Тибқи нақшаи кории Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ ва МИҲД-и ВМКБ дар таърихи 5-умин сентябри соли 2023, дар толори Институт бо иштироки намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ - муовини раиси ВМКБ Абдулназарзода Абдулназар Абдулқодир конференсияи илмию амалӣ бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Истиқлолият – рамзи озодӣ ва худшиносии миллӣ” баргузор гардид. Дар кори конфронси илмӣ - амалӣ кормандони Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Филиали муассисаи давлатии “Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар ВМКБ” иштирок намуданд.
Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ Директори Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ, доктори илмҳои филологӣ Қаландариён Ҳ.С. оғоз намуд. Аз номи МИҲД-и ВМКБ муовини раиси ВМКБ Абдулназарзода Абдулназар Абдулқодир ҳозиринро бо иди фархунда табрик намуда, дар хусуси комёбиҳои давраи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози ақида намудаанд.
Дар конференсия аз ҷониби олимон ва коршиносони соҳа масъалаҳои зайл баррасӣ шуданд:
- “Истиқлолият – арзишмандтарин дастоварди миллат” - сардори Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзобеков Азорабек.
- Истиқлолият – нишондиҳандаи пешравии ҳамаҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ” - сардори Раёсати маорифи ВМКБ Мирзоқандов Аминҷон.
- “Истиқлоли миллӣ – ормонҳо ва воқеият” - директори филиали муассисаи давлатии “Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф” дар ВМКБ Азизбеков Раҳимдод.