Тайи чанд рӯз дар саросари кишвари азизамон фарорасии Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
Имрӯз ду муассисаи бонуфузи илмиву таълимии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ ва Филиали Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар ВМКБ семинари илмии муштарак таҳти унвони “Иҷлосияи тақдирсозу таърихсоз” бахшида ба ин Ҷашни давлатӣ гузарониданд.
Ин рӯйдоди муҳим, ки ҳар сол 16-уми ноябр ҷашн гирифта мешавад, на танҳо баёнгари эҳтироми амиқи миллат нисбат ба роҳбари кишвар, балки таҷлили устувории сулҳу оромӣ, ваҳдат ва истиқлолияти комили кишвари мост. Ҳамаи мо албатта огоҳ аз онем, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикситон дар кишварамон бо як руйдоди таърихии муҳим Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон алоқамандии зич дорад, ки дар ҳамин рӯзҳои таърихӣ дар соли 1992 дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор гардид ва сарнавишти миллати тоҷикро ба куллӣ тағйир дод.
Дар кори семинари илмӣ зимни сухани табрикотии худ мудири шуъбаи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ИИГ АМИТ, номзади илми таърих Шоинбеков Аловиддин қайд намуданд, ки ҳамаи мо шоҳиди ҳол будем, ки вазъияти сиёсиву иқтисодии аввали солҳои 90-уми кишварамон дар ҳолати хеле ногувор қарор дошт. Ватан дар ҳолати ҷанги шаҳрвандӣ рӯзҳои вазнинтарини таърихиро аз сар мегузаронид. Масъалаи доир намудани Иҷлосияву интихоби сарвари давлат, ҳангоме ки дар ҳар кӯчаву хиёбони шаҳри Душанбе куштору ғорату дуздиву одамдуздӣ воқеияти таърихии ҳамон рӯзаи давлатамон буд, як масъалаи хеле хатарнок буд. Вале сарфи назар аз ҳама чиз, ин иҷлосия таърихӣ, дар ҳамон вазъияти ниҳоят мураккаби сиёсӣ ва иҷтимоӣ баргузор гардид. Таърих шоҳид ҳаст, ки ин руйдоди таърихӣ заминаи сулҳу ваҳдат ва барқарории давлатдории муосири Тоҷикистонро муҳайё сохт. Маҳз дар ин иҷлосия муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб гардид, ки бо кӯшишу иродаи қавӣ ва талошҳои беназир тавонист кишварро аз вартаи низоъ ва нооромӣ берун бароварад.
Зимни суханронии табрикотии худ муовини директори Филиали Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар ВМКБ, номзади илмҳои пидагогӣ Карам Парпишоев изҳор доштанд, ки таърих гувоҳ аст, ки дар муддати хеле кӯтоҳ музокироти сулҳ бо роҳбарии Президенти ҷавони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардиданд ва замина барои оштии миллӣ ва ваҳдати умумӣ муҳайё гашт.
Имрӯз, бо сарварии хирадмандонаи Президенти кишварамон, Тоҷикистон ба як давлати боэътимод ва устувор табдил ёфтааст, ки дар он ҳар як шаҳрванди кишвар оромӣ ва ваҳдатро эҳсос менамояд. Аз Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар соли 1992 баргузор гардид, Тоҷикистон роҳи тӯлонии пешрафт ва таҳаввулотро тай намуда, ба як кишвари боэътимод, сулҳомез ва устувор табдил ёфт. Ҳамин иҷлосияи таърихӣ буд, ки заминаи бунёди сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон гузошта шуда, миллати тоҷик аз вартаи буҳрону ҷанги шаҳрвандӣ берун баромада, кишвар ба ислоҳоти фарогири сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ даст зад.
Дар кори семинари илмӣ бо маърузаи илмӣ ходими илмии шуъбаи таърих, мардумшиносӣ ва бостоншиносии ИИГ АМИТ Карамова Ибодат дар мавзуи “Нақши Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатдории навини тоҷикон” ва ходими Филиали Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар ВМКБ Баҳронова Мавҷуда бо маърузаи “Эмомалӣ Раҳмон – чеҳраи бузурги сиёсии ҷаҳон” баромад намуда, таъкид бар он карданд, ки дар соҳаи иқтисод, Тоҷикистон бо сохтани нерӯгоҳҳои бузурги барқӣ, ба монанди нерӯгоҳи Роғун, тавонист ба истиқлоли энергетикӣ ноил шавад ва қадаме устувор ба сӯи рушди саноатӣ гузорад. Дар солҳои охир, роҳу пулҳои нав, зербиноҳои муосир ва инфрасохторҳои гуногуни кишвар бунёд ва такмил ёфтанд, ки ба пешрафти иқтисодӣ ва беҳбуди зиндагии мардум мусоидат карданд.
Дар самти иҷтимоӣ ва маориф, Тоҷикистон тавонист сатҳи дастрасӣ ба таҳсилот ва тандурустиро ба маротиб беҳтар намояд. Мактабҳо, донишгоҳҳо ва муассисаҳои тандурустии муосир сохта шуда, шароити омӯзишу таълим ва хизматрасонии тиббӣ ба сатҳи нав бароварда шуданд. Тоҷикистон, ҳамчунин, дар арсаи байналмилалӣ мавқеи худро мустаҳкам намуда, бо кишварҳои ҳамсоя ва ҷаҳон ҳамкориҳои пурсамарро ба роҳ монд. Имрӯз Тоҷикистон узви фаъол дар созмонҳои гуногуни байналмилалӣ мебошад ва ба як кишвари мӯътамад дар минтақа табдил ёфтааст. Дар маҷмӯъ, аз Иҷлосияи 16-ум то ба имрӯз, Тоҷикистон ба як кишвари босубот, рушдёбанда ва дорои ваҳдати миллӣ табдил ёфтааст, ки ин ҳама муваффақиятҳо натиҷаи заҳмату талошҳои пайвастаи давлат ва ҳукумати кишвар мебошанд.
Аз фурсати муносиб истифода бурда, Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови ба номи академик Б. Искандарови АМИТ ва Филиали Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар ВМКБ кулли мардуми кишвари азизамон бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, хоҳони онанд, ки бигзор ин рӯзи барои кишварамон муҳим барои ҳар яки мо ҳамчун рамзи сулҳу субот, ваҳдату пешрафт ва боварӣ ба фардои дурахшони Тоҷикистон хидмат намояд. Бигзор дар Тоҷикистони мо ҳамеша фазои сулҳу суботт ва пайвандҳои ваҳдату ҳамбастагии миллӣ рушд ёбад ва ба ояндаи дурахшону шукуфон қадам гузорад. Бо камоли эҳтиром ва ифтихор Шуморо бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик мегӯем!
Бо самимият ва эҳтироми амиқ, ба ҳамаи Шумо саломатӣ, бахту иқбол ва ба Тоҷикистон азизамон шукуфоии абадӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоии устуворро таманно менамоем!
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН МУБОРАК БОД!