳои таълимӣ мебошад. Президенти мамлакат дар Паёми хеш таъкид намуд: “Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем”.
Барои бедор намудани шавқу рағбати толибилмони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба илм, зарурати иртиботи қавии ИГН бо онҳо боқӣ мемонад. Ба манфиати ояндаи халқу Ватан мебуд, агар ду фаъолияти зерин дар ин самт амалӣ мешуданд:
- ба таври мудаввом ташкил намудани вохӯриҳо ва мизҳои мудаввар бо муаллимону толибилмон дар самти фаъолияти ИГН ва арзишу қимати илм барои рушди оянда;
- ташкил намудани курсҳои махсус барои муаллимони муассисҳои таҳсилоти умумии Вилоят дар самти роҳҳои ҷалби таваҷҷуҳи толибилмон ба таҳқиқу илм;
- таҳияи ва нашри дастур ва роҳнамоҳо дар ин самт;
- ба роҳ мондани алоқа бо муассисаҳои илмию тадқиқотии ватанӣ ва хориҷӣ барои ба роҳ мондани масъалаҳои боло. Ҷои зикр аст, ки Президенти мамлакат ин масъаларо ба тарзи равшану возеҳ дар Паём таъкид намуд, чунончи: “Ҳамзамон бо ин, вобаста ба таъсиси донишгоҳҳои муштарак бо давлатҳои пешрафтаи дунё оид ба омӯзиши илмҳои муҳандисиву технологӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳодҳои мушаххас манзур намоянд”.
Дуруст аст, ки ҳамаи ин гуфтаҳо ва андешаҳо ба таҳияи як нақшаи мукаммал, кадрҳои болаёқат, буҷаи махсус ва дастгирии расмӣ вобаста ҳастанд, аммо онҳо хаёлӣ набуда, балки заминаи дурусти воқеӣ доранд.