wrapper

АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ИЛМҲОИ ГУМАНИТАРИИ БА НОМИ Б. ИСКАНДАРОВ

 

Абдулназарзода Абдулназар Абдулқодир – доктори илмҳои филологӣ,

ходими пешбари шуъбаи фолклор ва адабиёти ИИГ АМИТ

 

ЧАНД АНДЕША ПЕРОМУНИ СУХАНОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ “МАН АВВАЛ ТОҶИКАМ БАЪД МУСАЛМОН”

   Дар ин мақолаи фишурда мехоҳам, чанд андешаро оиди сухани Асосгузори ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Ман аввал тоҷикам баъд мусалмон”, ки дар вохӯрӣ бо намояндагони дин ва фаъолони кишвар баён намуданд, манзур намоям. Барои шарҳи васеътари масъала зарур аст, ки қабл аз ҳама ба мафҳумҳои миллат ва дин ва дар алоҳидагӣ таваҷҷуҳ намоем. Масъалаи аввал ин муҳимияти ҳар яке аз ин мафҳумҳо барои ҳар шахс мебошад.

  1. Миллат дар луғатҳо ба маънои уммат, қабила, халқ омадааст, ки шакли олии умумияти таърихию этникии одамон аст, ки дар асоси ин умумияти нажодӣ, иқтисодӣ, умумияти забон, масоҳат ташаккул меёбад. Қайд кардан зарур аст, пеш аз ҳама дар ин радиф умумияти қавмӣ дар бавуҷудоии миллат мавқеи калидӣ дорад. Яъне ба таври содда гуем, барои ҳастии миллат ягонагии хешу пайвандии гуруҳи одамон зарур аст. Пайвандии кавмӣ дар ҳаммиллатӣ нақши асосӣ дорад. Аз ин хотир, миллатро чун падару модар интихоб намекунанд. Ҳар инсон аз дақиқаи ба дунёи омадан мансуб ба ин ё он миллат аст. Ӯ имкон дорад, ки шаҳрвандӣ, ҷойи зистро дигар кунад, тарки ватан кунад, лекин намояндаи миллати хеш мемонад. Ба фикри ин ҷониб, дар баъзе нуқтаҳои шарҳи мафҳуми миллат, ки дар луғатҳо омадааст,ба монанди умумияти иқтисодӣ, забон, масоҳат ва ҳаёти маданӣ барои мафҳуми миллат на он қадар ҷойгоҳи марказӣ доранд. Аз ҳама муҳим пайвандии хешу таборӣ аст. Чунки ҳам иқтисод, ҳам забон, ҳам макони зист ва ҳам шакли зиндагиро интихоб кардан, дигар намудан имкон дорад, лекин барои робитаи авлодӣ ва қавмиро решакан кардан дар ягон ҳолат имкон нест. Ҳатто инкор кардан, як намуди безорӣ ё ругардонӣ аз қавму миллати хеш низ наметавонад, моро аз пайванду насли хеш ҷудо бисозад. Ин аст, ки миллатро дигар кардан ғайримкон аст.
  2. Пас дин чист ва он то чи андоза дар ҷаҳони муосир муҳимият дорад? Дар аксари адабиётҳо дин чунин шарҳ дода шудааст. Дин аз омезиши омилҳои равонӣ (ниёз ба маъно ва тасаллӣ), иҷтимоӣ (ҷустуҷӯи ягонагӣ, танзими рафтор) ва гносеологӣ (кӯшиши шарҳ додани ҷаҳон) ташаккул меёбад, ки аз эътиқодҳои ибтидоӣ оғоз ёфта, ба системаҳои мураккаби эътиқод, мазҳабҳо ва созмонҳо табдил меёбад, ки аксар вақт тавассути ваҳй ё мутобиқшавӣ ба сатҳи фаҳмиши одамон ба амал меояд. Он шуури динӣ (ғояҳо, догмаҳо), фаъолият (мазҳаб, маросимҳо) ва созмонҳоро дар бар мегирад.

   Яъне дин як омили равонӣ-маънавӣ буда, бар пояи боварҳо устувор мешавад. Боварҳои одамон гуногунанд ва дар ин масъала ҳар фард комилан озод аст. Инсон ҳамчун узв ё намояндаи дини муайян ба ҷаҳон намеояд. Дар ҷараёни зиндагӣ миллионҳо нафар дини худро иваз мекунанд, миллионҳои дигар бошад, бедин мешаванд ё баръакс, ба ягон дин рӯ меоранд.

  Тақрибан 16% аҳолии ҷаҳон (зиёда аз 1,1 миллиард нафар) худро ғайридинӣ ё беэътиқод муаррифӣ мекунанд; ба ин гурӯҳ атеистҳо ва онҳое низ дохил мешаванд, ки ба дини мушаххас пайравӣ намекунанд. Ин нишондиҳандаҳо дар таҳқиқотҳои гуногун фарқ мекунанд, аммо дар маҷмӯъ ҳиссаи «бединҳо» дар ҷаҳон тақрибан аз 11% то 16% арзёбӣ мешавад.

   Тақрибан аз ҳар панҷ як ҳиссаи калонсолон дар саросари ҷаҳон дар тӯли умри худ дини худро иваз мекунанд ё онро тарк менамоянд. Ин маънои онро дорад, ки аз ҳар панҷ нафар як нафар метавонад дини аҷдодии худро, ки дар кӯдакӣ ба ӯ талқин шуда буд, канор гузорад. Ба ибораи дигар, тахминан 20% калонсолони сайёра дини аслии худро тарк мекунанд ё тағйир медиҳанд.Ин тамоюл дар кишварҳои гуногун мушоҳида мешавад ва, тибқи баъзе арзёбиҳо, бештар динҳои масеҳият ва буддоӣ дар ҷаҳон қисми зиёди пайравони худро аз даст медиҳанд.

   Сабабҳои иваз кардани динро ҳар фард мувофиқи ҷаҳонбинӣ, фаҳмиш ва эътиқоди шахсии худ тавзеҳ медиҳад. Ба ибораи дигар, ҳар кас ҳақиқатро дар доираи таҷрибаи маънавии худ дар ин ё он дин ҷустуҷӯ ва дармеёбад. Барои намуна, андешаҳои як нафарро меорем, ки дар остонаи тағйири дини худ қарор гирифта, чунин менависад:

   «Я знаю много людей, которые перешли в ислам, и не знаю ни одного человека, принявшего христианство. Я говорю это не для сравнения и не в смысле “ислам хороший, а христианство - нет”. Мне кажется, одна из причин в том, что ислам сегодня во многом такой же, каким был в VII веке — он сохранился в “оригинале”. Все мы знаем, что Библию неоднократно переписывали. Тот же Константин II, говорят, переписал её “под себя”. В итоге от “оригинального” христианства, как считают некоторые, мало что осталось. Для многих это и становится важным аргументом в пользу ислама. Впрочем, кто-то находит свою истину и в других религиях: например, принимают конфуцианство, разделяя его ключевую идею – гуманность. Поэтому на этот вопрос нельзя ответить однозначно: каждый случай индивидуален, а каждого индивида свои причины».

   Дар маҷмуъ чанд сабаби иваз кардани дин вуҷуд дорад ва онҳоро метавон ба шакли зерин нишон дод:

Сабаби сиёсӣ:

  • Манфиатҳои миллӣ: Поймол кардани манфиатҳои миллӣ низ метавонад омили тағйироти динӣ бошад. Дар сиёсати давлат манфиатҳои миллӣ аз ҳама арзишҳо болотар меистад. Замоне, ки барои ин манфиатҳои ягон хатар ё маҳдудият эҳсос мегардад, дар ин ҳолат дигар арзишҳо, аз ҷумла дин сарфи назар карда мешавад.
  • Таъсири сиёсӣ: Паҳншавии ғояҳои гуманистӣ ва хоҳиши таъсири бештари роҳбарон дар тағйироти динӣ

Сабабҳои шахсӣ ва маънавӣ

  • Ҷустуҷӯҳои маънавӣ: Одамон метавонанд динҳоро дар ҷустуҷӯи фаҳмиши амиқтари маънавӣ, фалсафа ё тарзи зиндагии беҳтаре, ки бо эътиқоди ботинии онҳо мувофиқат мекунад, иваз кунанд.
  • Таъсири ҳаракатҳои нави динӣ: Ҳаракатҳои нави динӣ аксар вақт пайравони дорои эътиқоди баланди шахсӣ, тамаркузи миссионерӣ ва таъсири қавии пешвоёни худро ҷалб мекунанд.
  • Аз нав шарҳ додани таълимот: Дар баъзе мавридҳо, тағйироти динӣ бо аз нав шарҳ додани ғояҳои динии "бумӣ" ё бо омезиши унсурҳои таълимоти гуногун алоқаманд аст.

Сабабҳои равонӣ

  • Ҷустуҷӯи маъно ва ҳадаф: Дин ба одамон кӯмак мекунад, ки маънои зиндагиро бештар дарк намоянд ва бо тарсҳои вуҷудӣ ва мушкилоти зиндагӣ мубориза баранд, ки метавонад ангезаи пурқуввати тағйироти динӣ бошад.

   Агар таърихи миллати тоҷик ва қабул гардидани дини Ислом аз ҷониби мо - тоҷиконро гирем, мисоли гуфтаҳои боло шуда метавонад.

   Маълум аст, ки тоҷикон ҳамчун халқ аз гурӯҳҳои қадимаи эронизабони Осиёи Марказӣ (аз ҷумла суғдиён ва бохтариён), ки аз оғози ҳазораи якуми пеш аз милод дар ин сарзамин зиндагӣ мекарданд, тадриҷан ташаккул ёфтаанд.Тоҷикон, ҳамрадифи дигар мардумони эронии минтақа, дар асрҳои VII–VIII дар пайи истилои арабҳо ва ворид шудани дини нав ба ин сарзамин, ки то он замон дар он зардуштӣ ва дигар эътиқодҳо роиҷ буданд, Исломро қабул карданд. Раванди исломигардӣ якбора анҷом наёфт: он дар тӯли чанд аср идома карда, дар давраи хилофат, нахуст дар қисматҳои ҷанубӣ устувор шуд ва баъдан ба минтақаҳои шимолӣ низ паҳн гардид. Яъне дар таърихи худ тоҷикон тағйири динро аз сар гузаронидаанд: то паҳн шудани Ислом, зардуштиро парастиш мекарданд. Ислом бошад дар заминаи забти минтақа ва таъсири сиёсию иҷтимоии нерӯи ғолиб ҷорӣ гардид.

   Аз ин бармеояд, ки дар баъзе давраҳои таърихӣ дин на танҳо тавассути таблиғу қабулҳои ихтиёрӣ, балки дар шароити фишор ва маҷбуркунӣ низ паҳн мешуд ва гоҳ миллатҳо водор мегардиданд, ки ин ё он динро қабул кунанд. Дар маҷмуъ, мафҳуми «мусулмон» ҳамчун номи умумии пайравони Ислом дертар шакл гирифта, ба гурӯҳҳои гуногуни этникӣ ва иҷтимоӣ татбиқ шудааст. Аз ҳамин лиҳоз, метавон гуфт, ки мафҳуми «мусулмон» аз ҷиҳати таърихӣ баъдтар аз мафҳуми «миллат» ба истифодаи фарогир даромадааст.

   Ҳамин тариқ, хулосаи аввал ин аст, ки Пешвои миллат дар ин сухан ба ҳувияти миллӣ нисбат ба ҳувияти динӣ бартарият додааст. Ин мавқеъ пеш аз ҳама дорои заминаи таърихист: яъне аввал миллат аст ва баъд дин; инсон нахуст мансубияти миллии худро дорад, сипас метавонад динеро интихоб кунад ё умуман бедин бимонад.

   Хулосаи дувум: миллатро инсон интихоб намекунад, аммо динро метавонад интихоб кунад ва дар ҷараёни зиндагӣ онро тағйир диҳад.

   Хулосаи сеюм: ба андешаи ин ҷониб, суханони мазкур ба вазъи имрӯзаи Тоҷикистон дар масъалаи сатҳи диндорӣ ва муҳтавои амалии он дар миёни қисми зиёди шаҳрвандон иртиботи мустақим дорад ва аз ин лиҳоз саривақтӣ ва таъсиргузор аст. Зеро, бо вуҷуди фароҳам будани имкониятҳои зиёд, афзоиши шумораи масҷидҳо, нашри китобҳои динӣ, дастгирӣ ва ҳадяи адабиёти динӣ аз ҷониби давлат ва дигар тадбирҳо, бояд эътироф кард, ки диндорӣ на ҳамеша моҳияти миллӣ касб намудааст ва дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва давлатии кишвар ба таври бояду шояд саҳмгузор нест. Дар айни замон, диндорӣ дар байни қисми муайяни мардум бештар шакли зоҳирӣ дошта, гоҳе бо унсурҳои хурофотӣ омехта мешавад. Дар ин замина, сухани Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ — «Ҳазорсола раҳ аст аз ту то мусулмонӣ» — баёнгари он аст, ки мусулмонӣ пеш аз ҳама маърифату ахлоқ ва амалро тақозо мекунад, на танҳо зоҳирпарастиро.

   Тавре ки Пешвои миллат таъкид кардаанд: «Бар ивази ҳамаи тадбирҳои то имрӯз амалигардида ва дастгириву пуштибонии давлату Ҳукумат ҷиҳати муътадил нигоҳ доштани вазъи динӣ дар мамлакат таассубу хурофот, тафриқаандозӣ, бегонапарастиву зиёдаравӣ, ифротгароӣ ва амалҳои террористии хусусияти динидошта ба омили ташвишовар ва нигаронии ҷиддӣ табдил ёфта истодааст».

   Нигаронии шаҳрвандон низ дар ҳамин замина мушоҳида мешавад: паҳн гардидани Нигаронии шаҳрвандон низ дар ҳамин замина мушоҳида мешавад: паҳн гардидани таассубгароӣ дар баъзе ҳолатҳо сунъӣ буда, бештар аз хурофот маншаъ мегирад. Аз ҷумла, даст задани бархе шаҳрвандони Тоҷикистон ба амалҳои террористӣ дар хориҷи кишвар, афзоиши теъдоди «ба ном ҳоҷиҳо», маъмул шудани навъҳои либосе, ки ба фарҳанги миллии мо созгор нестанд ва дигар падидаҳо боиси ташвиши аҳли ҷомеа мегарданд.

   Бо назардошти гуфтаҳои боло, дар анҷом таъкид мекунем, ки ин сухани Пешвои миллат хеле саривақтӣ буда, ҳар шаҳрванд бояд аз он дар ду самт — миллатшиносӣ ва муносибати дуруст ба диндорӣ — хулосаи зарурии худро барорад.