КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИЮ АМАЛӢ БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ БОМУВАФФАҚИЯТ АНҶОМ ЁФТ!
Имрӯз, 20 феврали соли 2025, дар Толори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ конференсияи илмию амалӣ дар мавзуи «Гуногунии забон – омили муҳими ҳувияти фарҳангӣ ва рушди устувор» баргузор гардид.
Забон – рукни асосии ҳувияти миллӣ ва василаи муколамаи тамаддунҳост. Дар шароити ҷаҳонишавӣ, ҳифз ва рушди гуногунии забонҳо яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеаи муосир мебошад. Забони модарӣ на танҳо василаи муошират, балки омили нигоҳдории фарҳанг, таърих ва худшиносии миллӣ низ мебошад. Маҳз бо ҳамин мақсад, олимон, муҳаққиқон, устодон ва донишҷӯёни институт дар ин ҳамоиши илмӣ гирд омаданд, то масъалаҳои марбут ба забоншиносӣ ва ҳувияти фарҳангиро баррасӣ намоянд.
РАВАНДИ КОНФЕРЕНСИЯ
Конференсияро директори Институти илмҳои гуманитарӣ, доктори илмҳои филологӣ Қаландариён Ҳоким Сафар бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, аҳамияти забонҳои модарӣ ва гуногунрангии забонӣ дар таҳкими ҳувияти миллӣ ва рушди устуворро таъкид намуданд.
Маърӯзаҳои илмӣ ва муҳокимаи мавзуҳои муҳим
Мутахассисони варзида бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво доир ба нақши забон дар ҷомеа, қонунгузорӣ, таърихи забонҳо ва тавозуни байни забони модарӣ ва забони давлатӣ суханронӣ карданд:
Офаридаев Н., доктори илмҳои филологӣ: «Мақоми коммуникативии забонҳо ва инъикоси он дар қонунгузории давлатҳо»
Некушоева Ш., номзади илмҳои филологӣ: «Языковое разнообразие на примере одного глагола»
Мирзоев Шоҳназар, номзади илмҳои филологӣ: «Язык - живая история»
Назаршоева Ч.Р., номзади илмҳои филологӣ: «Ду забон, як садоқат: тавозун байни ҳифзи забони модарӣ ва дастгирии забони давлатӣ»
МУҲИМИЯТИ КОНФЕРЕНСИЯ ВА ХУЛОСАҲОИ АСОСӢ
Конференсия ба як платформаи муҳими илмӣ барои табодули афкор миёни муҳаққиқон, устодон ва донишҷӯён табдил ёфт.
Гуногунии забонҳо – омили бойгарии фарҳангӣ ва ваҳдати миллӣ.
Ҳифзи забони модарӣ – масъулияти ҳар як шахс ва ҷомеа.
Забон – шиносномаи миллат ва калиди рушду худшиносӣ.
Миннатдории худро ба тамоми устодон, муҳаққиқон, донишҷӯён ва магистрантоне, ки дар кори конференсия фаъолона иштирок карданд баён менамоем! Мавзуи забон ҳамеша мавзуи муҳими ҷомеа буда, ҳифзи он – вазифаи ҳар як шахси бомаърифати ба таъриху фарҳанги худ арҷ гузошта ба ҳисоб меравад!
Бо чунин ҳамоишҳои илмӣ, дар оянда метавон дар ҳифзи забони модарӣ ва рушди он саҳми арзанда гузошт!