wrapper

Варқа ОХОННИЁЗОВ, доктори илмҳои филологӣ, сарходими шуъбаи фолклор ва адабиёти Бадахшони Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ

 

ПАЁМ:

МАЪНО, МАЗМУН, ҲАДАФ ВА АРЗИШИ ОН

 

Калимаи “паём” дар луғот ва фарҳангҳо ба маънои “хабар”, “пайғом”, “расолат” ва амсоли инҳо омадааст. Инчунин, ба мазмуни “аз забони касе матлабе (катбӣ ё шифоҳӣ)-ро ба дигаре расондан” низ истифода мешавад. Аз ин ҷост, ки барандагони паёмро “паёмбар”, “пайғомбар” ё “пайамбар”-у “пайғамбар” мегуфтанд.

Бузургтарин расолате, ки дар мавриди эътиқод анҷом пазируфт, аз ҷониби Расули Акрам Муҳаммади Мустафо дар расондани паёми Худованди аззаву ҷалл ба инсоният буд. Ҳазрати Расолатпаноҳ ин масъулияташро дар назди Офаридгор ва офаридаҳои ӯ бо сарбаландӣ адо намуд ва паёми Худоро аз аввал то ба охир ба онҳо мунтақил сохт. Паёми Худо саропо панд, саропо рамз ва саропо равшанӣ буд барои онҳое, ки ба мафҳум ва ботинашон сарфаҳм рафтанду амал намуданд ва ин паём саропо оташ, саропо гиреҳ ва саропо торикӣ  буд барои онҳое, ки аз такаббуру ҷаҳлу нодонӣ ба он сарфаҳм нарафтанд ва ё сарфаҳм рафтан нахостанд. Пас, ҳадафи паёми Худо раҳоии инсоният аз ҷаҳлу торикию нодонӣ будааст. Инсонҳо ҳамеша ва ҳама вақт ба он ниёз доранд, аз он мустафод мекунанд ва ба он эътиқоду эътимод мебанданд.

Ҷои тазаккури махсус аст, ки Паёми мавриди эҳтирому зикр асосан бар тақвияти ва таҳкими руҳонияти одамон тамаркуз мекунад. Аммо инсонҳо инчунин зиндагии моддӣ ва дунявӣ низ доранд. Онҳо дар доираи вазъҳои таърихӣ ва рукнҳои фарҳангӣ, баромади миллию иҷтимоии худ ба гурӯҳҳою халқҳову миллатҳо ҷудо шуда, ҳар қисмате аз ин мардум давлатҳои миллии худро фароҳам меоранд ва онро ҳаматарафа рушд мебахшанд. Давлатҳои миллӣ дар чаҳорчўби ахлоқу одоб, тамаддуну фарҳанг, ҳуқуқу масъулият ва қонунгузориҳою низоми давлатии ба худ хос ҳаёт, фаъолият ва рушди худро ба роҳ мемонанд. Ба унвони мисол, давлати тоҷикон, яъне Ҷумҳурии Тоҷикистони мо дар асоси рукнҳои дар боло зикршуда ва инчунин бар арзишҳо ва ҳадафҳои умумимиллӣ пойдор буда, дар ҳар марҳилаи ҳаёт ва рушд ба нақшаҳои муҷаддад ва паёмҳои мукаммал эҳтиёҷ пайдо мекунад. Паёми Сарвари давлат ба намояндагони халқ маҳз олитарин дастур дар сатҳи Давлат, Ҳукумат ва Намояндагони халқ аст, ки ҳадафи он роҳнамоии мардум ба сӯи ояндаи нек ва зиндагии шоиста мебошад. Паёми Президенти кишвар ҳуҷҷатест, ки раванди рушди кишвар ва таҳаввули ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мардумро зина ба зина, сол ба сол, давра ба давра ва соҳа ба соҳа таҳлилу пешгӯӣ менамояд. Таҳаввулоти ҳаматарафаи оламу одамро ба инобат гирифта, ин Паём ҳар сол ироа мешавад, зеро олам мутағайир аст ва мушкилоту пешравиҳо метавонанд дар давраҳои гуногун ҷойгузини якдигар бошанд.

Акнун чанд сухан аз сохтор, муҳтаво ва ҳадафи Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро рӯи қоғаз меорем, то гуфтаҳои боло ташреҳ ва собит гарданд.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки 28-уми декабри соли 2023 ироа гардид, “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии љумҳурӣ” ном дошт. Унвони Паём муъҷаз, вале воқеан паёмдиҳанда аст. Муҳтавои асосии Паём дар ду калима маҳафуз аст: самтҳо ва сиёсатҳо. Ин ду калима кулли маъно, мазмун ва ҳадафи Паёмро дар худ паноҳ додаанд. Ба сухани дигар, “Самтҳои асосӣ” ва “Сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ”-и мамлакат ҳамоно кулли соҳаҳои ҳаёти мардуми кишварро дар назар доранд.

Паём расман аз таҳлили арқом ва омори соли 2023 оғоз мегардад, вале дар бисёре аз муқоисаҳо Пешвои миллат ба санаду омори солҳои пешин, махсусан ҳафт соли пеш ба такрор муроҷиат мекунад. Ба фикри ин ҷониб, муроҷиат ба омори ҳафтсола ва муқоисаи он бо соли 2023 рамзӣ набуда, балки асоси илмӣ ва таърихӣ дорад бо чанд сабаб, ки дутошон инҳоянд:

Аввалан, дар ҳафт соли охир имтиҳонҳои сахти пешбининашуда бар сари инсоният, бо шумули аҳолии Тоҷикистон, омаданд ва сиёсати пешгирифтаи Давлат ва Ҳукумати мамлакати мо бо сарварии Пешвои миллат устувор будани хешро ба ҳар гуна пешомадҳои номатлуб собит сохт. Инро Президенти муҳтарам ба таври оқилона чунин ба таъкид гирифт: “Сарфи назар аз таъсири омилҳои манфии солҳои охир, аз ҷумла паҳншавии бемории сироятии КОВИД–19, низоъҳои тиҷоратӣ, муноқишаҳои минтақавӣ, халалдор гардидани низоми муносибатҳои байналмилалии иқтисодиву молиявӣ ва таъсири бевоситаи онҳо ба иқтисоди миллӣ ба мо муяссар шуд, ки нишондиҳандаҳои рушдро дар ин марҳалаи ҳассос таъмин намоем”.

Дуюм, шумораи 7 то андозае рушди иқтисодии мамлакатро ба давраҳо табақабандӣ мекунад ва бурду бохти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқро метавон дар муқоисаи се ҳафтсолаи ҳаёти мамлакат таҳлилу хулосабандӣ намуд. Худи Президенти кишвар зикр менамояд: “Танҳо пас аз барқарорсозии сулҳу субот ва роҳандозии фаъолияти бонизоми соҳаҳои фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ мо имконият пайдо кардем, ки ба масъалаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат машғул шавем. Яъне мо ба рушди иқтисодии мамлакат аз соли 2000-ум – ҳамагӣ 23 сол пеш шуруъ кардем”. Бо такя ба ин  суханони Сарвари давлат, метавон хулоса кард, ки соли 2024 ҷамъбасти 7- солаи сеюми рушди воқеии иқтисоди кишвар маҳсуб мешавад.

Зикр бояд кард, ки таҳлилу муқоисаҳо дар Паём инчунин вазифагузориҳоро дар пай доранд. Президенти мамалакат дар асоси пешниҳоди омори соҳаи мушаххаси хоҷагии халқ, вазорату идораҳои марбутаро вазифадор месозад, то роҳҳои зиёд намудани ин ё он маҳсулот ва ё рушду равнақ додани ин ё он соҳаро дар давоми солҳои минбаъда таъмин намоянд. Барои мисол, дар хусуси яке аз мушкилоти даврони муосири сайёра ҳарф зада, Президенти кишвар масъулинро ба ин сон роҳнамоӣ мекунад: “Бо дарназардошти тағйирёбии иқлим ва бо мақсади беҳтар кардани вазъи экологии кишвар, инчунин, муҳайё намудани шароити ҳарчи беҳтар ва мусоиди зист барои аҳолӣ ба Ҳукумати мамлакат, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва тамоми сохтору мақомоти давлатӣ супориш дода мешавад, ки барномаи мушаххаси давлатӣ оид ба кабудизоркунии кишварро барои давраи то соли 2040 қабул ва амалӣ намоянд”.

Чунин таъкиду роҳнамоӣ, масъалагузорӣ ва вазифасупориҳои мушаххас нисбати тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ дар Паём зикр гардидаанд ва онҳо воқеан ояндаи беҳтарро барои мардуми мамлакат муаррифӣ менамоянд. Аллакай, чунон ки бояд бошад, вазорату идора ва кумитаву муассисҳои дахлдор, ҳар яке дар алоҳидагӣ ва ҳамаашон дар якҷоягӣ, нақшаҳо ва стратегияҳои амалҳояшонро тибқи таҳлилҳои Паём таҳия намуда истодаанд ва дар наздиктарин фурсат ба роҳандозии онҳо шуруъ мекунанд. Аз ин рӯ, шакке дар дуруст ва оқилона амалӣ шудани ин нақшаҳо нест, зеро мутахассисони беҳтарини миллат ба таҳияву амалигардонии онҳо вобаста шудаанд.

Ҷои тафаккур бар сари ду-се ҷанбаи дигари Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурӣ барои мо мемонад, ки аз назари шаҳрванди қатории мамлакат ба онҳо муносибат ва аз онҳо пайравӣ кардан моро ба ояндаи боз ҳам шукуфотар мерасонад.

Яке аз масъалаҳо, ки Пешвои миллат дар Паёми имсола ба он тамаркуз намуд, “ташаккули маърифтаи ҳуқуқии шаҳрвандон” аст. Сухани Президенти кишвар дар ин ҷода ин буд: “Бояд гуфт, ки дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад”. Дар идомаи ин суханон Президенти кишвар талаби такмили системаи судии давлат, таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқ, таъмини дастрасӣ ба адолати судӣ ва иттилоот оид ба фаъолияти судҳо, муҳокимаи ошкоро ва одилонаи судӣ ба таҳкими қонуният, пешгирӣ кардани содиршавии ҷиноят, эҳтиром ба қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири электронӣ дар фаъолияти судҳоро намуд.

Аммо зарур аст бояд донист ва кӯшиш кард, ки ҳар яки мо ҳамчун  шаҳрванди Ҷумҳурӣ низ ба донистани ҳуқуқ ва масъулиятҳои хеш ҷавобгар ҳастем. Агар савияи дониши ҳуқуқии мо дар сатҳи паст қарор дошта бошад ва мо аз моҳияту талабҳои қонунгузории расмӣ бехабар бошем, пас “бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар” мушкил хоҳад буд. Аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сар карда, то қонун ва қарорҳои тоза ба тавсибрасида бояд бохабар бошем ва онҳоро дар зиндагии ҳарсоатаамон риоя намоем. Боз бармегардам ба Паём, ки дар он аз ин хусус омадааст: “Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем”. Боз ҳам ба хотири таъмини шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ва 30- солагии қабули нахустин Қонуни асосии малакати соҳибистиқлоли мо  Президенти кишвар соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намуд.

         Дуюмин масъалае, ки моро бояд ҳамчун шаҳрванд ва ба тариқи дастҷамъона барои ҳалли мудаввоми он сафарбар намояд, мусоидати бевосита дар таҳкими саривақтӣ ва навсозии иқтидори Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат мебошад. Агар Давлат ва Ҳукумати мо бо лавозимоту техникаи нав, тармиму тартиб ва таъмини шароити беҳтарин барои мудофеони Ватан сари кор гирад, мо шаҳрвандон ва падарону модарон бояд фарзандонамонро дар сафарбар намудан баҳри ҳифзи марзу буми Ватан дилгарм ва дастгирӣ намоем. Мо набояд аз дастрасӣ ба “ҳадафи азнавсозии имкониятҳои Қувваҳои Мусаллаҳ”, ки баҳри боз ҳам “беҳтар таъмин намудани амният ва суботи кишварамон мебошад” дар канор бошем.

Ва билохира, ҳама гуна хайрхоҳӣ, дастгирӣ, ҳамкорӣ ва шарикӣ танҳо ва танҳо дар чаҳорчӯби арзишҳои миллӣ ва ба хотири таъмин намудани ҳадафҳои рушди устувор  амалӣ мегарданд. Ин аст як ҷанбаи дигари муҳим, ки дар Паём аз он ёд гардидаст, чунончи:  “Мо аз ҳамкориҳои худ бо ҳамаи ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва дигар шарикони рушд қаноатманд мебошем ва минбаъд низ бо мақсади таъмин намудани ҳадафҳои рушди устувор ҳамкориҳои худро бо онҳо густариш медиҳем”.

Ҳамин тариқ, Паём дар замони муосир роҳнамое аст ба сӯйи ояндаи нек, ояндаи шукуфо ва ояндаи шоиста. Паёмро бояд бо ҳамин маъно шинохт ва бо ҳамин ҳадаф амалӣ намуд.