ИФТИХОРИ ИЛМ ВА МАЪРИФАТ!
Бо камоли эҳтиром ва сарбаландӣ изҳор менамоем, ки Ҳақназар Имомназар, ходими илмии шуъбаи тадқиқоти иҷтимоию иқтисодии Бадахшони ИИГ АМИТ, дар Озмуни ҷумҳуриявӣ бахшида ба Соли 2024 "Соли маърифати ҳуқуқӣ" бо мақолаи арзишманди худ сазовори ҷои якум дар номинатсияи беҳтарин мақолаи илмӣ гардиданд. Маърифати ҳуқуқӣ – пояи ҷомеаи ҳуқуқбунёд!
Ин озмун, ки ба ифтихори ҷашни 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, имкони арзёбии корҳои илмиву маърифатии олимони кишварро фароҳам овард. Дар чунин сатҳи баланди мусобиқа, Ҳақназар Имомназар тавонистанд бо таҳқиқоти илмии худ аҳамияти баланд ва самаранокии маърифати ҳуқуқиро дар ҷомеа таъкид намуда, ҷойгоҳи шоистаи худро дар байни беҳтаринҳо таъмин намоянд.
Ин дастоварди бузург натиҷаи заҳмати самимӣ ва донишмандии Шумо мебошад. Корҳои Шумо на танҳо ба рушди илми ҳуқуқӣ мусоидат мекунанд, балки намунаи ибрат барои олимони ҷавон ва ҳама онҳое мебошанд, ки дар роҳи маърифат ва дониш талош мекунанд. Сазовори таҳсин ва эҳтиром!
Мо ифтихор мекунем, ки чунин олимони кордон ва донишманд дар сафҳои пешсафи илми кишварамон қарор доранд. Ҳақназар Имомназар, Шумо бо фаъолияти пурмаҳсули худ собит намудед, ки илму маърифат қувваи пешбарандаи ҷомеа мебошад. Муборак бод!
Аз самими дил ин муваффақиятро табрик мегӯем ва орзу мекунем, ки ҳамаи талошҳои Шумо ҳамеша бо натиҷаҳои баланд қадр гарданд. Бигзор дастовардҳои навбатии Шумо дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ низ эътироф шаванд. Ташаккури самимӣ барои саҳми Шумо дар пешрафти илми ватанӣ!
Бигузор ин комёбӣ оғози муваффақиятҳои бузургтар гардад ва номи Шуморо дар таърихи илм ва маърифати тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт кунад.