wrapper

Паёми Пешвои миллат – омили муваффақият

(мусоҳибаи муовини сардори идораи телевизион ва радиои ВМКБ Тоҷинисо Файзуллобекова бо директори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ Қаландариён Ҳ.С.)

Т.Ф.: Лутфан бигўед, ки аз назари Шумо Паём чӣ ҳуҷҷатесту чӣ барномаест?

Ҳ.Қ.: Паём ин як ҳуҷҷати барномавӣ аст. Чун ҳуҷҷат аст, пас, далелу бурҳон дорад, муҳру имзо дорад, қонунӣ ҳаст, қудрати ҳимояту ҳифозат дорад ва аз назари юридикӣ ҳуқуқи талабу дархост кардан низ дорад.

Ва чун барнома аст, барнома омўхта мешаваду омўзонда мешавад; барнома нақша дораду вазифаҳо; нақшаҳо иҷро мешаванду вазифаҳо амалӣ.

Аз ин рў, Паём ҳуҷҷаи барномавиест, ки фарогири тамоми ҷабҳаҳои давлатдорӣ буда, дар он оид ба пешбурди самараноки сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузошта шудаанд.

Т.Ф.: Дар оғози Паём Пешвои миллат ба вазъи ҷаҳони муосир ишора намуда, эълон намуданд, ки соли 2023 дар умум барои мардуми шарифи Тоҷикистон соли пурбарор буд. Дар ин мавзуъ чӣ гуфтаниҳое доред?

Ҳ.Қ.: Пешвои миллат дар ду паллаи тарозўи сол – дар яке мураккабшавии вазъи ҷаҳони муосир, тағйирёбии иқлим, хушксоливу камобӣ ва дар дигаре заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар мегузорад ва ғалабаи заҳмату меҳнат бар машаққатро эълом дошта, ҷамъбасти як соли бобарору бомуваффақиятро эълон менамояд. Барои тасдиқи ин сухан Пешвои миллат ба чанд нишондодҳои рақамӣ ишора менамоянд, ки дар ҳақиқат Ҳукумати ҶТ бо сарварии Роҳбари Давлат дар доираи андешаву арзишҳову ормонҳои миллӣ кору фаъолият намуда, ба муваффақиятҳо назаррас ноил гардид.

Махсусан, нисбат ба соли гузашта ба андозаи 8,3 фоиз зиёд гардидани маҷмўи маҳсулоти дохилии кишвар ва ба беш аз ба 130 млрд. сомонӣ расонидани он ва ҳамчунин таъмин гардидани қисми даромади буҷети давлатӣ ба андозаи 102,5 фоиз баёнгари рушди босуботи кишвар дар соли ҷамъбастӣ мебошад. 

Танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар беш аз 40 млрд сомонӣ равона шудааст, ки нисбат ба соли 2022 5,3 млрд сомонӣ зиёдтар мебошад.

Роҳбари давлат таъкид намуданд, ки новобаста аз вазъи номусоиди ҷаҳони муосир, паҳншавии бемории сироятӣ КОВИД-19, низоъҳои тиҷоратӣ, муноқишаҳои минтақавӣ ва халалдор гардидани низоми муносибатҳои молиявӣ ва таъсири онҳо ба иқтисоди миллӣ НИШОНДИҲАНДАҲОИ РУШД дар ин марҳалаи ҳассос таъмин гардиданд.

Даромади пулии аҳолӣ соли 2023 дар нисбати 2017 3,3 баробар афзоиш ёфта, музди миёнаи меҳнат 2 баробар ва нафақаи ниҳоӣ 1,9 баробар зиёд гардида бошад, сатҳи камбизоатӣ аз 29,5 фоизи соли 2017 то 21,2 фоизи соли 2023 коҳиш дода шуд. Ба илова, нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999 то 62 банди фоизӣ дар соли 2023 паст карда шуд, супориш дода шуд, ки дар ҳафт соли минбаъда сатҳи камбизоатӣ бодя ба 10 фоиз паст карда шуда, суръати рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин карда шавад.

Т.Ф.: Ба фикри Шумо меҳвари усулии Паёмро чӣ ташкил медиҳад?

Ҳ.Қ.: Паём фарогири тамоми масоили иҷтимоиву иқтисодии кишвар буда, ба навъе саргузашти таърихии миллату мардуми тоҷик мебошад. Ва бешак меҳвари усулии Паёмро боло бурдани сатҳи некуаҳволии мардум, ҳалли мушкилоти мавҷуда, фароҳам овардани шароити мусоиди кориву зиндагӣ ва расидан ба ҳаёти шоиста ташкил медиҳад.

Сарвари давлат дар доираи Паёми имсола низ барои беҳтар намудани вазъи иҷтимоии шаҳрвандони кишвар супориш доданд, ки аз якуми январи соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот 40 дар сад зиёд мешавад. Ҳамзамон бо ин, Сарвари давлат масъалаи аз 1 июли соли 2024-ум 30 дар сад боло рафтани нафақаҳои суғуртавии меҳнатӣ, инчунин иловапулии онҳоро ба миён гузошта, дар ин замина ба тасвиб расидани дастуру фармоишоти заруриро ёдовар шуданд. Сарвари давлат, ҳамчунин бар он афзуданд, ки аз 1 июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин стипендияҳо 40 дар сад зиёд мегардад. Бояд изҳор намуд, ки ин тарзи масъалагузории иҷтимоию молиявӣ дар мамлакат собиқа надорад.

Баланд будани нишондиҳандаҳои рақамӣ дар қиёс бо солҳои пеш, аз ҷумла ворид шудани сармояи хориҷӣ, амалӣ шудани шумораи зиёдтари лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ, сохта ба истифода дода шудани корхонаҳову коргоҳҳои истеҳсолӣ аз ҷониби соҳибкорони ватандўсти кишвар, таъсис ёфтани ҷойҳои нави корӣ, таҳкими ҳамкориҳо бо ширкатҳои ватаниву хориҷӣ ва ба илова, ба андозаи 40 фоиз зиёд намудани маоши вазифавии кормандон аз он дарак медиҳад, ки Тоҷикистони азизи мо дар кўтоҳтарин давраи рушди худ аз қатори кишварҳои дар ҳоли рушд ба гурўҳи кишварҳои мутараққӣ дохил хоҳад шуд.

Т.Ф.: Роҳбари давлат дар Паём ишора намуданд, ки мо ба рушди иқтисодии мамлакат танҳо аз соли 2000-ум шурўъ кардем. Чаро ба ин мавзуъ дар Паём ишора намуданд ва оё таърихи рушди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон аз ягон ҷиҳат рабте ба ин сана дорад ё не?

Ҳ.Қ.: Дуруст аст, ки Истиқлолиятро замоне ба даст оварда будем, ки тамоми соҳаҳои ҳокимияти давлатӣ куллан фалаҷ гардида буданд, байни ҷонибдорони ҳукумати марказӣ ва гурўҳҳои мухталифи мухолифон даргириҳои мусаллаҳонаи даруниқавмӣ ба вуқўъ пайваст. Баъд аз имзо шудани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ (1997), се-чор соли дигар зарур буд, то вазъият дар кишвар ором гардад, гурезагон ба ватан баргарданд, шохаҳои асосии ҳокимияти сиёсӣ ва рукнҳои идоракунии давлат тибқи принсипҳои давлати дунявию ҳуқуқбунёд фаъолияти солими худро ба роҳ монанд. Аз ин рў, Пешвои миллат дар Паём ишора намуда буданд, ки “танҳо пас аз барқарорсозии сулҳу субот ва роҳандозии фаъолияти бонизоми соҳаҳои фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ мо имконият пайдо кардем, ки ба масъалаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат машғул шавем”. Бо ин ишора, аз як тараф, Пешвои миллат сад афсўс мехўрад, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ лаҷоми давлатдорӣ ба дасти фурсатталабони мунофиқу мухолиф афтод ва ногузир ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонд ва рушди давлати соҳибистиқлолро беш аз даҳ сол ба қафо кашид. Аз ҷониби дигар, Роҳбари Давлат ифтихорманд аз он аст ва башорат аз он медиҳад, ки Ҳукумати ҶТ муваффақ гашт то дар 23 соли оромиву суботи сиёсӣ ба ҳадафҳои стратегии худ расад.

ВМКБ низ чун яке аз гўшаҳои нотакрори кишвари азизамон Истиқлолиятро бо як оғўши кушод пешвоз гирифт ва мардуми бедордили он аз болафшонии байрақи озодӣ дар ин баландиҳо хушҳолӣ мекарданд. Аммо мутаассифона, ба иллати таъмин набудани волоияти қонун дар вилоят мардум аз шуълаи истиқлолу озодиву саодатмандӣ дертар баҳраманд гаштанд. Ин боис гардид, ки дигар қисматҳои кишварамон ба маротиб аз мо пеш гузаштанд. Агар дар дигар гўшаву канори мамлакат 23 соли рушди босубот рафта бошад, ВМКБ танҳо таърихи яксолаи оромиву осудагиро паси сар кардааст. Дар як соли рушду пешрафт бо ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ва саҳмгузориҳои ҳадафмандонаву хизмати шарафмандонаи Раиси вилоят, муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ мо бо натиҷаҳои бузург як ҷаҳиши таърихӣ доштем ва ин ҷаҳиш зиндагии мардумро куллан ба тарафи мусбат тағйир дод.

Т.Ф.: Пас, таъмини волоияти қонун ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои давлату шаҳрванд мусоидат мекунад ва натиҷааш, албатта, ба рушду инкишофи тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ оварда мерасонад.

Ҳ.Қ.: Бе ягон шакку тардид! Ҷаноби Олӣ дар Паём дуруст таъкид кардаанд, ки тамоми дастоварду пешравиҳои то имрўз ноилшудаи кишвар натиҷаи қонунҳои таҳия ва қабулкардаи парламенти мамлакат мебошад.  “Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия, - мегўяд Сарвари Давлат, - ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем”. Соли 2024 ба қабули Конститутсияи ҶТ 30 сол пур мешавад. Пешвои миллат ба ифтихори таҷлили ин санаи муҳимми таърихӣ пешниҳод намуданд, ки ин сол “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон карда шавад. Ин иқдоми хело актуалӣ ва саривақтӣ мебошад, зеро яке аз сабабҳои асосии содиршавии ҷиноят аз тарафи шаҳрвандон ва вайрон кардани меъёрҳои қонун маҳз надонистани худи қонун аст.

Маърифати ҳуқуқӣ – маҷмўаи арзишҳо ва донишҳои ҳуқуқиест, ки барои баланд бардоштани дарку эҳсоси волоияти қонун ва густариш додани донишҳои ҳуқуқӣ нигаронида шудааст.

Т.Ф.: Аз муҳтавои Паём бармеояд, ки Пешвои миллат дар Паём ҷомеаи ҷаҳонӣ ё ҷомеаи башариро мухотаб қарор медиҳад ва ба масъалаҳои муҳимми глобалӣ таваҷҷуҳ мекунад. Дар ин мавзуъ чӣ гуфтаниҳое доред?

Ҳ.Қ.: Пешвои миллат ба мушкилоти давлатдории дохилӣ ишорат намуда, ҷо-ҷо аҳли башар ва ё ҷомеаи башариро низ мухотаб қарор медиҳад. Ин албатта, бесабаб буда наметавонад. Дар замони ҷаҳонишавӣ кишвари Тоҷикистон мисли дигар давлатҳо ҷузъи ҷудонашавандаи олам аст ва ҳатто як мушкилоти ҷузъии кишвари мо масъалаи мавриди ташвиш ва баҳси дигар минтақаҳо аст ва баръакс. 

Масалан, гармшавии ҳарорати сайёра ва оқибатҳои манфии он, ба мисли камобӣ, хушксолии паёпай, бад шудани ҳолати муҳити зисти инсоният, вазнин шудани таъминот бо маводи ғизоӣ ва оби босифати нўшокӣ ба паҳншавии бемориҳои сироятӣ оварда мерасонад. Барои ҳамин ҳам Пешвои миллат ба аҳли башар муроҷиат намуда, ба хотири наҷоти табиату инсоният андешидани тадбирҳои бетаъхиру муассирро талаб мекунанд.  

Ва чун кишвари мо аз рўи мавқеи ҷуғрофӣ дар қисмати мусоиду муносиб қарор дорад, дар таъмини таносуби мувозинати табиии минтақа саҳмгузору пешсаф будани мо ба нафъи кулли минтақа аст.

Ҳамчунин чун Тоҷикистон минбаъд низ сиёсати дарҳои кушодро пеш мебарад, ногузир бо тамоми кишварҳои дунё, махсусан кишварҳои исломӣ ҳамкории худро боз ҳам густариш медиҳад. Пешвои миллат дар Паём аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал меоварад, ки ҳамаи низоъҳо, махсусан дар Афғонистон ва Ховари Миёна танҳо бо роҳи музокирот ва муколама ҳал карда шаванд.

Т.Ф.: Шумо чун яке аз роҳбарони муассисаҳои илмӣ-академикӣ дар бораи мақоми олим ва мавқеи илм дар Паём чӣ метавонед гуфт?

Ҳ.Қ.: Бояд иқрор шуд, ки дар тамоми фаъолияти чандсолаи Роҳбари Давлат масъалаи илму маориф ҳамеша дар мадди назарашон буда, таваҷҷуҳи хосса ба ин соҳа дар Паёми навбатӣ низ комилан зоҳир аст. “Рушди илму маориф, - мегўяд Пешвои миллат, - калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад”.

Роҳбари Давлат дар баробари баланд бардоштани моҳонаи вазифавии кормандони илму маориф ба идораҳои дахлдор ҷиҳати маблағгузорӣ, тақвият ва истифодаи самараноки сармояи инсонӣ роҳандозӣ намудани тадбирҳои муассир ва заруриро супориш намуданд. Ҳамчунин супориш дода шуд, ки ба рушди иқтидори илмии муассисаҳои илмӣ дар доираи лоиҳаҳои давлативу байналмилалӣ диққати ҷиддӣ дода шуда, дар раддабандии ҷаҳониву минтақавӣ мавқеи шоиста ишғол намудани муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар таъмин карда шавад.

Дар баробари дастгириҳои пай дар пайи Сарвари давлат аз соҳаи илму маориф дар амал татбиқ намудани корҳои илмиро аз муҳимтарин вазифаҳои олимон баршумурданд. Имрўз фурсате фаро расидааст, ки олимони мо бо тадқиқотҳои арзишманди худ дар пешрафту тавсеаи минтақа саҳми босамари худро расонанд. Имрўз коршиносон маълум намуданд, ки 60 дарсади ҳудуди Тоҷикистон дар мавзеъҳои баландкўҳ, 21 дарсад дар ҳудуди миёнакўҳ, 10 дарсад дар доманакўҳҳо ҷойгир буда, танҳо 9 фоизи он барои рушди кишоварзӣ имконияти мусоид дораду халос. Пас, дастгирии бесобиқа дар ҷаҳон аз соҳаи илму маориф моро ҳам водор месозад, ки вобаста ба густариши иқтисодиёту мавқеи ҷуғрофии кишварамон тадқиқотеро ба анҷом расонем, ки дар ҳамин вазъияти мавҷуда рушди иқтисоди мамлакатро ба даст оварда тавонем.