МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА ҶАШНИ САДА – ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НИЁГОН!
Имрӯз дар Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Баҳодур Искандаров мизи мудаввар таҳти унвони «Сада ва расму оинҳои он» баргузор гардид. Сада – яке аз ҷашнҳои бостонии мардуми форсу тоҷик буда, решаҳои амиқи таърихию фарҳангӣ дорад. Он на танҳо рамзи нур ва гармӣ, балки пайванди қавии инсону табиат низ мебошад.
Дар мизи мудаввар олимон ва мутахассисони варзида дар бораи таърихи пайдоиш, арзишҳои умумибашарӣ ва хусусиятҳои ин ҷашни куҳан маълумоти ҷолиб пешниҳод карданд. Нуқтаҳои муҳими баррасишуда:
Маъно ва ташреҳи калимаи Сада – Назрӣ Офаридаев, доктори илмҳои филологӣ
Ҷашнҳои мушобеҳ ба Сада дар таърихи инсоният – Аловиддин Шоинбеков, номзади илми таърих
Праздник Сада: древней символ связи человека с природой и земледелием – Шаҳло Некушоева, номзади илмҳои филологӣ
Арзишҳои умумибашарии ҷашни Сада – Нуриҷаҳон Қурбонхонова, номзади илмҳои филологӣ
Муҳокимаҳо нишон доданд, ки:Ҷашни Сада на танҳо як анъанаи қадимӣ, балки бахши муҳими фарҳанг ва худшиносии миллии мост! Омӯзиши таърихи он метавонад барои рушди маърифати экологии ҷомеа кӯмак кунад Ин ҷашн маърифати рӯшанӣ, ҳамбастагӣ ва некуаҳволиро тарғиб мекунад!
Чорабинии мо бо баҳсҳои пурмуҳтаво, пешниҳодҳои ҷолиб ва муҳити гарму самимӣ ба поён расид. Сада муборак бод! Бигзор рӯшноӣ ва гармии ин ҷашн ҳамеша дар дили мо ҷо гирад!