wrapper

 

 

      Аз 15–ум то 18-уми августи соли 2023 ташрифи Пешвои муаззами миллат ба диёри тоҷикони кӯҳистон – Бадахшон оғоз гардид. Мусаллам аст, ки ҳар як ташрифи Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баҳри ободиву созандагӣ ва шукуфоии ҳар як гӯшаву канори вилоят, минҷумла шаҳри Хоруғ имкониятҳои зиёди нави рушду нумуъро фароҳам меоварад.

     Матлаби имсолаи ташрифи Пешвои миллат ба саноаткунонии ин минтақаи кӯҳсор нигаронида шудааст, ки аллакай марҳалаи нави рушд бомаром оғоз ёфтааст. Пӯшида нест, ки ҳар як боздиди Сарвари давлат асоси пешрафту тараққиёт ва ободонии ин гӯшаи дурдасти Тоҷикистон мегардад. Сохтану ба истифода додани иншоотҳои таъиноташон гуногун, ки дар арафаи ҳар як ташрифи Пешвои миллат анҷом меёбад, туҳфаи арзанда барои мардуми ин минтақа ба ҳисоб меравад.

      Солҳои охир ҳамагон шоҳиди созандагиву бунёдкорӣ ва ободонӣ гардидем, ки шояд дар давраҳои гузашта ба ин андоза сурат нагирифта бошад. 

      Бахусус, соли 2023 дар натиҷаи сар задани офатҳои табиӣ, боришоти зиёди барф, обхезиҳо ва фаромадани сел дар шаҳру ноҳияҳои вилоят зиндагии сокинони ин минтақаро ноором сохта, хисороти моливу ҷониро ба бор овард. Хушбахтона, бошандагони деҳаҳои офатзада аз рӯзи сар задани офати табиӣ аз кӯмаку дастгирии Пешвои муаззами миллат баҳравар гардиданд,  ки ин бе шак аз инсондӯстию лутфи беканори Пешвои муаззами миллат нисбат ба халқи худ, минҷумла нисбати мардуми Бадахшонро нишон медиҳад. Дар муддати хеле кӯтоҳ сохта ба истифода дода шудани хонаҳои истиқоматии замонавӣ бо тамоми ашёву анҷоми рӯзгор барои зарардидагон аз офати табиӣ бори дигар самимияту эҳтироми Сарвари кишварро нисбати мардуми Бадахшон собит месозад. Қобили қайд аст, ки ин цамхориҳои Пешвои миллат аз мадди назари кулли сокинони Бадахшон дур набуда, дар ташрифи навбатӣ эҳтирому самимияти мардум нисбат ба ин марди хирад бараъло эҳсос гардид.

     Албатта, ҳамаи ин, пеш аз ҳама, аз баракати истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва таваҷҷуҳу цамхории доимии Ҳукумати мамлакат ба рушди вилоят мебошад. Дар ҷавоб ба ин ғамхории Сарвари кишвар мардуми кӯҳистони Бадахшон, баҳри ҳифзи дастовардҳои истиқлолият якдилона саъю талош бар он доранд, ки барои рушди вилоят саҳми арзандаи худро гузоранд. Итминон дорем, ки муттаҳидӣ ва сарҷамъии мардуми ин сарзамини биҳиштосо ба бадхоҳони миллат имкон намедиҳад, ки ниятҳои нопоки худро амалӣ гардонанд.

      Мардуми сарбаланди Бадахшон тарафдори оромию ободӣ ва якпорчагии кишвари хеш буда, сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлатро дастгирӣ менамоянд.

 

Азорабекова Ширингул - ходими илмии шуъбаи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ

Назаршоева Чилла - ходими илмии шуъбаи забонҳои помирии Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ

 акс аз: https://pressa.tj/safari-korii-emomal%D3%A3-ra%D2%B3mon-ba-badahshon/