wrapper

Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми Олии қонунгузории мамлакат дар даврае пешниҳод гардид, ки кишвари мо ба марҳалаи нави рушд ворид шуда, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад ва Тоҷикистони соҳибистиқлол дар сафҳаи таърих бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқаш ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Новобаста аз мушкилотҳои зиёди иқтисодӣ ва равандҳои мураккаби геополитикӣ, низои байни давлатҳо кишвари азизамон Тоҷикистон бо сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иродаи матини сокинони меҳнатқарини он дар рушду нумӯи кишвар саҳми босазо гузошта, бо ифодаи сарвари давлат «…нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамалакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд».

Паём, ҳамчун санади сарнавиштсоз, роҳу равиши зиндагӣ ва тарақкиёти иқтисодиву иҷтимоии кишварамонро барои як соли оянда муайян менамояд.

Дар Паём чун ҳамасола рушду дастовардҳои соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар ва иҷроиши барномаҳои соҳавӣ садо дода, дар бораи амалӣ гардидани 4 ҳадафи стратегии мамлакат маълумот дода шуд.  

Дар баробари дигар масъалаҳо ба масъалаи баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа, ки ҳамеша дар мевари диққати Ҳукумати Тоҷикистон, бахусус Пешвои муаззами миллат қарор дорад, дар Паёми имсола низ чунин ишора карда шуд: «Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа бисёр тадбирҳои судмандро амалӣ намуд. Ҳоло аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз, аз ҷумла кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 фоизро бонувону занон ташкил медиҳанд».

Дар Тоҷикистон баробарҳуқуқии занон бо мардон аз Коститутсия маншаъ гирифта, сол ба сол дар асоси санадҳои гуногун мақому манзалати занону бонувон дар ҷомеа баланд бардошта шуда истодааст.

Мутобиқи моддаи 1 Коститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад».

Ҳамзамон дар моддаи 17 Конститутсия баробарҳуқуқии мардону занон таъкид карда шудааст.

Оре! Бо ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳар як шаҳрванд шароити зиндагии арзандаро фароҳам оварда, ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии сокинони кишвар чораҳои заруриро андешида истодааст. Махсусан нақш ва мақоми зан арзишҳои муайяни иҷтимоию ахлоқӣ ва ҳамчунин дар асоси қонун ва меъёрҳои муайяни ҳуқуқӣ дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Тоҷикистон ва аҳли ҷомеа қарор гирифт. Агар каме ба таърихи гузашта назар афканем, мебинем, ки нобаробарҳуқуқӣ, вазъияти мутеонаи зан дар оила ва ҷамъият бо вуҷуд омадани моликияти хусусӣ ва тақсим шудани ҷамъият ба синфҳо ба миён омада, асрҳо давом кард. Як сохти ҷамъиятӣ ба дигараш табдил меёфт, аммо беҳуқуқии зан боқӣ мемонад.

Нисбат ба табъизи ҳуқуқи зан нависандаи Эрон Сайид Муҷтабо  Рукнӣ Мӯсавии Лорӣ дар китоби «Ислом ва симои тамаддуни ғарб чуниин нигоштааст: «То чанде пеш қонуни кишварҳои мутамаддини Аврупо, занро аз ҳама ҳуқуқ марбут ба моликият ва тасарруфи мол маҳрум медошт.

Тибқи қонуне, ки дар ҳудуди соли 1850 дар Англия бароварда шуд, занон аз шаҳрванди кишвар ба ҳисоб намерафтанд ва ҳеҷ гуна моликияте надоштанд. Ҳатто либосҳое, ки дар тан доштанд, моликаш набуданд”

Дар соли 586 мелодӣ ҷомеаи динии Франсия пас аз баҳс ва гуфтугӯ дар хусуси зан муқаррар дошт: «Зан инсон аст, вале барои хидмати мард офарида шудааст».

Дар Фаронса яке аз намояндагони ҷараёни феминистӣ адиба Олимпия де Гуж садоро дар бораи ҳуқуқи зан бо суханони зерин баланд кард: «Агар зан ҳуқуқи ба пои дор баромадан дошта бошад, он гоҳ вай бояд ҳуқуқи ба минбар баромадан низ дошта бошад».

Ҳукумати Тоҷикистон бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат аз рӯзи аввали соҳибистиқлолӣ то ба имрӯз барои баланд бардоштани мақому манзалати зан ва ҳимояи ҳуқуқи онҳо тадбирҳои заруриро андешида истодааст.

Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали истиқлолият ба қобилият ва талоши занону модарон дар барқарор намудани истиқлолият ва ваҳдат эътимоду боварии хосса дошта, дар ҳар маврид ба иродаи онҳо ишора мекунанд. Чунончи дар суханронии худ дар таъсиси «Шӯрои Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» бо муроҷиат ба бонувон қайд карданд: «Модарону хоҳарони мушфиқ, занони бо сабру таҳаммул, бонувони меҳрубону дарёдили мо, ки ранҷи азиятҳои бешуморро пушти сар намуданд, бояд ин ҳаракатро сидқан пуштибонӣ карда, дар пойдории адолати иҷтимоӣ саҳми арзанда гузоранд».       

Ҳанӯз соли 1993 Ҷумҳурии Тоҷикистон конвенсияи байналмилалиро барои барҳам додани ҳама гуна поймолкунии ҳуқуқи  зан ба тасвиб расонд.

Ташаккули заминаҳои қонунгузории зерин дар самти баробарҳуқуқии занон ва мардон дар Тоҷкистон мавриди амал қарор гирифтаанд:

  • Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаҳои 17, 35)
  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кафолатҳои давлатии баробархуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо” аз 01.03.05 №89
  • Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон,
  • Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷпкистон

Таҳия ва амалисозии маҷмӯи тадбирҳои сатҳи давлатӣ дар самти ҳимояи ҳуқуқи зан:

  • Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аз 03.12.199, №5
  • «Нақшаи миллии тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани   мақом ва нақши зан дар солҳои 1998-2005» сентябри соли 1998, таҳти №363 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдик гардидааст.
  • Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19.03.2001 «Дар бораи ба низом даровардани қабули духтарон ба мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофики квотаи Президентӣ барои солхои 2001-2005»
  • Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳукуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010» (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8.08.2001, №391),
  • Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» (карори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.05.2010, №269)
  • Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №801 аз 30.12.2015)

Такмили қонунгузорӣ дар самти пешгирии зӯроварӣ:

  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” аз 19 марти соли № 954
  • “Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2014-майи соли 2014, №229)
  • “Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2016” бо Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2016-2017
  • Таъсиси 110 маркази иттилоотию машваратӣ дар назди шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии хокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ;
  • Фаъолияти Маркази буҳронии “Боварӣ”-и назди Кумитаи кор бо занон ва  оила, телефони “Боварӣ”;
  • Фаъолияти 33 маркази буҳронӣ ва 3 паноҳгоҳҳои муваққатӣ дар назди макомоти давлатӣ ва ташкилоти ҷамъиятию байналмилалӣ;
  • Таъсиси гурӯҳи байниидоравӣ оид ба иҷрои Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ;

Ҳифзи манфиатҳои оила

  • Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020”: боби 8 “Таҳкими муносибатҳои оилавӣ”;
  • Консепсияи рушди оила, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, №801 қабул гардидааст, масъалаҳои вобаста ба заминаҳои қонунгузории ҳифзи манфиатҳои оила ва такмили он бо тарбияи фарзанд, заминаҳои иқтисодию иҷтимоии таҳкими оила, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ ва таҳкими пояҳои оиладорӣ, инчунин танзими оила ва солимии репродуктивиро дар бар мегирад.

Иҷрои уҳдадориҳои байналмилалииЧумҳурии Тоҷикистон

  • Эъломияи умумии ҳуқуқи башар (1948).
  • Эъломияи Пекин ва Барномаи амали он (1993)
  • Конвенсияҳои СММ «Дар бораи барҳам додани ҳамаи шаклҳои табъиз нисбати занон» (1993). Протоколи иловагии он (2014)
  • Дар бораи ҳуқуқҳои сиёсии занон» (2003)
  • Аҳднома оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ (2003)

> «Конвенсия оид ба ҳукуқи кӯдак» (1993)

> Қатъномаҳои Шӯрои амнияти СММ оид ба ҳуқуқҳои занон ва ғайраҳоро ба тасвиб расидаат (2013)  

Ҳамзамон бо дастуру супоришҳот Пешвои муаззамми миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол аз сол шумораи занону бонувон дар соҳаҳоҳои мухталиф зиёд шуда истодааст.

Агар дар муқоиса бо 70 соли замони Шӯравӣ гирем, шумораи занҳо дар раванди идоракунӣ ва сарварӣ дар замони истиқлолият бештар ба назар мерасад.

  • Дар таърихи 70 соли идоракунии сохти Шӯравӣ танҳо як зан Е.Фурсева узви Бюрои сиёсӣ буд.

Дар ин давра ҳамагӣ 4 нафар ба ҳайси Вазир аз ҳисоби занон адои вазифа намуданд:

  • Солҳои 1917-1918 Колонтай–Комиссари оид ба муҷозоти давлатӣ;
  • Соли 1939-Полина Жемчужина-Комиссари халқи оид ба саноати моҳидорӣ;
  • Солҳои 1954-1959 Ковригина М.Д.-Вазири тандурустӣ;
  • Солҳои1960-1974 Фурсева Е.-Вазири фарҳанги Иттиҳоди Шӯравӣ.

 Шумораи вазирон аз ҳисоби занони Тоҷикистони Шӯравӣ

  • Соли 1928-Уғулой Шамсиддинова –аввалин Вазири маориф;
  • Солҳои 1950-1953 Қосимова Мунаввара-Вазири саноати сабук;
  • Солҳои 1960-1978 Раҳимова Анзурат-Вазири таъминоти иҷтимоӣ;
  • Солҳои 1954-1957 Тоирова Ҳамро Зоировна-Вазири сохтмони шаҳрӣ ва деҳот;

5.Солҳои 1985-1990 Гулнора Пӯлодова-Вазири тандурустӣ.

 Шумораи вазирон аз ҳисоби занон дар даврони соҳибистиқлолӣ

  • Солҳои 1990-1992-Тамара Абдушукурова-Вазири фарҳанг;
  • Солҳои 1992-1994-Бозгул Додхудоева-Вазири маориф;
  • Солҳои 1994-2000- Иноятова Мунира-Вазири маориф;
  • Солҳои 2001-2003- Рафиқа Мусоева-Вазири меҳнат ва шуғли аҳолӣ;
  • Солҳои 2000-2003- Рустамова Қимат-Вазири ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;
  • Солҳои 2003-2004- Абдураҳмонова Раъно-Вазири тандурустӣ;
  • Солҳои 2013-Тағойзода Сумангул-Вазири меҳнат,муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ;
  • Аз соли 2018 то ҳозир – Давлатзода Зулфия Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Аз соли 2020 то ҳозир – Ширин Амонзода Вазири Меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занон дар давраи соҳибистиқлолӣ

  • Солҳои 1992-1993 Зебо Аминзода;
  • Солҳои 1992-1993 Бозгул Додхудоева;
  • Солҳои 1999-2004 Нигина Шаропова;
  • Солҳои 2004-2008 Хайринисо Юсуфӣ;
  • Солҳои 2008-2013 Руқия Қурбонова;
  • Солҳои 2013-2016 Марҳабо Ҷабборӣ

      Инчунин бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷиҳати то 30 фоиз расонидани хизматчиёни давлатӣ ва то 25 фоиз расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони лаёқатманд, «Барномаи тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023-2030» таҳия ва ба Ҳукумати мамалакат пешниҳод карда шуд.

Натиҷаи чунин тадбирҳову дастгириҳои давлат ва Ҳукумат аст, ки Тоҷикистон бинобар эътирофи коршиносон аз ҷиҳати шумораи намоянагони бонувону духтарон дар шохаҳои ҳокимияти давлатӣ яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол мекунад.