wrapper

Дар ташаккул ва таҳаввули афкори миллӣ ва сиёсии мардуми форсу тоҷик ормонҳои бостонии миллӣ, ки дар бовару асотири қадимӣ таҷассум ёфтаанд, ҷойгоҳи вижа доранд. Гузашта аз ин, тайи таърихи тӯлонӣ бовару ормонҳои мардумӣ ва миллӣ дар созмон ёфтани тахайюл ва тафаккури эҷодию воқеӣ-реалистии ақвоми иронитабор, аз ҷумла мардуми тоҷик саҳим буда, ҷараёни рушду тавсеаи биниши миллӣ ва тафаккури сиёсию дунявиро таҳкиму тақвият бахшидаанд. Таҷрибаи башарӣ собит сохтааст, ки мафкура ё идеологияи давлатӣ ҳамеша бар мабнои бовару ормонҳои миллӣ, ки маҷмӯаи зиндагии фикрӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии қавму миллиятҳоро дар маҳдудаҳои замонию маконӣ таъйин мекунанд, сохта мешавад. Дар ин росто, мардуми форсу тоҷик ҳам дар имтидоди тӯлонии замонӣ аз решаву асолати худ – бовару асотири бостонӣ фарҳанг ва сиёсат дуруст карда, дар арсаи тамаддуни башарӣ қадамҳои устувор бардоштааст.

Муҳимтар аз ҳама, тафаккури дунявӣ, ки ду асри ахир ба сифати ҷаҳонбинии фарогир дар сайёраи инсонӣ овозадор шудааст, реша дар биниши миллии мардуми мо доштааст. Биниши миллӣ, ки бар мабнои бовару эътиқодоти гузаштагони мо созмон ёфтааст, барои ба вуҷуд омадани давлатҳои миллию дунявӣ мусоидат намудааст. Муҳаққиқон, бо назардошти шароит ва вазъи номусоиди глобалӣ, таҳкими фарҳанги бумиро бар пояи ҷаҳонбинӣ ва идеологияи воқеъбинонаи миллӣ, ки дар бовару асотири бостонӣ дарҷ гардидаанд, ҳукми зарурат донистаанд (ниг.: Бекзода Комил. Таърихи равшанфикрӣ аз даврони Ҷамшед то  замони Фирдавсӣ. –Душанбе, 2012. -С388-389). Барои намуна, метавон аз устураи Ҷамшед ба масобаи мафкураи давлатдории миллӣ ёдовар шуд, ки таърихи беш аз панҷҳазорсола дорад. Хатти марказии фарҳанг ва сиёсати миллӣ дар симои шаҳриёри нимаустуравӣ ва ниматаърихӣ Ҷамшед чарх мезанад ва асотири қадимаи бумӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки ӯ на фарраи паёмбарӣ, балки фарраи шаҳриёриро ихтиёр намуда, дар ин дунё лаззат бурдан ва онро ободу зебо сохтанро меъёр ва шеваи зиндагии худ талаққӣ карда, дар татбиқи он калидғоя кӯшидааст(ниг.: Баҳор Меҳрдод. Аз устура то таърих. Гирдоваранда ва виростор Абулқосим Исмоилпур. Теҳрон, 1384. -С. 360). Аз ин лиҳоз, фарҳанги Ҷамшедӣ пуштувонаи асосии низоми давлатдории дунявӣ маҳсуб меёбад.

Дар бовардоштҳои куҳани миллӣ ба таври худогоҳ ва нохудогоҳ масъалаи давлатсозӣ (манзур давлатсозии миллию дунявӣ аст) ва ҳамиштирокии мардум дар рушди сиёсӣ, фикрӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва мадании кишвар матраҳ гардидааст. Мувофиқи бовардовариҳои гузаштаи миллӣ, низоми сиёсии ҷаҳони инсонӣ дар асоси мафҳум ва мақула-категорияҳои ахлоқии меҳр, хирад, ростӣ, дод ва озодӣ бунёд ёфтааст. Дар он ҳар дине, ҳар миллате, ҳар роҳбаре, ки ба мардуми ҷаҳон меҳр меварзад ва мардуми ҷаҳон ин меҳрварзиро бо таҷриботи мустақими худ дармеёбанд, ӯро бармегузинанд ва ҳар гоҳ, ки даст аз меҳр баркашад, тӯмори баргузидагиаш барчида мешавад (ниг.:Ҷамолӣ Манучеҳр. Густохӣ дар гусастан. Аз гусастагони густох. Ландан: Курмали Пресс, 1996. –С.50).

Дар замони давлатдории Куруши Кабир ормонҳои миллӣ воқеият касб менамоянд ва биниши дунявӣ дар низоми давлатдорӣ татбиқ мегардад. Аз ин ҷост, ки бар асоси ормонҳои миллӣ нахустин Маншури ҷаҳонии ҳуқуқи башар (Эъломияи ҳуқуқи башар) аз тарафи Куруши Кабир дар соли 538 пеш аз мелод эълом  ва ба иҷро мерасад. Соли 1969 мелодӣ, пас аз даргузашти 2507 сол баъд аз судури фармони мазкур намояндагони кишварҳои гуногун бо ҳузур ба оромгоҳи Куруш аз ӯ ба унвони нахустин поягузори ҳуқуқи башар ва озодии инсон таҷлил карданд (ниг.: Ҳушанг Толеъ. Таърихи тамаддун ва фарҳанги Ирони куҳан. –Теҳрон, 1382. –С.209). Таърих гувоҳӣ медиҳад, ки барои сарнагун кардани истибдоди шоҳи Бобул мардуми Бобул Курушро даъват мекунанд. Баъди озод намудани мардуми Бобул Куруш Маншур ё ба истилоҳи имрӯза, Эъломия мунташир мекунад. Дар маншури худ, қабл аз ҳама, ба масъалаи озодӣ ва анвои гуногуни он, аз ҷумла озодии виҷдон, ки нахустзаминаи давлати демократӣ талаққӣ мешавад, таваҷҷуҳ менамояд ва дар ин замина таъкид мекунад: «Артиши бузурги ман ба оромӣ вориди Бобул шуд. Нагзоштам ранҷу озоре  ба мардуми ин шаҳр ва ин сарзамин ворид ояд…ба тирабахтиҳои онон поён бахшидам. Ман бардадориро барандохтам. Фармон додам ҳамаи мардум дар парастиши Худои худ озод бошанд ва ононро наёзоранд»(ниг.: Ҳушанг Толеъ. Таърихи тамаддун ва фарҳанги Ирони куҳан. –Теҳрон, 1382. –С.217). Мардонагӣ ва шарофати Куруш — шаҳриёри дунявигарои миллиро дар бахшҳои 32 ва 34-и Маншур мушоҳида мекунем: «Фармон додам ҳамаи ниёишгоҳҳое, ки баста буданд, бигшоянд…Ба ниёишгоҳҳои худашон бозгардондам...» (таваҷҷуҳ шавад ба: Ҳушанг Толеъ. Таърихи тамаддун ва фарҳанги Ирони куҳан. –Теҳрон, 1382. –С.218). Ин саховатмандӣ, мардонагӣ, родмардӣ ва инсонияти ӯро дида, мардуми Бобул ба вай унвонҳои «Шоҳи Бобул», «Шоҳи сарзаминҳо» доданд. Куруши Кабир дар Бобул сиёсати родмардӣ, инсондӯстӣ ва ба истилоҳи имрӯза, демократии худро ба намоиш мегузорад ва фармони аз асорат озод кардани яҳудиёнро содир мекунад. Ба онҳо иҷозат медиҳад, ки ба сарзамини хеш бозгашта, маъбади Байтулмуқаддасро ба ҳамон сурати пешазвайронӣ бозсозӣ кунанд. Тамоми зарфҳои тилло ва нуқрае, ки аз яҳудиён гирифта буданд, ба онҳо бозгардонда мешаванд(ниг.: Гиршман Роман. Таърихи Ирон аз оғоз то ислом. Тарҷумаи Маҳмуд Беҳфурӯзӣ. –Теҳрон: Ҷомӣ, 1379. –С122).

Баъди суқути давлати Сосониён, ки меросбарони аслии империяи Ҳахоманишӣ ва Курушӣ буданд, тайи дусад сол сиёсат ва фарҳанги миллӣ «давраи сукут»-ро аз сар мегузаронид (манзур китоби Зарринкӯб Абдулҳусайн. Ду қарни сукут. Теҳрон, 1381). Пас аз ҷаҳду талошҳо хонадонҳои миллӣ ба арсаи сиёсат ва давлатдорӣ ворид гардиданд ва давлатҳои миллии Тоҳириён, Саффориён ва Сомониён рӯйи кор омаданд. Махсусан, дар замони салтанати Сомониён тадриҷан сиёсати миллӣ бар пояи фарҳанги дунявӣ дар ҷомеа нуфуз пайдо кард. Дар ин давра забони миллӣ, ки пойдевори сиёсату фарҳанги бумӣ маҳсуб меёбад, таҳкиму густариш ёфта, амирони хирадпарвари Сомонӣ раванди таъсири саросарии забони порсии дарии тоҷикиро дар қаламрави давлат ҷиддӣ назорат мекарданд ва бад-ин тариқ биниши дунявӣ дар бастагӣ бо тафаккури миллӣ машрӯият касб кард. Афзун бар ин, дар қаламрави давлати Сомониён доираи нуфузи забони арабӣ, ки он замон забони дину сиёсат ва илму фарҳанг маҳсуб меёфт, маҳдуд  гардида, забони порсӣ (дарии тоҷикӣ) ба забони илму маърифат бадал шуд, то ҷое ки бо амри Мансур ибни  Нӯҳи Сомонӣ ( 961- 984) китоби машҳури «Тафсири кабири Табарӣ» ба забони миллӣ тарҷума гардид (ниг.: Малоирӣ М. Таърих ва фарҳанги Ирон дар даврони интиқол аз асри Сосонӣ ба асри исломӣ. Ҷилди аввал. Теҳрон, 1372. –С.138). Маҳз дар даврони Сомониён мардум дар фазои дунявият ва эҳтиром ба арзишҳои инсонӣ зиндагӣ карданро таҷриба намуданд. Биниши миллӣ дар ҳамоҳангӣ бо тафаккуроти дунявӣ дар қолаби офаридаҳои адабӣ-бадеӣ, ҳунарӣ ва фалсафии адибону донишмандони замони Сомонӣ зуҳур кард ва мардум ба муҳит ва фазои солими озодиҳои динӣ-имонӣ одат намуд.

Акнун аз маҳдудаи таърихи миллию ватанӣ бурун омада, мавзӯъро дар қолаби шароити имрӯзаи таҳаввулоти сиёсию иҷтимоӣ ва маданӣ баррасӣ мекунем. Тафаккури дунявӣ имрӯз дар шакли истилоҳи дунявият («секуляризм») фаҳмида мешавад. «Дунявият ё ба истилоҳ, «секуляризм» (аз калимаи лотинии saecularis ба маънои дунявӣ, инҷаҳонӣ) дар чанд маъно истифода мешавад: якум, ба маънои бадалшавии моликияти ибодатгоҳҳои динӣ ба дунявӣ; дуюм, мусодираи амволи муассисаҳои динӣ ва интиқоли онҳо ба ҳукумати дунявӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ; севум, аз фаъолиятҳои ҷамъиятӣ ва зеҳнӣ озод намудани таъсири дин. Ба ин тариқ, секуляризм ё дунявият падида ва чизеро аз таъсири калисо баровардан ва ба муассисаҳои шаҳрвандӣ супурдан ва аз таъсири калисо раҳо карданро ифода мекунад. Ин ҷо бо истилоҳи «диният» (клерикализм) мувоҷеҳ мегардем. Диният ва ё Клерикализм (аз вожаи лотинии klericalism ба маънои калисоӣ далолат карда, ҷараёни сиёсии иртиҷоиро ифода менамояд, ки ҳадафаш дар ҳаёти сиёсӣ ва фарҳангӣ афзудани таъсири дин мебошад), моҳиятан дар муқобили секуляризм қарор дорад. Аз ин ҷост, ки сохти сиёсии демократӣ ва дунявӣ динро ҳамчун унсури давлатсозӣ намепазирад ва сатҳи ҳузуру нуфузи онро дар умури сиёсӣ ва иҷтимоӣ зарур намедонад. Давлат ва ҳукумати дунявӣ аз таҷриба ва далоили таърихӣ медонад, ки дину мазҳаб дар қолаби калисо ва минбару маобид алайҳи рӯшангарону озодандешон шӯрида, мардумро таҳти тасаллути мазҳаб қарор дода, зулму истибдодро ба сифати меъёри сиёсати давлатӣ дунбол мекунад. Аксари кулли мардуми кишварҳои ғарбӣ аз низоми сиёсии дунявӣ пайравӣ карда, тайи солҳои тӯлонӣ дар ин сохтори сиёсӣ –дунявӣ умр ба сар бурда, ҷомеаҳои урупоӣ дунявиятро ба унвони беҳтарин сохт ва намунаи зиндагӣ пазируфтаанд.

Имрӯз ҷангу даргириҳое, ки дар Ховари Миёна ҷараён мегиранд, бозгӯкунандаи онанд, ки дунявият ва тафаккури дунявӣ дар миёни мардуми ин минтақаҳо ба таври зарурӣ ҷойгоҳ пайдо накардааст. Табиист, ки аз ин вазъият рӯҳониёни муҳофизакор васеъ истифода мебаранд ва мардумро ба вартаи гумроҳӣ мекашанд. Бинобар ин, давлати дунявӣ ва низоми демократӣ имкони пазириши мардумро новобаста ба дин, мазҳаб, нажод, миллат, ақида, мафкура, андеша ва тафаккур дорад ва муҳимтар аз ҳама, ба ҷомеа шароити интихоби озоди қабулу тарки андеша ва тавсифу интиқоди мунсифонаи ҳар гуна афкорро фароҳам меоварад. Дар давлати динӣ-мазҳабӣ ин падидаи асосӣ ва ҷавҳарӣ вуҷуд надорад ва имкони интихоби озод зери суол аст.  

Вазъи имрӯзаи сиёсӣ ва геосиёсӣ осебпазирии ҷомеаҳои мазҳабӣ ва давлатҳои динӣ-теократиро рӯшан нишон медиҳад. Маҳдудиятҳои фикрӣ, идеологӣ ва илмӣ ин ҷомеа ва давлатҳоро, ки зери чатри низоми динӣ-мазҳабӣ зиндагӣ мекунанд, дар баробари воқеиятҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ камзарфият намудааст. Камзарфиятӣ ва камогаҳии мардум барои гурӯҳҳои муҳофизакор ва фурсатталаб имконият фароҳам меоварад, ки аз эҳсоси динии мардум роҳат истифода баранд ва онҳоро ба бозиҳои бемаънӣ даргир созанд. Нуқтаи заъфи ҷавомеи мазҳабӣ тафаккури баста, суннатӣ ва консервативии онҳост, ки имкони вуҷуд ва ҳузури манфиатҳои миллӣ ва инсониашонро ба сифр баробар мекунад. Гузашта аз ин, дар муддати сесад соли ахир, давлатҳо ва ҷомеаи мусулмонӣ ба буҳронҳои амиқи дохилӣ гирифтор шуданд (пошхӯрии империяи Усмонӣ ва аз ҷониби хадамотҳои махсуси ғарбӣ мудохилакорӣ дар умури сиёсию иҷтимоии мамлакатҳои мусулмонӣ) ва сардамдорони динӣ ҷавоби ҳалли буҳронҳоро дар бозгашт ба ислом ва суннатҳои динӣ дарёфтаанд (мутаассифона, ин андеша имрӯз ҳам мадди назари раҳбарони созмонҳои сиррӣ ва ҳаракатҳои радикалии исломӣ қарор дорад), ки роҳи ифротишавӣ ва тундгаройии диниро барои насли ҷавон хамвор сохтааст.

Хушбахтона, давлати миллии мо бо такя ба мероси сиёсию фарҳангии гузашта роҳи давлатдории дунявиро интихоб карда, дар ин масир қадам бармедорад. Муҳимтар аз ҳама, аз ин интихоби дурусту мантиқӣ мардуми тоҷик зараре надидааст, баръакс, тавассути ин низоми сиёсӣ ба масири тозаи зиндагӣ гом бардошта, ба сӯйи ояндаи неку дурахшон ҳаракат мекунад. Ба сухани дигар, тафаккури дунявӣ, ки дар низоми давлатдории дунявӣ рушд мекунад,  тафаккури кушоду боз аст ва он ба ҳар навъ андеша ва мафкура эҳтиром мегузорад, вале таҳмили андеша ва фишори ақидатиро қабул надорад. Дар тасаввури инсони дунявӣ ин дунё арсаи зиндагӣ ва фаъолиятҳои инсон, новобаста аз тааллуқоти ақидатӣ, идеологӣ ва динӣ-мазҳабӣ мебошад. Низоми сиёсии давлати дунявӣ бар баробарӣ ва тавозуни инсонҳо дар фаъолиятҳои иҷтимоӣ, фикрӣ, иқтисодӣ ва дар маҷмӯъ, моддию маънавӣ асос ёфтааст. Вале ин маънои онро надорад, ки дунёмадорон(манзур раҳбарияти низоми давлатдории дунявӣ аст), беҳудуд ба ҳама чиз имтиёз доранд. Онҳо дар асоси қонунмандӣ ва меъёру принсипҳои инсонӣ, барои пайравони тамоми адёну мазоҳиб, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ақидаву мафкура ба таври баробар шароити ибодат, фароғату истироҳат ва шуғлу таҳсил таҳия мекунанд ва ба ин васила муҳиту фазои солими ҳамкорӣ ва ҳамзистиро дар байни табақаҳои иҷтимоӣ, ақаллиятҳои миллӣ-этникӣ, бовармандони динӣ ва ҳаводорони созмонҳои ҷамъиятӣ ба вуҷуд меоваранд.

Масъалаи муносибат ва робитаи ҳукумат бо виҷдони озод (ниг.: Ҷамолӣ Манучеҳр. Ба сӯйи ҳукумати фарҳангӣ. Ландан: Курмали Пресс, 1998. –С. 49) ба унвони стратегияи сиёсӣ дар низоми давлатдории дунявӣ хидмат мекунад. Дар давлати дунявӣ майдони густариши дониш ва хиради инсонӣ тавсеа меёбад, то афроди ҷомеа ба масоили фикрӣ, сиёсӣ, ақидатӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ мунсифона бархӯрд карда тавонанд. Ҳар қадар дар ҷомеа тафаккури дунявӣ реша давонад,  ҳамон қадар раванди озодии виҷдону ақида таҳкиму тақвият меёбад. Ҳадафи ниҳойӣ ва стратегӣ дар низоми давлатсозии дунявӣ, ки дар қолаби асотири бостонии миллӣ рехта шудааст, «на ба ҷиҳоди идеологию динӣ рафтан, балки барои ҳаққи ҳар инсоне ба зиндагӣ дар гетӣ пайкор кардан» мебошад (ниг.: Ҷамолӣ Манучеҳр. Шоҳнома ва мо. Дафтари нахуст. Ландан, бидуни соли нашр. -С.64) ва ин аслу нуқтаи атф (меҳрварзӣ) дар низомҳои сиёсии минбаъда авлавият ва таҳаққуқ пайдо кардааст. Ин ҳадафи стратегиро дар шароити феълӣ метавон ҷиддӣ пайгирӣ кард ва ба сифати барномаи мушаххаси давлатӣ дар сиёсати миллию фарҳангӣ татбиқ намуд.

Нурзода НОЗИМ

муҳаққиқ

Маҷаллаи академии илмию оммавӣ "Илм ва Ҷомеа"-№2 (15), 2019

http://ravshanfikr.tj/shinokhti-masoili-i-timo-va-sijos/binishi-mill-boztobi-tafakkuri-dunyav.html

Последнее изменение Сешанбе, 26 Апрел 2022