КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ - НАЗАРИЯВӢ: РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВМКБ: МУШКИЛОТ, ТАМОЮЛҲО ВА ДУРНАМО
29-уми ноябри соли 2024 дар толори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Рушди иҷтимоию иқтисодии ВМКБ: мушкилот, тамоюлҳо ва дурнамо» баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ муовини директор оид ба илм ва таълим, номзади илми филология Некушоева Ш.С. бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, аҳамияти баргузории чунин чорабиниҳои илмиро дар рушди таҳқиқот ва омӯзиши масоили иҷтимоию иқтисодии минтақа таъкид намуданд.
Дар ҷараёни конференсия олимону тадқиқотчиёни ҷавон бо маърӯзаҳои ҷолиб ва таҳқиқотҳои худ баромад карданд. Барнома чунин ранг гирифт:
Мирзоева Мижгона, PhD, докторанти курси 3-юми ихтисоси “Иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ”, дар мавзуи «Ребрендинг барои бизнеси хурд: қадаме ба сӯи муваффақият».
Таҳқиқоти Мирзоева роҳҳои инноватсионии рушд ва устувории бизнеси хурдро нишон дод, ки дар шароити муосир барои соҳибкорони ВМКБ хеле муҳим мебошанд.
Ҷумахонов Гулша, PhD, докторанти курси 2-юм, дар мавзуи «Механизмҳои иҷтимоӣ-иқтисодии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим (дар мисоли иқтисодиёти ВМКБ)».
Ҷумахонов диққати иштирокчиёнро ба таъсири тағйирёбии иқлим ба иқтисодиёти минтақа ва зарурати рушди механизмҳои устувори мутобиқшавӣ ҷалб намуд.
Имомёрбекова Гулшан, PhD, докторанти курси 2-юм, дар мавзуи «Муҳоҷирати занон ва таъсири он ба раванди демографии ВМКБ».
Имомёрбекова равандҳои демографиро таҳлил намуда, муҳоҷирати занонро ҳамчун як омили таъсиррасон ба вазъи иҷтимоии минтақа арзёбӣ намуд.
Худобахшов Мубориз, магистранти курси 1-ум, дар мавзуи «Нақши НБО Роғун дар рушди иқтисод ва истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон».
Худобахшов оид ба аҳамияти лоиҳаи НБО Роғун дар пешбурди иқтисоди миллӣ ва таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ сухан гуфт.
Дар анҷом натиҷагирии кори конференсия аз ҷониби ташкилкунандагон пешниҳод гардид.
Чорабинии мазкур на танҳо як платформа барои мубодилаи донишҳо ва идеяҳо гардид, балки аҳамияти илмиро дар омӯзиши масъалаҳои рӯзмарраи минтақаи Бадахшон бозгӯ кард. Мо ба ҳамаи иштирокчиён ва маърӯзачиён барои саҳми арзандаи онҳо изҳори сипос баён мекунем.
Илм – пояи рушди миллат!