Институти илмҳои гуманитарӣ дар миёни институтҳои илмии ҷомеашиносии АМИТ дар соли 2020-ум фаъолияти беҳтарини илмиро нишон дода, сазовори ҷойи аввал дониста шуд. Дар оли 2020 кормандони Институти илмҳои гуманитарӣ 10 адад китоб ва бештар аз 100 адад мақолаи илмиро дар чор шумораи маҷаллаи “Масъалаҳои илмҳои гуманитарӣ”, инчунин мақолаҳои зиёди илмӣ публисистиро оид ба таърих, иқтисодиёт, забон ва адабиёту фолклори мардуми Помир дар рӯзномаҳо ва маҷаллаҳои сиёсӣ ба табъ расонданд.
Фаъолияти босамари кормандони илмӣ, аз ҷумла Абдулназар Абдулназаров, мудири шуъбаи фолклор ва адабиёти Бадахшон, Шоинбеков Аловиддин, мудири шӯъбаитаърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ, Шоидарвозова Марзия, мудири шӯъбаи иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Бадахшон, Холиқназарова Сакина, мудири шӯъбаи забонҳои помириро ба назар гирифта, аз тарафи мақомоти ҳокимияти давлатии вилоят қадрдонӣ гардида, бо ифтихорномаҳо мукофотонида шуданд.
Дар хотимаи ҷаласаи ҷамъбастӣ муовини раиси вилоят Амирбекзода Назира аз кору фаъолияти Институти илмҳои гуманитарӣ қаноатмандӣ баён намуда, барои пешрафти минбаъдаи кори илмӣ ва сиёсии кормандони он муваффақият орзу кард.
Последнее изменение Душанбе, 25 Апрел 2022