Шоинбеков Аловиддин. Шоҳбурҳони Валӣ. - 2023 -70 саҳ.
Муҳаррири илмӣ:
номзади илмҳои фалсафа
Отамбек Мастибеков
Зери назари доктори илми филология
Қаландариён Ҳоким Сафар
МуҚарризон:
Л. Мирзоҳасанов
Ҷ.Улфатшоев
Соли 2022 бо ташаббуси бевоситаи МИҲД-ии ВМКБ ва кумаки молиявии Бонки умумиҷаҳонӣ тармиму таҷдиди яке аз ёдгориҳои калони таърихии н. Роштқалъа мазори Шоҳбурҳони Валӣ дар ҷамоати деҳоти Тусиён оғоз ёфт. Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ тасмим гирифт, ки дар пайравии ин иқдоми нек китоберо таҳти унвони «Шоҳбурҳони Валӣ» нашр намояд.
Исми Шоҳбурҳони Валӣ дар Бадахшон, бахусус, дар ноҳияҳои Роштқалъа, Ишкошим, Шуғнон ва шаҳри Хоруғи ВМКБ хеле машҳур буда, бисёр мавзеъҳо ва нақлу ривоятҳоро ба номи ў мансуб медонанд. Аз ин Ҷо зарурате ба миён омад, ки дар мавриди ин шахсият ва маконҳои ба номи ў марбут маводе гирдоварӣ гардад, то кӣ будани ин фарди номдор ва зиндагиномаи вай маълум шавад.
Дар ноҳияҳои Ишкошиму РоштҚалъа хонаю оромгоҳ, зиёратгоҳу Қадамгоҳи ин ориф зиёданд ва онҳо чун мавзеъҳои таърихӣ Қимати баланди илмӣ доранд.
Китобча барои сайёҳон, кишваршиносон, таърихшиносон, мардумшиносон, фолклоршиносон ва доираи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.
Оид ба зарурияти нашри ин китоб, муаллифаш чунин маълумот додааст: «То кунун доир ба Шоҳбурҳони Валӣ ривоятҳои зиёд дар шакли шифоҳию пароканда дар миёни мардуми водиҳои Шохдара, Вахон, Ғорон ва ш. Хоруғу ноҳияи Шуғнон боқӣ мондаанд. Кори нахустамон он буд, ки ин ривоятҳоро Ҷамъ оварда маълум намудем, ки оид ба омадани Шоҳбурҳон ба Бадахшон ду хел (дар ду шакл) маълумоти шифоҳӣ ва бо ҳам мухолиф мавҶуданд.
Тибқи як қатор маълумотҳо ва ривоятҳо Шоҳбурҳони Валӣ бо чор Қаландар Шоҳ Қамбари Офтоб, Шоҳ Исомиддин, Сайид Ҳасан, Шоҳ Мубораки Валӣ аз сарзамини Сабзавори Эрон ба мақсади паҳн намудани дини ислом ба Бадахшон тавассути Қошғар ба Вахон омадааст. Аз рӯйи маълумотҳои дигар Шоҳбурҳони Валӣ бо ин маҚсад бо се Қаландар Шоҳи Хомўш, Шоҳ Маланг ва Шоҳи Кошон тавассути кули Шева ба Шуғнон омадааст. Бинобар ин, дар ин китобча вобаста ба ҳар ду шакл маълумоти шифоҳӣ ва намунаи ривоятҳоро баррасӣ менамоем. Дуюм, оид ба омадани Шоҳбурҳон бо дигар мубаллиғон , ба кадом равияи ислом мутааллиқ будани ин мубаллиғон, дар кадом аср омадани онҳо миёни донишмандон баҳсу фикрҳои мухталиф мавҷуданд, ки дар ин китоб қисмате аз онҳо зикр ёфтаанд. Сеюм, аз рўйи мавқеи Ҷойгиршавии зиёратгоҳҳою Қадамгоҳҳои Шоҳбурҳон дар Бадахшон ва мазмуну мундариҶаи ривоятҳоро ба як тартибу низом даровардем. Чаҳорум, азбаски шахсияти Шоҳбурҳони Валӣ тамоман мифологӣ шуда буд ва давраи ҳаёти Шоҳбурҳон аниҚ нест, то он Ҷое ки имкон доштем, дар асоси методҳои муқоисавӣ дар кадом қарн зиндагӣ доштани Шоҳбурҳонро муайян кардем. Муайян шудани давраи Шоҳбурҳон аҳамияти хоса дорад, зеро ки таърихи маскуншавии бисёр авлодҳо тавассути давраю ҳаёти Шоҳбурҳон маълум мегардад. Панҷум, бо истифода аз баъзе сарчашмаҳои хаттӣ ва адабиёти илмӣ ривоятҳоро аз ҳақиқат Ҷудо карда, симои таърихии Шоҳбурҳонро каму беш ошкор сохтем. Шашум, тамоми нишонаҳою қадамгоҳҳои Шоҳбурҳонро дар Вахону Ғорон, Шуғнону Шохдара шахсан дидан кардем, Ҷою макони онҳоро муайян карда ба қайд гирифтем ва аксбардорӣ намудем. Ҳафтум, бори нахуст шаҷараи (насабномаи) Шоҳбурҳонро ба хонандагон пешкаш мекунем, ки он низ хеле ҷолиб аст, гарчанде ин шаҷара дар оянда ба аниҚ кардани баъзе масъалаҳои баҳснок эҳтиёҷ дорад.
МУНДАРИҶАИ КИТОБ
Пешгуфтор
Боби 1. Хонаю мазор, остонҳою Қадамгоҳҳои Шоҳбурҳони Валӣ
- Хонаи Шоҳбурҳони Валӣ
- Мазори Шоҳбурҳони Валӣ
- Остонҳо, Қадамгоҳҳо, Ҷӯйборҳо ва дигар нишонаҳои Шоҳбурҳон дар Вахону, Ғорон, Хоруғу Шуғнон ва Шохдара
Боби 2. Ривоятҳо доир ба Шоҳбурҳони Валӣ
Ривоят №1 Омадани панҶ Қаландар ба Қошғари Чин
Ривоят № 2. Кароматҳои Қаландарон дар Қошғар ва Қизил-работ
Ривоят № 3. Маскуншавии Қаландарон дар Вахон
Ривоят № 4. Хешони Шоҳбурҳон дар Вахон
Ривоят № 5. Каромати ХоҶа Риндон
Ривоят № 6. Ғайб задани Шоҳбурҳон
Ривоят №7 Ҷӯйбори Шоҳбурҳон дар Шанбедеҳи Ғорон
Ривоят № 8 Гузаштани Шоҳбурҳон ба воситаи БиҶондара ба Шохдара
Ривоят № 9. Маскуншавии Шоҳбурҳон дар Тусиён
Ривоят № 10. Ҷорўбкаши Шоҳбурҳон
Ривоят № 11. Ҷўйбори Шоҳбурҳон дар Тусиён
Ривоят № 12. Санги фалахмон (wиздоҶжир)
Ривоят № 13. Реҳлати мўъҶизавии Шоҳ Ҳисомиддин
Ривоят № 14. Каромоти Шоҳ Маланг ва Шоҳбурҳон
Ривоят № 15. Зўғу адовати Шоҳбурҳон
Ривоят № 16. Ҷавонамарг шудани писари Шоҳбурҳон
Ривоят №17. Дарахти Шоҳбурҳон дар ẋичиẋ
Ривоят №18. Каромотҳои Шоҳбурҳон дар БароҶ
Ривоят № 19. Деги Шоҳбурҳон
Ривоят № 20. Аждаҳосанги Анҷин
Ривоят № 21. Чашма ва остони Шоҳбурҳон дар Тингхон
Боби 3. Симои ҳаҚиҚии таърихии Шоҳбурҳони Валӣ.
3.1. Асотири гаштани шахсияти Шоҳбурҳони Валӣ
3.2. Нишон додани каромот тавассути асо.
3.3. Парастиши об
- 4. Парастиши санг Набард бо аждаҳо
- 6. Деги каромотӣ
Боби 4.ТадҚиҚу таҳлили сарчашмаҳои хаттӣ ва баъзе хулосаҳо оид ба шахсияти Шоҳбурҳонӣ Валӣ.
4.1. Давраи Шоҳбурҳони Валӣ
4.2. Мақсаду зарурияти омадани Шоҳбурҳони Валӣ ба Бадахшон.
4.3. Шаҷараи Шоҳбурҳони Валӣ.
Охирсухан