Мизи мудаввари илмӣ бахшида ба арзишҳои миллии фарҳангӣ.
Имрӯз дар Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Баҳодур Искандарови Академияи илмҳои Тоҷикистон мизи мудаввари сатҳи баланд баргузор гардид. Мавзӯи муҳокима: "ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМҲО - ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ АСЛИИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ", БАХШИДА БА 30-СОЛАГИИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН.
Дар ҷаласа номзади илмҳои филология, мудири шуъбаи фолклор ва адабиёти Бадахшон бо маърӯзаи ҷолибу пурмуҳтаво баромад намуда, аҳамияти танзими ҷашнҳо ва маросимҳоро дар ҳифзи анъанаҳои миллӣ ва фарҳангӣ шарҳ дод. Номбурда таъкид намуд, ки нигоҳдории арзишҳои фарҳангӣ дар шароити глобалӣ яке аз самтҳои муҳими рушди давлат ва ҷомеа мебошад.
Дар мизи мудаввар инчунин масъалаҳои марбут ба ҳифзи мероси миллии фарҳангӣ ва роҳҳои ташаккул ва тақвияти худшиносии миллии ҷавонон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Иштирокчиён, ки намояндагони доираи илмӣ ва фарҳангӣ буданд, фикру андешаҳои худро иброз намуда, аз таҷрибаи худ дар бахши танзими ҷашну маросимҳо нақл карданд.
Ин чорабинии муҳим барои мустаҳкам намудани арзишҳои миллӣ, эҳтиром ба фарҳанги миллӣ ва ҳифзи мероси аҷдодӣ нақши муҳим бозид. Дар фазои самимона, ҳар як иштирокчӣ ҳис намуд, ки фарҳанг ва анъанаҳои тоҷик - пойдевори ҳастии мост.