wrapper

СИНДЕВ ВА МАНЗАЛАТИ ЗОДГОҲ БАРОИ ШОИР

Абдулназаров А.А.[1]

Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ

 

Синдев ва манзалати зодгоҳ барои шоир

Пешрафту комил гардидани инсон ба сатҳу фазои маърифатии маконе, ки ӯ дар он чашм ба олами ҳастӣ кушодааст ва замони ширинии кӯдакиро сипарӣ намудааст, сахт марбут аст. Дар мақолаи мазкур зиндагии тифлии шоири халқии Тоҷикистон, лауреати як қатор мукофотҳои давлатии Ҳукумати Шӯравӣ ва ходими намоён Мирсаид Миршакар дар зодгоҳаш - деҳаи Синдеви ноҳияи Роштқальа ба маърази андеша кашида шудааст. Муаллиф давраи вазнини кӯдакии шоир, заминаҳои гирифтани саводи нахуст, манбаъҳои маълумоту ташаккули тафаккури шоир дар ин деҳаи касногузару харобизори онрӯзаро тасвир намудааст.

Калимаҳои калидӣ: Мирсаид Миршакар, шоир, деҳаи Синдев, зодгоҳ, замони кӯдакӣ, айёми тифлӣ, маълумот, саводи нахуст, Бадахшон, муҳаққиқони ашъори шоир, фақириву бенавоӣ, дафтару қалам, шеъру шоирӣ.

 

Синдев и значимость места рождения для поэта

Развитие и совершенствование человека тесно связанно с уровнем развитости населения, в котором он родился и провел свои детские годы. Статья посвящена детству Народного поэта Таджикистана, лаурета ряда государственных наград Советского Союза, видного деятеля Мирсаиду Миршакару, которое прошло в его родном селе Синдев Рошткалъинского района. Автор описывает непростой период детства поэта, условия его начального образования, а также источники познания и развития мышления поэта в том горном и отдаленном кишлаке. 

 

Sindev and the importance of the birthplace for poet

A man progress and improvement is closely connected with the level of place elaboration where he\she was born and spent childhood. The article focuses on the way of life passage of Tajik National poet, owner of different State awards of the Soviet Union and the famous personality Mirsaid Mirshakar in his native land – Sindev of Roshtkala district. The author describes the difficult period of the poet’s childhood, bases of his first education, sources of comprehension and improvement of his thinking in that mountain and distant village.    

 

[1]Абдулназаров Абдулназар Абдулқодирович - доктори илми филология, мудири шубаи фолклор ва адабиёти Бадахшони Институти илмҳои гумантираӣ ба номи академик Б. Искандарови АМИТ. Нишонӣ: ВМКБ, ш. Хоруғ, кӯчаи У. Холдоров 4. Тел: +992 93 4060804, email: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

Мусаллам аст, ки зиндагии мардуми Бадахшон дар нимаи аввали қарни гузашта, ки замони кӯдакии шоири халқии Тоҷикистон, Мирсаид Миршакар ба он рост омад, хеле сахту вазнин буд. Мардум дар ин минтақаи кӯҳистон нимгуруснаву нимурён умр ба сар мебурданд. Донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар солҳои ҳафтодуми асри бистум Астахов В.Г. дар мақолаи худ “Дар бораи эҷодиёти Мирсаид Миршакар” дуруст қайд мекунад, ки “Шоир (Мирсаид Миршакар - А.А.) соли 2012 дар Помир, дар оилаи деҳқони камбағал таваллуд ёфта, айёми ҷавонии худро дар шароити сахти ин кишвар гузаронидааст, ки дар он ҷо мардум ба сабаби набудани роҳ бо мамлакатҳои дигар қариб тамоман алоқа надоштанд, порчаҳои майдаи заминро бо усулҳои кӯҳна ва асбобҳои қадимаи одӣ кишт мекарданд. Дар ивази заҳмат ва машаққати тоқатфарсои ғайри инсонии худ мардуми камбағал аз порчаҳои замини сангзори худ ҳосили ночиз мегирифтанд ва ҳамеша нимгурусна буданд” [2, 14].

Бе муболиға, дар давраи тифлии шоир Бадахшон ба иллати дар як бумбасти чуғрофӣ қарор доштан, ривоҷ наёфтани соҳаи тиҷорати он ва камҳосилии заминҳои кӯҳистон, ки сарчашмаи асосии онрӯзаи маводи хӯрока барои аҳолӣ буд, аз нигоҳи иқтисодӣ дар ҳолати хеле ногувор қарор дошт. Ба қавли Павел Лукнитский “ғалла ва дигар озуқавориҳо ҳамеша камӣ мекард, аҳолии камбағал ҳар сол як чанд моҳ гуруснагӣ кашида, бо алафҳои гуногун ва атолаи орду нахӯд рӯз мегузаронд. Тутмавизу талқон барои аксарияти аҳолӣ ҷои нонро мегирифт ” [4, 320].  

Дар яке аз мақолаи публитсистии худ Мирсаид Миршакар оиди зиндагии пурмашаққати аҳолии Помир маълумот баррасӣ намуда, ба навиштаҳои муаллифи китоби “Походҳои Помир дар солҳои 1892-1895”, офисери армияи рус Б.Л. Тагаев такя мекунад, ки навиштааст: “Ин сокинони.... кӯҳистони хунук.... ҳама вақт мӯҳтоҷ ва гурусна буда, қашшоқона умр ба сар мебаранд. Ин мардуми бенаво ҳатто рӯйи нонро намебинанд” [8, 414].

Деҳаҳои минтақа аз ҳамдигар дар масофаи ниҳоят дур қарор дошта, ба хотири безаминии кӯҳистон дар ҳар яке аз ин деҳаҳо дар маҷмӯъ аз панҷ то даҳ хонавода умр ба сар мебурданд. Дар деҳаи Синдеви водии Шоҳдара, ки Мирсаид Миршакар дар он чашм ба олами ҳастӣ кушода, давраи асосиву ширинии кӯдакии худро сипарӣ намудааст, ба қавли худи шоир “ҳамагӣ шаш хонавода буд” [8, 415].

“Дар паси қаторкӯҳҳои сар ба фалаккашидаву мағрури Боми Ҷаҳон-Помир дар баландии зиёда аз се ҳазор метр аз сатҳи баҳр деҳаи хурде ҷой гирифтааст, ки онро мардуми Шуғнонзамин Синдев номидаанд” [2, 57]. Маҳз ҳамин деҳа зодгоҳи Мирсаид Миршакар аст.  Деҳаи Синдев воқеан як деҳаи майдаи касногузар будааст. Гуфтаҳои мӯйсафедони деҳа низ гувоҳӣ медиҳанд, ки ба сабаби набудани купрук ба деҳа қариб дар шаш моҳи давоми сол рафту омад ба он ғайри имкон будааст. Ягона манбаи маълумоти аҷоибу ғароиб барои Миршакари хурдсол дар деҳаи Синдев модаркалони 120 солааш буд, ки пайваста ба ӯ ривояту афсонаҳоро нақл мекард. Ба гуфти шоир “Ман модаркалонамро дар ёд дорам. Вай ба 120 даромада буд. Дар байни набераву абераҳои сершумори вай ман яке аз бачаҳои қобили гапдаро будам. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки модаркалонам ба ман аз ҳама зиёдтар меҳр баста буд. Ман ҳикояҳову афсонаҳои ӯро бодиққат шунида ба хотир гирифтам” [8, 415]. “Тавассути нақлу ривоятҳои худ модаркалон дари хазинаи сеҳрангези таърихи диёр ва зиндагии мардумро ба рӯйи ӯ во намуд. Ҳар қадаре, ки Мирсаид сари зонуи модаркалон ва гӯш ба қимор нақлҳои ӯро дар бораи зодгоҳаш мешунид, ҳамон қадар ин кӯҳҳо дар назараш сеҳрнок ва ваҳмангез менамуданд, ҳамон қадар ин писараки лоғарандом диёри худро бузург ва аз назари қиёси ин кӯҳҳои азим ба осмон наздиктар тасаввур мекард. Нақлҳои модаркалон фикри Мирсаиди кӯчак, аммо кунҷковро ба ҳаракат оварданд”[3, 6].

Майнаи сари кӯдакро аслан ба коғази сафеде шабоҳат медиҳанд, ки он бо маълумотҳои нахуст ба ӯ расида пур карда мешавад. Азбаски қобилияти ҳифзи маълумот дар кӯдак аслан фавқулода аст ва ҳар як хабар барои ӯ наву ҷолиб мебошад, он дар хотироти тифл абадан сабт меёбад. Таъсири ҳикояву афсонаҳои модаркалон ва таъриху саргузашти гуфтаи ӯ низ барои Мирсаид бесобиқа буд, зеро он зани нохонда, аммо фарзона низ барои ташаккули тафакури Мирсаиди хурдсол тавассути ривояту таърихчаҳои шигифтангези худ кушиш ба харҷ медод. “Модаркалон... сарнавишти худро ба наберааш Мирсаид дар шакле маънидод менамуд, ки кӯдаки ҳассосро ба тақдир ва сарнавишти инсон беш аз пеш шавқманд созад. Қонеъ гардондани ҳисси кунҷковӣ ва ором намудани дили беқарори бачагӣ Мирсаидро тадриҷан аз ҷаҳони беғаши кӯдакӣ ба олами фикру андеша ва эҳсоси ҳақиқати зиндагӣ мебурд. Зинаи аввалини ташаккули маънавиёту ҷаҳонбинии Мирсаид, ҳамин тавр, ба таъсири нақлу ривоятҳои модаркалон дар бораи мавҷуд будани ким-кадом як қувваи бадӣ ва тантанаи некӣ қарор дорад. Ин ҳис дафъатан дар вуҷуди Мирсаиди наврас бо шиддат боло рафтааст ва амиқ шудааст” [3, 7].

Маҳз заминаи заифи иқтисодии минтақа боиси он гашт, ки аксари аҳолии он бесавод буданд. Барои оилае чун хонаводаи Мирсаид Миршакар, ки зиёд мехост, тифлашон шуғли таҳсил намояд, дарёфти мударрис ва китобу қалам хеле гарон афтод. Дар Бадахшон кам касон саводнок буданд. Бошандагони минтақа ба маълумоти беруна тақрибан дастрасӣ надоштанд. Дар “...байни аҳолии Помир, ки пеш бесавод ва дар банди ҷаҳолат буд” [6, 413], гирифтани савод амри маҳол буд.

Манбаи дигар барои гирфтани маълумоту хабари нав ин нақлу суҳбатҳои раҳгузарон буд. Ҳар мусофирро дар деҳа бошандагон бесаброна  интизор буданд, то ин ки аз суҳбати ӯ маълумотеро аз ҷаҳони берун аз Синдев пайдо намоянд.  Барои Мирсаиди хурдсол, ки танҳо дар назди мӯйсафеди деҳа (дар ягон адабиёт ва ишораҳои шоир ному насаби мӯйсафед дарҷ нашудааст) соҳиби саводи нахуст мегардад ва аз модаркалони худ ҳикоёти бофтаи мардуми Помирро мешунид, дигар барои ташаккули шахсияти ӯ ягон имконот вуҷуд надошт. “Дар иҳотаи бачагони побараҳнаи Синдев, мисли садҳо ҳамсолони худ, ки бо шиками нимсер ва тани урён ва “бехабар аз ғами ҷаҳон” буданд. Миршакар низ дар олами беолоиш ба воя расид” [3, 6].

Ба ҳар ҳол зеҳни бурро ва ақли расои Мирсаиди хурдсол ба ӯ имкон дод, ки нисбати ҳар сухану ҳар суҳбат бодиққат бошад, дар хотироти хеш ҷой диҳад ва ба қадри фаҳмиши худ таҳлил намояд. Ягона мавзеъҳои диданибоб ва диққатҷалбкунандаи деҳаи Синдев тӯпхона ва деворҳои чанд қалъаи вайрона, ки дар нақли модаркалонаш низ ҳамвора шунида мешуданд, ба ҳисоб мерафтанд. Мирсаид ҳама вақт дар бораи ин мавзеъҳо фикр мекард, аз калонсолон кунҷковона таърихи онҳоро мепурсид. Ба гуфти худи шоир “кунҷковии бачагона маро азоб медод. Дилам орому қарор намегирифт ва мегуфт: “натарс рафта асрори қалъаро кушо”. Баъди бо чашми худ дидани ин тӯпхона ва тамошои девори қалъаҳову даромадан ба ғорҳои торик, тарсу ҳарос дили кӯчаки Мирсаидро тадриҷан тарк намуданд.

Ҳамин тариқ, “кӯдакии Мирсаид бо тамоми сурури шодкомиҳояш ва талхиву нобаробариҳои рӯзҳои тирааш дар ҳамин хонадон, дар ҳамин деҳа ва дар паҳлӯи модаркалон ҷараён кардан дошт” [3, 7].

Соли 1924 баъди фавти бемаҳали падари чилсолааш зиндагии хонаводаи Мирсаид тиратар гардид, мушкилоти рӯзгор дучанд гашт ва ӯ танҳо дар тарбияи модараш монд. Рӯзгузаронии ин оила дар деҳаи Синдев дигар ғайриимкон гардид. Маҷбур буданд, ки ҷойи зиндагии худро дигар кунанд. Тарк намудани деҳаи Синдев барои Мирсаиди дувоздаҳсола  ва аҳли оилааш хеле вазнин буд. Ҷудо гардидан аз ҳамдеҳагонаш, ки тамоми бори гарони рӯзгорро то ин дам даст ба даст мекашиданд, танҳо “бо чашмони тар” метавонист анҷом дод. Ҳол он ки маълум набуд, ки зиндагӣ дар деҳаи дигари бегона ба Мирсаид ва аҳли хонаводааш чи ҳадяҳоеро омода кардааст. Барои тасдиқи фикр ба порчаи шеърии зерин тамаркуз мекунем:

 

            Ҳангоми саҳар

            Бо чашмони тар,

            Дар талоши бахт

            Қадам ниҳодам

            Яккаву танҳо...

            Зиндагӣ буд сахт,       

            Мушкил дар он дам

            Дар деҳаи мо...

            Рубоб дар дастам

            Мерафтам...

                 Аммо

            Намедонистам

            Куҷо рафтанро,

            Намедонистам

            Ояндаамро.

            Ғамгину дилгир

            Маро намуданд,

            Кӯҳҳои Помир.

            Атрофи моро

            Печонда буданд,

            Монанди занҷир... 

 

Дар ҳар сурат, хонаводаи Мирсаиди хурдсол макони зисти худро дигар кард ва ба деҳаи Поршнев ба хонаи тағоиаш  кучиданд. Албатта, зиндагӣ аз бисёр ҷиҳатҳо дар Поршенев беҳтар буд, зеро деҳа пуродамтар ва имкониятҳо барои буду бош ва таҳсил бештар дошт.

            Аз як тараф, агар мушкилоти деҳаи Синдев пеши роҳи рушди малака ва қобилияти Миршакар гашта бошад, аз ҷониби дигар ин зодгоҳи хурди шоир дар кунҷи хотирааш на танҳо абадан чун шӯълаи ҷовидонӣ фурӯзон гашт, балки он заминаву гаҳвораи эҳсоси баланди ватандориву худшиносии шоир гардида буд. Бо вуҷуди зиндагии сангин дар ин деҳаи харобизор, шоир дар таълифоти хеш номи зодгоҳашро борҳо қайд мекунад ва ба қавли адабиётшиноси шинохтаи тоҷик Юсуф Акбаров “барои Мирсаид Миршакар низ Ватани паҳноварамон аз ҳамон деҳаи ӯ, аз зодгоҳи азизаш сар мешавад ва дӯст доштани он маънои дӯст доштани тамоми ватани сотсиалистиро дорад” [1, 48]. Ин фикри муҳаққиқ дар як порчаи шеърии худи шоир тасдиқи хешро пайдо менамояд:

 

   Деҳаи ман!

   Ваҳ чи ширин ин сухан!

   Он даме, ки хурд будам, фаҳми ман

   Буд аз он хурдтар.

   Деҳаи хурдам бароям kуд Ватан

   Кӯҳҳои ӯ сипар,-

   Иқтидорам хондамаш.

 

Шоир дар ҳар сафарҳои кории хеш ба Бадахшон  ҳатман ба деҳаи Синдев меомад бо наздикону пайвандонаш суҳбат меорост. Барои пайвандону наздикон аз  замони тифлии худ дар ин деҳа ҳикоят мекард. Бо ифтихор сухан мегуфт ва сарфи назар аз шароити сангини он комёбиҳои худро қабл аз ҳама аз файзи обу ҳаво ва хоки “пурбаракат”-и зодгоҳаш медонад. Ба маскунони деҳа эътиқоду эътимоди зиёд дошт ва онҳоро гоҳе аз қаҳрамонони таърихӣ низ бузургтар мешинохт:

 

            Деҳаи ман...

            Менамудам ман гумон,

            К-аз маҳу Хуршеду аз сайёрагон

            Деҳаям пурнуртар.

            Мардумаш ҳатто зи Рустам паҳлавон

            Зӯртар, машҳуртар,

            Ифтихорам хондамаш.

 

Дар китоби “Айёми ҷавонӣ” шоир возеҳтар ба ин масъала ишора менамояд, ки “росташро гӯям, ки барои ман ибтидои Ватани бузургам аз он деҳаи хурде сар мешавад, ки дар он ҷо нахустин чашм ба дунё кушода, гап задан, роҳ гаштан, ба кӯча баромада бо ҳамсоягонам бозӣ кардан, хубро аз бад фарқ кардан, бо ғаму шодии дӯстонам шарик будан, дӯст доштан ва бад диданро ёд гирифта будам. Агар Помир Боми Ҷаҳон бошад, деҳаи ман боми Боми Ҷаҳон аст” [5, 3].

Танҳо заҳмату меҳнати шабонарӯзӣ ва шавқу истеъдоди бузург имкон медиҳад, ки як зодаи деҳаи хурди валангору касногузари онрӯзаи Синдев ба мақомҳои баланди шоирӣ ва ходими ҷамъиятӣ бирасад. “Дар оғӯши табиати кӯҳистон, дар деҳае, ки ҳатто шабҳо “осмон бо ситораҳояш ба замин наздиктар гашта”, гӯё болои сари касе қарор мегирифт ва кӯҳҳо ҷомаи сиёҳ ба бар ба истиқбол мебаромаданд, фарзанди арзандаи халқ, вассофи маъруфи ин сарзамин ва одамони вай, Лауреати мукофотҳои давлатии СССР ва ҷумҳурӣ, ходими фаъоли ҷамъиятӣ ва сарояндаи ғояҳои пешқадами замон ва зиндагӣ Мирсаид Миршакар “нахустин бор чашм ба дунё кушода, гап задан, роҳ гаштан, ба кӯча баромадан, бо ҳамсолон бозӣ кардан, хубро аз бад фарқ кардан, бо ғаму шодии дӯстон шарик будан, дӯст доштан ва бад диданро ёд гирифта” буд.

Замоне, ки Павел Лукнитский оиди дастовардҳои солҳои нахусти давлати Шӯравӣ дар Шоҳдара андешаронӣ менамояд, дар баробари дигар комёбиҳои ин минтақа пешрафтҳои Мирсаид Миршакарро низ қайд мекунад, ки “Ҳеҷ кас дар кишлоқи Синдеви Шоҳдара он вақт намедонист, ки Мирсаиди шонздаҳсола, ки асбсавор ба Душанбе барои таҳсил рафта буд, Мирсаиди Миршакари шоире хоҳад шуд, ки дар саросари Шӯравӣ шинохта шуда, барандаи ҷоизаи Сталинӣ мегардад. Ҳамаи ин дар он соли сиюм набуд;  ҳатто дар  Шоҳдарае, ки он вақт дар муқоиса бо дигар минтақаҳои он замон камбизоат, сарватмандтарин водии Шуғнон ба ҳисоб мерафт” [5, 230-231].

Чунончи аз сатрҳои боло аён гардид, зиндагии Мирсаид Миршакар дар зодгоҳаш, деҳаи Синдев хеле сангин буд. Новобаста аз он, ин деҳаи хурд ва маскунони на он қадар зиёди он дар заминагузории маърифатии шоир саҳмгузории бесобиқа намудаанд.  Шоир дар навбати худ, сарфи назар аз он маҳдудиятҳои деҳа,  на танҳо онро тараннум менамояд, балки бо он ифтихор мекунад.

 

 

Китобнома:

  1. Акбаров, Ю. Талаби ҳаёт ва қисмати адабиёт. -Душанбе: Ирфон, 1977. – 126 с.
  2. Астахов, В. Дар бораи эҷодиёти М. Миршакар // Садои Шарқ. – 1982, № 5.
  3. Бобокалонова, Ҷ. Азбаландиҳои кӯҳи сарбаланд. Саъдуллоев, А. Агар сухан коргар шавад.... -Душанбе: Адиб, 1992. –271 с.
  4. Лукницский, П. Тоҷикистон. -Сталинобод: Нашриёти давлатии Тоҷикистон, 1954. –345 с.
  5. Лукницский, П. Путишествия по Памиру. -Москва: Молодая гвардия, 1955. –498 с.
  6. Миршакар, М. Айёми ҷавонӣ. -Душанбе: Ирфон, 1974.
  7. Миршакар, М. Куллиёт, ҷидди дуйум, китоби 1. -Душанбе: Ирфон, 1971. –335 с.
  8. Миршакар, М. Куллиёт, ҷидди сеюм, китоби 1. -Душанбе: Ирфон, 1973. – 474 с.