Миршакар ва фолклор
Мажнунов Абдуламин
Фолклор гаҳвораи адабиёти бачагона мебошад ва маҳз аз ин рӯ бештар асарҳои халқӣ ба доираи хониши бачагон дохил шудаанд. Суруду таронаҳо, ҳазлу шӯхӣ, афсонаҳо, нақлу ривоятҳо барин намунаҳои асарҳои фолклорӣ аввалин воситае мебошанд, ки инсонро аз хурдӣ бо санъати баланди забону маданияти бойи халқ шинос мекунанд.Асарҳои фолклорӣ дорои аҳамияти чуқур тарбиявӣ ахлоқӣ, маълумотдиҳӣ буда, хонандагони хурдсолро бо донишҳои зарурӣ дар бораи зиндагонӣ, кишвар, табиати халқи меҳнаткаш мусаллаҳ менамоянд, бо маданият, урфу одат, санъатҳои халқҳои гуногун шинос мекунанд. Шоири боистеъдод, Мирсаид Миршакар аз ибтидои фаъолияти эҷодии худ сар карда то охирҳои ҳаёташ ба яке аз соҳаҳои асосии адабиёти шифоҳӣ, адабиёти муосири тоҷик ва адабиёти бачагона аҳамияти махсус дода, дар ин соҳа хизмати калонеро адо кардааст. Устод Мирсаид Миршакар адибест ҳамқадами халқ, ки тамоми умри бобаракаташ сарфи хизмати мардум шуда, аз байни халқ баромадаву дар ҳавои софи обу хоки диёри халқи худ такомул ёфта.Тавре ки аксари муҳаққиқон ва донандагони шеъри устод Мирсаид Миршакар мӯътақиданд, шеъри ӯ аз чанд манбаъ нашъат гирифтааст:“Эҷодиёти халқ, шеъри классики тоҷик, шеъри муосири тоҷик ва шеъри муосири ҷаҳон (асосан форсизабонон ва русзабон). Аз ин шумор нақши бештарро эҷодиёти халқ ва шеъри классики тоҷик ташкил медиҳад”. Мирсаид Миршакар аз оғози эҷодиёти худ бо ҷиддияти тамом ба фолклор рӯ оварда буд, ӯ дар сафи шоироне мавқеъ гирифт, ки дар навҷӯӣ ва навовариҳои худ, дар ифодаи ғояҳои пешқадами ҳамон замон аз эҷодиёти даҳанакии халқ бомувафақият ва ҳунармандона истифода мебаранд.
Пайванди адабиёти классикӣ ва эҷодиёти халқ ба унвони ду манбаъи аслӣ дар шеъри устод Мирсаид Миршакар ба назар мерасад, ки дар муҳити адабии мардумие, ки шоир аз овони тифлӣ ба сар мебурд, ин матнҳо ва маъниҳо ва қолабҳо дар таркиби фарҳанги мардумӣ ҳалшуда, ҳатто аз баъзе осори мазкур вариантҳои халқӣ ба вуҷуд омада буд.Шоир Мирсаид Миршакар дар достони “Қишлоқи тиллоӣ”, бо вуҷуди он ки мазмуни афсонаи халқиро айнан ба назми даровардааст, ба ҳалли мавзӯъ ва вазифаи худ, ки иборат аз нишон додани ҳаёти имрӯзаи халқ аст, муваффақ гардидааст.
Тақрибан шоире нест, ки ба нақлу ривоят ва афсонаҳои халқӣ муроҷиат накарда бошад ва онҳоро мувофиқи доираи назар ва матлаби хеш ба риштаи назм надароварда бошад. Фаъолияти эҷодии шоирони тоҷик далели равшан мебошад. Дар ин бобат фаъолияти Мирсаид Миршакар, Мирзо Турсунзода ва Абдусалом Деҳотӣ ҷолиби диққат аст.Устод Мирсаид Миршакар афсонаи “Қишлоқи тиллоӣ”-ро ба назм овард, воқеияти советиро бо орзуи афсона муқобил гузошта ва сазовори мукофоти давлатӣ шуд.
Санъаткор, ки тақлидкор шуд, асараш шӯҳрати намеёбад. Аз ин рӯ, санъаткор набояд тақлид кунад, балки бояд худаш эҷод намояд.Агар устод Мирсаид Миршакар муқалиди хушку холии афсонаи халқӣ мешуд, асари вай шӯҳрат намепазируфт ва муаллиф сазовори мукофоти давлатӣ намегардид. Асарҳои устод Мирсаид Миршакар ба эҷодиёти даҳанакии халқ бевосита алоқаманд шуда, беҳтарин хусусиятҳои онро инкишоф дода, беш аз пеш ғанитар ва дилчасптар мегарданд. Асарҳои фолклорӣ ба устод Мирсаид Миршакар барои ифодаи пешқадамтарин ғояҳои замони мо хизмат мекунанд, ба эҷоди ӯ рӯҳ ва зебоӣ мебахшанд.
Мирсаид Миршакар ва шахсияти шоирии ӯ дар шеъру достонҳояш мебошад. “Қишлоқи тиллоӣ”,“Ленин дар Помир”,“Панҷи ноором”ва дигар шеъру достонҳои шоир нақлу ривояте аз дидаву шунида ва изҳори назар ба инҳо, яъне баҳо додану арзишашонро аз назари иҷтимоӣ,сиёсӣ ва гоҳе ҳам мардумӣ таъйин кардан аст.
Бисёр муҳим аст, ки чи адабиёти классикӣ ва чи эҷодиёти мардумӣ ба осори шоир таъсири судманде кардааст ва ҷанбаи халқӣ аз хусусиятҳои пурқуввати онҳо ба шумор меояд. Аз офаридаҳои Мирсаид Миршакар махссусан дар достонҳо “Ленин дар Помир”,“Қишлоқи тиллоӣ”,“Панҷи ноором” ва “Одамон аз Боми ҷаҳон” ҳам дар эҷодиёти нависанда ва ҳам дар адабиёти тоҷик достонҳои марҳилавист.Ин достонҳо ба таҳқиқи бадеии яке аз саҳифаҳои муҷаллои таърихи халқамон бахшида шуда, чи аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа ва чи аз ҷиҳати забону услуби нигориш басо диққатангез аст.Аз ин ҷост, ки тамоми ин достонҳо бо оҳанги гуфтугӯ ва поэтикаи халқӣ эҷод шудааст. Хоҳ дар характеристикаҳои шоир, ки симои қаҳрамонро равшан менамояд, хоҳ дар муоинаи тобишҳои рӯҳии ӯ ва хоҳ дар нутқи қаҳрамону андешаҳояш унсурҳои забони халқӣ чун воситаи равшан кардани характер, вазъияту ҳолат истифода шудааст.
Хулоса:Чи навъе ки дар боло аз назар гузаронида шуд, «Қишлоқи тиллоӣ» ва дар баъзе асарҳои дигари Мирсаид Миршакар мавқеи забони халқӣ гуфтугӯӣ ё фолклор хеле бузург аст. Ба ин муносибат аз рӯи мушоҳида ва мулоҳизаҳои зикришуда ба хулосаҳои зерин омадан мумкин аст:
- Устод Мирсаид Миршакар дар асоси таълимоти ленинӣ оид ба вазифа ва хусусияти адабиёти сосиалистӣ ва принсипҳои реализми сосиалистӣ аз фолклор васеъ ва эҷодкорона истифода намуда, дар забони анъанавии асари адабӣ тағироти бузурге дароварда, адабиётро ба миллионҳо наздик ва фаҳмо гардонидааст ва ӯ ҳамчун яке аз саромадони адабиёти муосири тоҷик ба инкишофи минбаъдаи забони оммафаҳми асари адабӣ асос гузоштааст.
- Устод Мирсаид Миршакар аз хазинаи бои забони халқ эҷодкорона истифода бурда, ба воситаи асарҳои худ дар шакли намунавӣ тасдиқ ва эътироф кунонидааст, ки дар сурати санъаткорона ва бо маҳорат кор фармудани фолклори тоҷики вай қобил ва қодир аст забони пуробуранги асари адабӣ бошад ва бо ин ба ҳар гуна ақидаҳои ғалат ва зарарноки дар атрофи забони адабии тоҷик пайдошуда зарба додааст.
- Устод Мирсаид Миршакар ба воситаи фаровон истифода кардани забони халқӣ гуфтугӯӣ хусусиятҳои халқият ва миллияти асарҳои адабии худро зоҳир кунонида, дар адабиётимуосири тоҷик ба сифати устоди каломи бадеӣ бо ин роҳ фазилати реализми сосиалистиро намоиш додааст ва дар ин фаъолияти адабии ӯ пеш аз ҳама А.М. Горкий ва эҷодиёти дигар нависандагони советӣ таъсир расонидаанд.
- Аз забони халқӣ гуфтугӯӣ фаровон истифода бурдани шоир яке аз омилҳои асосии ташаккулёбии услуби адабии ӯ гардидааст, ки ин услуб ба муосирон ва шогирдони вай таъсир бахшида минбаъд инкишоф меёбад.
- Устод Мирсаид Миршакар дар “Қишлоқи тиллоӣ” ва дигар асарҳои худ хеле хуб нишон дода тавонистааст, ки калима, ибора таъбир ва зарбулмасалҳои халқӣ дар баробари он, ки ба мазмуну ғоя ва санъати бадеии асарҳои адабӣ қувваю иқтидоре оварда ба қавли В.И.Ленин “ бо санъати ҳайратовар моҳияти ҳодисаҳои хеле мураккабро ифода менамоянд”
“Қишлоқи тиллоӣ” дар асоси як ривояти халқӣ эҷод гардидааст ва афсонавор шавқовар аст. Мардуми меҳнаткаши тоҷик дар шароити ҷамъияти синфӣ ба воситаи афсона, ривоят ва ҳатто эпоси қаҳрамонии худ дар сарзамини ободу зебое зиндагӣ карданро орзу кардааст, ки он ҷо зулму истисмор вуҷуд надошта ҳар фард озоду хушбахт умр ба сар мебарад. Воқеае, ки дар “Қишлоқи тиллоӣ” тасвир гардиааст, дар атрофи ҳамин орзуи деринаи халқ сурат мегирад. Ин орзу дар оғози достон аз забони марди куҳансоле баён шудааст:
Баногоҳ уфтодам дар гулистон
Баҳор он ҷо ҳамеша, бе зимистон.
Халоиқ ҷумла он ҷо бахтиёранд,
Ҳама шоду ҳама масти баҳоранд.
Намедонанд номи зулму золим,
Хирадманданду фирӯзанду олим... [6,6-7].
Устод Мирсаид Миршакар, бо вуҷуди соддагии сухани шоирона, сабки ба худ хос эҷодӣ дорад. Услуби эҷодии устод Мирсаид Миршакар ба андозае фардист, ки ба шеър ҳеҷ як аз шоирони тоҷик шабоҳат надорад.Қиммати адабии эҷодиёти ӯ ҳам дар ҳамин фардияташ мебошад.Ҳодисаи ба ҷустуҷӯи бахт сафар кардани камбағалон дар эҷодиёти даҳанакии халқ акс шуда, дар “Қишлоқи тиллоӣ” тасвири он қиём гирифтааст, ки ба ин эҷодиёти даҳанакии мардум бешубҳа таъсире дорад.
Тимсоли робитаи эҷодиёти Мирсаид Миршакар бо эҷодиёти даҳанакии халқ аз ҷиҳати мавзӯъ достони “Қишлоқи тиллоӣ” аст. Услуби аксари таълифоти манзуми шоир ба тарзи нигоришоти эҷодиёти даҳанакии халқ наздик аст. Шеърҳояш аз ҷиҳати забон хеле соддаву фасеҳ ва мисли сурудҳои халқӣ сабуку равон аст. Ӯ яке аз аввалин шоирони тоҷик аст, ки чи дар шаклҳои калон ва чи хурд шаклҳои хурди шеър усули муколима ва гуфтугӯро татбиқ ва ҷорӣ намуд, дар тақвияи шакли мураббаъ дар достону манзумаҳо, ки бо таъсири назми рус боз ҳам ривоҷ гирифтааст, саҳми пурарзиш гузошт. Шеърҳои лирикии шоир, ки дар онҳо сабки назми халқӣ ва классикӣ узван ба ҳам пайвастаанд, таровишҳои ба худ хосе доранд.
Либосаи кӯҳнаи мо кӯҳнатар шуд.
Шаби торики мо ториктар шуд.
Ба ҳар ҷое, ки рафтему расидем,
Даме ҳам рӯи шодиро надидем.
Баҳори умри мо охир хазон шуд,
Ҷавони рафту пирӣ ҳамнион шуд.
Шеъру суруд, тарона ва достонҳои сершумори Мирсаид Миршакар (“Мо аз Помир омадем”, “Неъмат”, “Федка”, “Бачагони Ҳиндустон” ва ғайра) аз дӯстдоштатарин асарҳои бачагони мо буда, дар ташаккули инкишофи адабиёти бачагони тоҷик таъсири зиёд расондаанд.
Хулоса, нақшу мавқеи гӯишҳои мардумӣ дар эҷодиёти устод Мирсаид Миршакар яке аз масъалаҳои муҳими осори шоир ба шумор меравад. Устод Мирсаид Миршакар тавонистааст барои нишонрасу шавқовар гаштани осори худ аз гӯишҳои мардумӣ истифода кунад, ки ин кор ба ӯ бе гуфтугӯ даст додааст.Осори устод Мирсаид Миршакар дар роҳи омӯзиши фарҳанги мардум аҳамияти бағоят муҳимро доро буда, ҳамчун сарчашмаи фолклорӣ бояд шинохта шавад.Чуноне ки маълум шуд, таъсиру наздикии фолклор ба ашъори устод Мирсаид Миршакарро яке аз аввалин шоироне ҳисобем, ки илҳоми бештареро аз адабиёти шифоҳии халқ барои худ касб кардааст. Фолклор яке аз муҳимтарин манбаи эҷодӣ ба устод Мирсаид Миршакар материали бой медиҳад. Бисёр асарҳои ба хурдсолон навистаи ӯ дар асоси мазмунҳои фолклорӣ навишта шудаанд. Маҳз дар асоси эҷодиёти даҳонакии халқ шоир як қатор суруд, тарона, чистону афсона, масалу достон ва драмаҳо эҷод намудааст. Ҳатто Горькийи бузург қайд кардааст, ки дар синни хурдсолӣ ба инсон афсонаҳо таъсири бузурги тарбиявӣ мерасонанд.
Хулоса, нақшу мавқеи гӯишҳои мардумӣ дар ҷодиёти Мирсаид Миршакар яке аз масъалаҳои муҳими осори шоир ба шумор меравад . Мирсаид Миршакар тавонистааст барои нишонрасу шавқовар гаштани осори худ аз гӯишҳои мардумӣ истифода кунад, ки ин кор ба ӯ бе гуфтугӯ даст додааст. Осори Мирсаид Миршакар дар роҳи омӯзиши фарҳанги аҳамияти бағоят муҳимро доро буда, ҳамчун сарчашмаи фолклорӣ бояд шинохта шавад.