Некушоева Ш.С. – номзади илми филология,
муовини директор оид ба илм ва таълими
Институти илмҳои гуманитарии ба номи
Б. Искандарови АМИТ
НАҚШИ ИЛМ ВА МАОРИФ ДАР ТАЪМИНИ РУШДИ УСТУВОРИ ДАВЛАТ
Дар шароити талоши кишвар барои таъмини рушди устувори иқтисодӣ-иҷтимоӣ диққати ҳамаҷониба ба беҳбуди сифати захираҳои зеҳнӣ равона шуда истодааст, ки ин албатта, иқдоми муассир барои рушди ҳамаҷонибаи давлат ва ҳам такмили соҳаи илму маориф хоҳад буд. Ба фикри мо, рушди устувори иқтисодӣ-иҷтимоии давлат замоне мумкин хоҳад буд, ки модернизатсияи таҳсилоти олӣ, баланд бардоштани эҳтибору нуфузи ҳайати педагогии ҳам макотиби таҳсилоти умумӣ ва ҳам олӣ ва тағйир додани муносибати ҷомеа ба захираҳои зеҳнии давлат фароҳам оварда шаванд.
Чаро маҳз ба ҳамин критерияҳо барои рушди устувори иқтисодӣ-иҷтимоии кишвар мо афзалият додаем? Зеро агар маънои мафҳуми рушди устувори давлат тавони бардошт намудани таъсироти манфӣ аз дохил ва беруни кишвар, рушди динамикӣ ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиии кишварро дар назар дорад, пас танҳо рушди устувори илму маорифи кишвар метавонад чунин вазъиятро дар давлат муҳайё созад.
Барои тақвияти ҳамин фикр мехоҳем гуфт, ки нақши илм ва маориф дар рушди устувори давлат бениҳоят бузург аст, ки дар суханронии Президенти кишварамон аз 30.05.2024 ба ин нукта таъкиди махсусе шуда, ироя гардид, ки “... дар ҷаҳони муосир танҳо кишварҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз карда, рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд”. Чун агар вазифаҳои илму маорифро таҳлил намоем, мебинем, ки маҳз ҳамин вазифаҳо заминае барои рушди устувори иқтисодӣ-иҷтимоии кишвар хоҳанд буд. Мо дар назар дорем вазифаҳои зерини илму маориф, ки амалӣ намудани онҳо аз пайдарҳамии татбиқ намуданашон вобастагӣ дошта, дар умум онҳо таъминкунандаи рушди устувори тамоми соҳаҳои кишварро муҳайё месозанд:
- Маориф ҳамчун омили фарогир: Таъмини таҳсилоти дастрас ва босифат ба ҳамаи қишрҳои аҳолӣ, коҳиш додани нобаробарӣ ва камбизоатӣ, ки дар навбати худ ба рушди устувори иқтисодӣ мусоидат мекунад. Ба назари мо, ин вазифаи илму маорифи ҳар давлат аввалиндараҷа маҳсуб меёбад, чун донишомӯзӣ ва маърифатнокии ҳар шаҳрванд таъсиргузор бар рушди устувори кишвар хоҳад буд. Маълум аст, ки ба фарогирии дониш инсон бояд аз овони кӯдакӣ ҷалб гардад, зеро ин айёме ҳаст, ки дониши зиёд бо суръати тез аз худ карда мешавад. Аз ин рӯ, хеле муҳим аст, ки барои кӯдакон дониши дуруст тавассути усулҳои инноватсионии муосир пешниҳод гардад. Дар акси ҳол, чун кӯдак ба воя расад, тафаккуру ҷаҳонбинии нодурусти ӯро ислоҳ кардан мушкил хоҳад буд. Дар ин асно, роҳбари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ бо ишора ба ду ниҳоди муҳими кишвар – Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Пажуҳишгоҳи рушди маориф таъкид бар он доштанд, ки ин масъалаҳо ҳанӯз беҳбудии ҷиддӣ мехоҳанд. Бо назардошти он, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бунёд гардидани зиёда аз 3900 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла муассисаҳои типи нав, яъне гимназия, литсею коллеҷ, инчунин, донишгоҳу донишкада ба қайд гирифта шудааст, бояд сатҳу сифати таълим ва донишу малакаи педагогӣ дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ низ баланд бардошта шавад. Зеро кӯдакон бояд аз давраи таҳсилот дар мактаб дониши дурусти ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ва малакаҳои ба ном “малакаҳои асри XXI” (пешсаф будан, тафаккури интиқодӣ, ҳамкорӣ, уҳдабарорӣ, навоварӣ, муошират, ҳалли мушкилот, ба нақшагирӣ, малакаҳои таҳлилӣ ва ғ.)-ро гирифта ба донишгоҳои олии касбӣ дохил шаванду он дониши фарогирифтаро дар самтҳои интихобшудаи баъдинаашон сайқал дода тавонанд.
- Нерӯи кории соҳибихтисос: Таҳлили вазифаи аввали илму маориф нишон медиҳад, ки амалӣ намудани вазифаи дувуми он, яъне омода намудани нерӯи кории соҳибихтисос аз он вобастагии мустақим дорад. Зеро, ба фикри мо, омода намудани нерӯи кории соҳибихтисос дар доираи макотиби олӣ оғоз намешавад, балки заминаи дурусти онро мактабҳои таҳсилоти умумӣ омода мекунанд. Агар он замина, ки дар давоми 11 соли таҳсили кўдакон ва наврасон дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ касб мегардад, заиф бошад, дар давоми 4 соли донишгоҳӣ хеле мушкил хоҳад буд, то мутахассисони комили соҳаҳои мухталифро омода созем. Аз ин рӯ, ин вазифаи илму маориф дар омода намудани нерӯи кории соҳибихтисос на аз зинаи донишгоҳӣ, балки аз давраи таҳсилоти ибтидоиву таҳсилоти умумӣ оғоз гардида, яке аз вазифаҳо калидӣ буда, амалӣ шуданаш дар ҳамбастагӣ бо вазифаи аввали соҳаи илму дониш имконпазир аст. Зеро танҳо мутахассисони баландихтисоси давлат дар баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат ва рақобатпазирии кишвар дар бозори ҷаҳонӣ метавонанд саҳм гузоранд ва рушди устувори кишварро нигаҳ доранд.
- Рушди захираҳои зеҳнӣ вазифаи савуми илму маориф ба шумор рафта, дар асоси ду вазифаи баёнгардида муҳайё мегардад. Омода намудани захираҳои устувори зеҳнии кишвар аз устувории таҳсилот дар макотиби таҳсилоти умумӣ ва олӣ вобастагии зич дорад. Илму маориф на танҳо донишҳои техникӣ фароҳам меоваранд, балки тафаккури интиқодӣ, эҷодкорӣ ва малакаҳои муоширатро инкишоф медиҳанд, ки танҳо дар заминаи донишҳои пешинаи одамон бунёд мегарданд. Танҳо дар ин маврид шароит барои эҷод намудани як ҷомеаи устувор ва мутобиқшуда ба замона пайдо мегардад, ки ин дар навбати худ барои муқовимат нишон додан дар рӯ ба рӯи тағйирот ва мушкилоти дохилӣ ва беруна мусоидат мекунад.
- Навоварӣ ва пешрафти технологӣ, ки вазифаи навбатии илм ва маориф шинохта мешавад, барои тавсияи навоварӣ ва технологияҳои ҷадид мусоидат мекунад, ки ин дар навбати худ просессҳои истеҳсолотӣ ва истифодаи манобеъро беҳбуд мебахшад ва заминаҳои нав барои рушди иқтисодӣ фароҳам меоварад. Ин вазифаи меҳварии илм ва маорифро танҳо мутахассисони баландихтисос ва захираҳои зеҳнии кишвар, ки донишу малакаҳои рушдёфтаву ҷавобгӯ ба талаботи муосир доранд, метавонанд бар души худ гиранду амалӣ созанд. Бо ибрози он, ки “имрӯз кишварҳои мухталифи дунё бар пояи илму дониш, ихтироъкориву истеҳсол ва истифодаи техникаву технологияҳои муосир тараққӣ карда истодаанд” Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз ба ҳамин вазифаи муҳими илму маориф ишора намудаанд. Дар идома изҳор доштанд, ки “Бо мақсади суръат бахшидан ба рушди инноватсионӣ ва саноатикунонии кишвар мо соли 2021 Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030-ро қабул намудем. ... Татбиқи сифатноку самарабахши стратегия метавонад рушди инноватсионии кишвар ва пайванди илм бо истеҳсолотро густариш бахшида, коркардҳои нави технологиро ба вуҷуд оварад”;
- Тадқиқот ва рушд, ки низ вазифаи муҳими илм ва маориф дониста мешавад, дар таҳияи стратегияҳои рушди устувор ва дар муайян ва ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ-иқтисодӣ нақши калон дорад. Тадқиқотҳои илмӣ дар муайян кардани таҷрибаҳо ва самтҳои бехатару беҳтарин барои ноил шудан ба рушди устувор кумак мекунанд. Зинаи муҳимтарини амалӣ намудани ин вазифаи илму маориф дар эҷод намудани робитаи тадқиқотҳо бо истеҳсолот мебошад. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси ба таври дуруст амалӣ нашудани ин вазифаи муҳими илму маориф нигаронии хешро изҳор намуда, таъкид бар он доштанд, ки “Таҳлили ҳисоботи академия тайи солҳои 2021 – 2023 нишон медиҳад, ки аз ҷониби қисме аз аъзои вобаставу пайваста ва дигар кормандони илмӣ дар ин муддат ягон таҳқиқоти мушаххаси илмӣ анҷом дода нашудааст. ... Мо соли 2022 Қонун «Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмиву техникӣ»-ро қабул намудем. Татбиқи қонуни зикршуда метавонад вазъи маблағгузории соҳаи илмро бамаротиб беҳтар гардонида, ба ҳарчи бештар амалӣ шудани дастовардҳои илм дар истеҳсолот мусоидат намояд”. Ин суханони Президенти кишварамон маҳз бар муҳиммияти вазифаи мазкур ва ба вуҷуд овардани робита миёни илму истеҳсолотро таъкид намуда, нақши олимону зиёиёнро дар амалӣ намудани он калидӣ донистаанд.
Умуман, илм ва маориф унсурҳои асосии рушди устувори кишвар мебошанд, зеро онҳо барои инноватсия, рушди сармояи инсонӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ замина фароҳам меоранд. Рушди устувори илм ва маориф бошад аз пайдарҳамии амалӣ шудани панҷ вазифаи таҳлилгардида вобастагии мустақим дошта, рушди устувори шаҳрвандон ва ҷомеаро фароҳам меоварад. Аз ин бармеояд, ки рушди устувори давлат такя бар рушди доимии илму маорифи кишвар дошта, танҳо дар ин маврид давлат метавонад дар рӯ ба рӯи чолишҳои ҷаҳони муосир истодагарӣ намояд.