Муносибати босалоҳият дар дарсҳои адабиёт
Имрӯз муносибати салоҳиятнокӣ дар таълими фанҳо ба ҳукми анъана даромада истодааст. Доир ба ин масъала қариб ба ҳамаи фанҳои таълимӣ дастур ва роҳнамо таҳия шуда, мавриди амал қарор дода шуддаанд, аммо доир ба ин масъала дар таълими адабиёт ягон дастур ва роҳнамое нест.
Мо, омӯзгорони ин фан алакай аз курсҳои таълими босалоҳият аз фанни забони тоҷикӣ гузашта, ба моҳияти ин таълим ошно гаштем.
Пас мо муносибати салоҳиятнокиро дар ин фан чӣ гуна бояд ба роҳ монем? Ба мо маълум аст, ки адабиёт пеш аз ҳама одамиятро меомӯзад. Ҳар як дарси адабиёт бояд хонандагонро дар руҳияи инсонгароӣ, худшиносӣ, ватандустӣ ва дорои хулқу атвори хуб будан тарбия намояд. Имрӯз хонанда дар баробари азёд гуфтани шеър, нақши рӯзгори шоирон ва ҳикояҳо бояд ба мазмуни он сарфаҳм рафта, ба хулосаи зарурӣ ояд. Ӯ бояд бадро аз нек, дурустро аз рост, ҳаромро аз ҳалол, сулҳро аз ҷанг, тарсончакиро аз нотарсӣ, ҷавонмардиро аз хасисӣ фарқ карда тавонад. Хонандаи имрӯз бояд маънои “Ватан”, “сулҳ”, “истиқлол”, “ваҳдат”, “миллат” – ро дарк намояд.
Аз ин рӯ, мо, омӯзгоронро зарур аст, ки ба дараҷаи фикрронию таҳлилии хонанда баҳо диҳем.
Ҳоло як соати дарси адабиёт дар синфи 5, ки ба таълими босалоҳият нигаронида шудааст, пешкаши ҳамкасбон менамоям:
Мавзуъ: Камолиддини Биноӣ. Ҳикояҳо аз маснавии “Беҳруз ва Баҳром”
Мақсади дарс: а) Шинос намудани хонандагон ба ҳаёт ва фаъолияти Камолиддини Биноӣ; б) Тарбияи хонандагон дар руҳияи хушахлоқӣ ва нафрат доштан ба хислатҳои ношоиста.
Салоҳиятҳо: а) ибрат гирифтан аз хислатҳои шоистаи нависанда; б) дарк кардани хислатҳои бад ва ҳазар кардан аз ҳамнишини бад, оқибати рафтори ношоям.
Лаҳзаи ташкилӣ ва пурсиши вазифаи хонагиро гузаронида, аз дарси гузашта хулоса бароварда шуд.
Мавзӯи дарси навро дар тахтаи синф навиштам: “Камолиддини Биноӣ ва таҳлили ҳикояҳо аз маснавии “Беҳрӯз ва Баҳром”.
Сипас, ба хонандагон супориш додам, ки ҳама мустақилона дар муддати 5 – дақиқа матни зинадагиномаи К. Биноиро мутолиа намоянд.
Дар лаҳзаи мутолиа хонандагон аз усули “Хӯшаҳо” истифода бурда, дар марказӣ тахтаи синф доирае кашидам ва дар дохили он “Камолиддин Биноӣ” навиштам ва ба хонандагон саволҳои зеринро пешниҳод намудам:
- Камолиддин Биноӣ кай ва дар куҷо таваллуд шудааст?
- Номи падараш кӣ буд?
- Номи аслии шоир чӣ буд?
- Падари ӯ чӣ гуна сифатҳо дошт
- Шеърнависиро кай сар кардааст?
- Соли чанд аз дасти киҳо кушта шудааст?
Ҷавобҳои дурусти хонандагонро дар доираҳои атрофи доираи асосӣ навишта, онҳоро ба ҳам пайваст намудам:
Ба хонандагон супориш додам, ки ин нақшаро дар дафтарҳои адабиёт тасвир кунанд.
Диққати хонандагонро ҷалб намуда, онҳоро ба гуруҳҳои чорнафара ҷудо намудам ва саволҳои зеринро пешниҳод намудам:
- Сабаби шоири бузург ва инсони хуб шудани Шералӣ дар чӣ будаааст?
Хонандагон даст боло карданд.
Хонанда Меҳрон чунин ҷавоб дод:
- Вай дар мактаб нағз мехонд, ба сухани устодонаш диққат медод.
Давлатёр илова намуд:
- Вай бачаи зирак ва хушзеҳн буд.
- Офарин, - гуфтам.
Агар мо ба суханҳои устодон гӯш диҳем, нағз хонем, дар оянда инсонҳои хуб ва соҳибобрӯ мешавем.
Дар ин лаҳза ба хонандагон гуфтам, ки чӣ хеле ки мо фаҳмидем Биноӣ асарҳои зиёд навиштааст. Яке аз асарҳои ӯ маснавии “Беҳрӯз ва Баҳром мебошад”. Ҳоло мо аз ин асар ҳикояеро бо номи “Ҳамнишини бад ” мутолиа мекунем.
Ҳикояро бо оҳанги муассир хондам. Сипас, калимаҳои нофаҳморо дар тахта навишта, муродифҳояшонро навиштам:
Анъом – монанди чорпоён
Анъом – чорпоён
Сиъоб – дарандагон
Авбош – дузд, беҷогард, беадаб
Муфсил – вайронкор
Золим – зулмкунанда, бераҳм
Абадудаҳр – ҷовидон, доимо
Хонандагонро хоҳиш намудам, ки боз мустақилона ҳикояро хонанд.
Сипас, ба ҳар гурӯҳ дутогӣ савол пешниҳод намудам:
- Чаро Беҳрӯз аз дидани рафиқони Баҳром нороҳат шуд;
- Сифатҳои ҳамнишинони Беҳрӯзро ҳикоя кунед.
- Чаро одам бо одамони бад шинад бад мешавад?
- Маънои зарбулмасали “Бо дег шини, сиёҳ шавӣ, бо моҳ шинӣ, моҳ шавӣ”- ро шарҳ диҳед.
- Андешаатонро дар бораи одамони бад гӯед
- Золим чӣ гуна одам аст?
Ҷавобҳои хонандагонро ҷамъбаст намуда, бори дигар мазмуни ҳикояро фаҳмонидам ва супориш додам, ки дар хона аз рӯйи мавзӯи “Адаб тоҷи сари инсон аст” эссе навишта оянд.
Азизмуродов Саид Аскарович
омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 41-и ба номи С. Атобулло,
н. Панҷакент, деҳаи Шашкат
Матлабҳои дигар аз Институт
- КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ: «ПАРЧАМИ МИЛЛӢ - РАМЗИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН»
- ПЕШВОИИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
- ҶАШНИ МАВЛУДАТОН МУБОРАК, УСТОДИ АРҶМАНД!!!
- КОНСТИТУТСИЯ – ҲИМОЯКУНАНДАИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ШАҲРВАНДОН
- СЕМИНАРИ ИЛМИИ МУШТАРАК ТАҲТИ УНВОНИ “ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗУ ТАЪРИХСОЗ” БАХШИДА БА ИН ҶАШНИ ДАВЛАТӢ