Ҳайати олимон ва профессорони Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо камоли хушнудӣ яке аз олимони пурмаҳсули соҳаи адабиётшиносӣ – доктори илмҳои филология Давлатбеков Лоло Мирзоевичро ба муносибати 68-умин солгардашон табрик ва таҳният гуфта, барояшон тандурустӣ, осоиши рӯзгор ва хотири ҷамъу давлати бегазанди умрро таманно мекунем.
Давлатбеков Лоло Мирзоевич 7 январи соли 1957 дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ таваллуд шудаанд. Фаъолияти педагогӣ ва илмии Давлатбеков Лоло аз соли 1979 ҳамчун омӯзгори мактаби миёна оғоз гардида, минбаъд ба ҳайси ассистенти кафедраи методикаи таълими ибтидоии Институти педагогии шаҳри Қӯрғонтеппа (1992), ассистент, муаллими калон ва дотсенти кафедраи адабиёти ДДХ ба номи М. Назаршоев (1994–2013), дотсенти кафедраи назария ва таърихи адабиёти ДДЗТ ба номи С. Улуғзода (2013–2018), профессори кафедраи назария ва таърихи адабиёти ДДЗТ (ҳоло Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон) ба номи С. Улуғзода (2018 то ҳол) идома меёбад.
Фаъолияти илмии хешро устод Давлатбеков Лоло ҳанӯз аз соли 1999 ба ҳайси ходими илмӣ, ходими калон, ходими пешбари илмии шуъбаи фолклор ва адабиёти Бадахшони Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ пеш бурда истодаанд.
Бояд гуфт, ки устод Давлатбеков Лоло солҳои зиёд дар риштаи адабиётшиносӣ кор карда, соли 2004 рисолаи номзадӣ ва соли 2018 рисолаи докториашонро дар мавзӯи «Хусусиятҳои жанрӣ ва бадеии назми Бадахшон (нимаи дуюми асри XIX ва ибтидои асри XX)» ҳимоя намудаанд. Номбурда муаллифи 6 китоб, дастурҳои илмӣ-методӣ ва зиёда аз 100 мақолаи илмӣ мебошанд, ки дар соҳаи адабиётшиносӣ дастоварди пурарзиш ба шумор мераванд.
Бештари осори устод ба таҳқиқи осори пурғановати шоирону адибони Бадахшон бахшида шуда, китобу монографияҳои ӯ аз қабили «Ҳунари бадеии шоирони Бадахшон» (2004), «Шоҳфутур – адиби донишманд» (2012), «Рӯзгор ва осори шоирони Бадахшон» (2014), «Дар ҳошияи андешаи соҳибназарон» (2021), «Суннатҳои шифоҳӣ ва хаттии адабиёти тоҷик дар Бадахшон (нимаи дуюми асри XIX ва ибтидои асри XX)» (2023), «Назмшиносӣ (Дастури таълимиву методӣ барои донишҷӯёни ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик)» (2024) барои илми тоҷик аҳаммияти назаррасро касб кардаанд.
Дар баробари фаъолияти пурмаҳсули илмиашон устоди гиромӣ дар давоми умри пурбаракаташон чандин мутахассисони соҳаи филологияро дар риштаи адабиётшиносӣ омода намудаанд, ки барои ҷомеа ва илм яке аз хизматҳои бебаҳо ба шумор меравад.
Солгардатонро бори дигар муборак мегӯем, устоди гиромӣ!!!