wrapper

  Имрӯзҳо Тоҷикистон аз ҷиҳати  боигарии забонӣ музеи  зиндаи таърихӣ аст. Чанде аз забонҳои қадим, ки шомили  гурӯҳи забонҳои  шарқи эронӣ мебошанд,  дар Бадахшон ва соҳили болоии Зарафшон ҳифз шудаанд. Бо иқтибоси чунин суханон аз гуфтаҳои  Пешвои Миллат Эмомалӣ Раҳмон  барномаи баргузории мизи мудаввар бахшида ба рузи  байналмилалии забони модарӣ дар мавзӯи “Забони модарӣ  дар ҷомеаи муосир , рӯйкарди илмӣ” дар Институти илмҳои гуманитарии  ба номи академик Б Искандарови Академияи миллии Илмҳои Тоҷикистон шурӯъ шуд.

  Дар ин ҷамъомади илмӣ муовини  раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ВМКБ Ёдгор Файзов иштирок дошт ва суханронӣ кард.

  Ҳамчунин дар доираи барномаи ин мизгирд муовини директор оид ба илм ва таълими  Институти илмҳои гуманитарии  ба номи академик Б Искандарови Академияи миллии Илмҳои Тоҷикистон , номзади илми филология Некушшоев Шаҳло дар хусуси  “Мушкилоти беҳбеди ҳуруфи алифбоҳои помирӣ” маъруза кард.

 

Последнее изменение Душанбе, 25 Апрел 2022