Ба қадри ташнагӣ обе чашидем
(дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон
дар моҳи декабри соли 2023)
Паёми имсолаи Ҷаноби олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон ба мисли паёмҳои солҳои гузашта пур аз панду ҳикмат, насиҳати як шахси ҷаҳондидаю таҷрибаи рӯзгоргирифта, таъкиду пешгӯиҳои як марди ҳақиқатан меҳанпарасту дилсӯзи миллат, моро водор месозад, ки ҳар як нуктаи Паёми ӯро сармашқи кору фаъолият ва зиндагии худ карда, чуноне ки худи Ҷаноби олӣ дар хотимаи паём баён намуданд «вазифаи ҳар яки мо дар шароити ноором, афзоиши хатарҳо, боз ҳам муттаҳид шудан аст, то ки тамоми қувваи худро барои сулҳу субот, амнияти кишвар, ҳимояи арзишҳои миллӣ равона созем».
Ҳақиқатан, ҳам ҳар як нуктаи Паём барои мо хеле муҳим аст, зеро ки он тамоми ҳаёту рӯзгори моро фарогир аст. Ҳар як нуктаи Паём моро водор мекунад, ки пеш аз ҳама бояд мо зиракии сиёсии худро аз даст надиҳем, шукронаи сулҳу субот кунем, ба хурофотгароӣ ва дигар амалҳои номатлуби иҷтимоӣ даст назанем.
Бешубҳа Паёми Ҷаноби олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон баҳрест, ки ҳар яки мо қатраеро аз он бо диду шинохти худ дарк мекунем ва баррасӣ мекунем. Ман ҳам, ҳамчун як зиёи, муаллим ва ходими илмӣ вобаста ба касбу кори худ фақат оид ба як ду нуктаи паём андешаи худро баён мекунам.
Якум, ҳамаи он дастовардҳое, ки дар Паём дар самти иқтисодию-иҷтимоии кишвар бо рақаму далелҳои асоснок баррасӣ гаштаанд, мо сокинони Тоҷикистон ҳар рӯз бо чашми худ дида истодаем, ки чи гуна дар тамоми ин самтҳо пешравиҳо дида мешаванд ва чуноне ки дар урфият мегӯянд «он чиз ки аён ҳаст, ҳоҷат ба баён нест».
Дуюм, дар масъалаи саводнок будани фарзандон. Чуноне, ки Ҷаноби олӣ иброз доштанд, то кунун баъзе волидайн садди роҳи таҳсили духтарони худ шуда, онҳоро аз синфи 9 аз таҳсил боздошта ба шавҳар медиҳанд». Ин хурофот аст, ин духтар пагоҳ модар мешавад ва агар модар бесавод бошад, миллат дар оянда бесавод мемонад. Ҷаноби олӣ дуруст қайд карданд, ки «ҳар чи қадар фарзандони шумо, босавод бошанд, касбу ҳунар аз худ кунанд, забонҳои хориҷӣ аз худ кунанд, дар ҷомеа озодона ва фаъолона фаъолият кунанд, ҳамон қадар падару модарон аз фарзандони худ кӯмак мегиранд, фарзандон ёрдамчии ҳақиқии ояндаи онҳо мешаванд».
Сеюм, Ҷаноби олӣ ҷашни Нарӯзро ҳамчун ҷашни покию озодагӣ мисол оварда, таъкид намуд, ки: «мо бояд на фақат хонаи худро тоза нигоҳ дорем, балки ҳавлию кӯча, маҳаллу деҳа ва шаҳри худро ҳамеша тоза нигоҳ дорем ва фарҳанги баланд дар ин масъала дошта бошем. Мо бояд маданияти баланди шаҳрдорӣ дошта бошем!». Ин анъанаи ниёгони мо буд, ки ҳар рӯз субҳи барвақт хеста то баромадани офтоб, бояд хонаю ҳавлӣ, раҳравҳою кӯча тоза озода руфта бошад, то ки мабодо офтоби оламоро барояду дар рӯ ба рӯяш ифлосие афтад. Ин оини қадими меҳрпарастии ниёгонамон буд ва ин оин то кунун дар бисёр мавзеҳои Бадахшон боқӣ мондааст.
Чорум, суханони Ҷаноби олӣ, хамеша нисбати модар беҳтарин суханон барои ҳар як инсон ҳастанд. Дар қадршиносии модар- волидайн Ҷаноби олӣ барои ҳар яки мо ҳамеша беҳтарин намуна аст.
Панҷум, таъкид доштан аз проблемаҳои глобалии ҷаҳон (рақобати кишварҳои абарқудрат, аз нав тақсимкунии ҷаҳон, бо суръат афзоиши ёфтани яроқу аслиҳасозӣ, таъкидӣ гуруснагӣ ва ғайра) моро водор мекунад, ки мо бояд ба оянда омода бошем «пагоҳ моро чӣ интизор аст, ягон кас пешгӯи карда наметавонад».
Шашум, сухани Ҷаноби олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон дар он хусус, ки «Ҳар ҷо ки наравед ба миллату давлати худ хиёнат накунед!» беҳтарин шиор барои тоҷикони бурунмарзӣ ва умуман барои ҳар як тоҷик аст, зеро ки хиёнат яке аз манфуртарин хислати иносонӣ аст ва маънояш ба ҷуз ватанфурӯшӣ чизи дигаре нест.
Ҳафтум, ман ҳамчун муаррих-муҳаққиқ, омӯзгори фани таърих, солҳост, ки масъалаи ҳифз, эҳё, тарғибу ташвиқ ва ба оламиён муаррифӣ кардани ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ дар мисоли Бадахшон ба миён мегузорам ва ташкил шудани Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳанги бароям беҳтарин хушхабари солинавӣ аст.
Муборак бошад Паёми навбатӣ ва соли нав бо комёбиҳои нав ба нав ба кулли мардуми шарифи тоҷик.
А. Шоинбеков, мудири шуъбаи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ИИГ ба номи академик Б. Искандарови АМИТ.