wrapper

  23-юми январи соли равон дар толори Институти илмҳои Гуманитарии ба номи академик Баҳодур Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  дар ҳузури муовини раиси вилоят  Амирбекзода Назира маҷлиси ҷамъбастии солонаи  Институт баргузор гардид. Директори Институти илмҳои гуманитарӣ , доктори илмҳои философия Ҳоким Қаландариён  дар бораи фаъолияти яксолаи Институт дар шакли фишурда маълумот дод. Қайд гардид, ки дар соли сипаришуда барои Институти илмҳои гуманитарӣ мақоми миллиро соҳиб гардидани Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  ва ҳамчунин институтҳои зертобеи он  ҷониби Пешвои миллат як падидаи нав ва боз гардидани  саҳифаи нави таърихи фаъолият  ба ҳисоб меравад.

  Институти илмҳои гуманитарӣ дар миёни институтҳои  илмии ҷомеашиносии  АМИТ дар соли 2020-ум фаъолияти беҳтарини илмиро нишон дода,  сазовори ҷойи аввал дониста шуд.  Дар оли 2020 кормандони Институти илмҳои гуманитарӣ  10 адад китоб ва бештар аз 100 адад мақолаи илмиро  дар чор шумораи маҷаллаи “Масъалаҳои илмҳои гуманитарӣ”, инчунин  мақолаҳои зиёди илмӣ публисистиро оид ба таърих, иқтисодиёт, забон ва адабиёту фолклори  мардуми Помир дар рӯзномаҳо ва маҷаллаҳои  сиёсӣ ба табъ расонданд.

 Фаъолияти босамари  кормандони илмӣ, аз ҷумла Абдулназар Абдулназаров, мудири  шуъбаи фолклор ва адабиёти Бадахшон, Шоинбеков Аловиддин, мудири шӯъбаитаърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ, Шоидарвозова Марзия, мудири шӯъбаи иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Бадахшон, Холиқназарова Сакина,  мудири шӯъбаи забонҳои помириро ба  назар гирифта, аз тарафи мақомоти ҳокимияти давлатии  вилоят қадрдонӣ гардида, бо ифтихорномаҳо мукофотонида шуданд.

 Дар хотимаи ҷаласаи ҷамъбастӣ муовини раиси вилоят Амирбекзода Назира аз кору фаъолияти Институти илмҳои гуманитарӣ қаноатмандӣ баён намуда,  барои пешрафти минбаъдаи кори илмӣ ва сиёсии кормандони он муваффақият орзу кард.

Последнее изменение Душанбе, 25 Апрел 2022