wrapper

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИЮ НАЗАРИЯВӢ "ВМКБ: АЗ ТАЪСИСЁБӢ ТО СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"
     7-уми феврали соли 2025 дар Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки олимон, муҳаққиқон ва намояндагони ниҳодҳои давлатӣ Конференсияи илмию назариявӣ таҳти унвони «ВМКБ: аз таъсисёбӣ то соҳибистиклолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
       Дар конференсия равандҳои таърихии ташаккули Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, таҳаввулоти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии он аз таъсисёбӣ то даврони соҳибистиқлолӣ баррасӣ гардида, аз нуқтаи назари илмӣ таҳлил гардиданд.
Муҳтавои Конференсия ва баромадҳои илмӣ:
      Чорабинии илмӣ бо сухани ифтитоҳӣ аз ҷониби директори Институти илмҳои гуманитарӣ, доктори илмхои филологӣ Қаландариён Ҳоким Сафар оғоз гардида, дар он нақши илмҳои гуманитарӣ дар омӯзиши таърихи ташаккули ВМКБ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
      Сипас, Муовини Раиси ВМКБ муҳтарам Абдулназарзода Абдулназар Абдулқодир аҳамияти стратегӣ ва илмии омӯзиши таърихи ВМКБ ва рушди устувори онро дар маърузаи илмӣ таҳти унвони «Нигоҳи ҷаҳониён ба арзишҳои Бадахшон мероси фарҳангӣ ва нақши он дар тамаддуни ҷаҳонӣ» ба иштирокчиён ироа намуд.
      Дар ҷараёни Конференсия олимони шинохта:
д.и.филол. Охонниёзов В.Д. бо маърузаи илмӣ: «Инъикоси арзишҳои миллӣ ва маҳаллӣ дар адабиёти замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон: намунаи Бадахшон»;
н.и.т. Шоинбеков А.А. «Заминаҳои таърихии таъсисёбии ВМКБ: омилҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ»;
н.и.т. Абдураҳмонов З.В. «Нақши Шириншоҳ Шоҳтемур дар ташаккули ҳувияти миллии мардуми Бадахшон ва рушди маориф»;
н.и.т. Шоинбеков Ф.Н. «Омӯзиши археологии шаҳраки Карон ва нақши он дар бозшиносии таърихи ВМКБ»;
Раматшоев Д.А. «Рушди муассисаҳои олии илмӣ-таълимии ВМКБ дар даврони Истиқлол: таҳлил ва дурнамо»;
Амонбеков С. «Истифодаи иқтидорҳои сайёҳии ВМКБ дар раванди рушди иқтисодиёти минтақавӣ» тариқи маҷозиву ҳузурӣ баромад намуданд.
Тавсияҳо ва дурнамо:
      Дар фарҷоми Конференсия аз ҷониби маърузачиён ва иштирокчиёни Конференсия тавсияҳои зерин пешниҳод гардиданд:
     Таҳкими ҳамкориҳои илмӣ байни пажуҳишгоҳҳои миллӣ ва байналмилалӣ ҷиҳати омузиши аниқи таърих, фарҳанг ва ҷомеашиносии ВМКБ.
     Дастгирии таҳқиқоти бостоншиносӣ ва таърихӣ, бахусус омӯзиши шаҳраки Карон ва дигар ёдгориҳои таърихии ВМКБ.
    Истифодаи иқтидорҳои сайёҳӣ ва рушди устувори иқтисодиёти ВМКБ бо такя ба мероси таърихӣ ва табиати нотакрори минтақа.
Баёнияи мухтасар:
     Конференсияи мазкур на танҳо саҳмгузорӣ дар таҳқиқоти илмӣ, балки иқдоми муҳиме дар шинохти амиқи таърихи ташаккули ВМКБ ва нақши он дар рушди давлати миллӣ ба ҳисоб меравад.
     Натиҷаҳои бадастомада ва маърӯзаҳои илмии ироашуда дар шакли мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои илмии ватанӣ ва хориҷӣ нашр мегарданд, то ки барои муҳаққиқони оянда манбаи таҳқиқотии муътамад бошанд.