wrapper

       Имрӯз бахшида ба 27-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ибтикори МИҲД-и ВМКБ ва Раёсати АМИТ дар толори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандаров ва ҷалби Раёсати маорифи ВМКБ, Раёсати агентии назорати соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ ва филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар ВМКБ намоиши дастовардҳои илмию эҷодии Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ ва муассисаҳои номбурда ташкил гардид.

        Сипас иштирокчиёни ин маърака дар баргузории конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳти унвони “Ваҳдати миллӣ-омили субот ва рушди устувори ВМКБ” иштирок намуданд.

       Дар конференсияи барои иштирокчиён маърӯзаҳои илмӣ-таҳлилии сардори Раёсати маорифи ВМКБ Мирзоқандов А. дар мавзуи “Ваҳдати миллӣ ва рушди соҳаи маориф”, ходими илмии шуъбаи тадқиқоти иҷтимоӣ-иқтисодии Бадахшони ИИГ Ҳақназар Имомназар дар мавзуи “Ваҳдат ва воқеият. Ваҳдат мафкураи бунёдӣ ва шеваи зиндагии миллати фарҳангӣ”, сармутахассиси Раёсати агентии назорати соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ Ошурбеков Ҳ. таҳти унвони “Ваҳдат – сарчашмаи истиқлолият” ва маърӯзаи омӯзгори кафедраи идоракунӣ ва методи таълими фанҳои гуманитарии филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар ВМКБ Шикориев М. дар мавзуи “Ваҳдат ва рисолати таърихии он” баррасӣ гардиданд.

       Маърӯзаҳои баррасигардида бо он нукта, ки Ваҳдати миллӣ сарчашмаи Истиқлолияти давлатӣ, рукни осоиштагии ҷомеа, сулҳу салоҳ, муттаҳидии мардуми тоҷик, кафолати ҳамдигарфаҳмӣ ва ягона роҳ ба сӯйи созандагиву ободкорӣ дар кишвар, ҳимояи арзишҳои миллӣ ва истиқлолияти давлатист, ҷамъбаст гардид.