Киро бузургию неъмат зи ину он будӣ,
Маро бузургию неъмат зи Оли Сомон буд.[1]
Шукӯҳи шуҳрат ва танин андохтани сурудаҳои ӯ дар олами он рӯзгор низ то ҷое ба сиёсати забонию фарҳангии амирони фозили сомонӣ, ки дар як ҳудуди бузурги ҷуғрофӣ доман густарда буд, бастагию пайвастагӣ дорад:
Шуд он замона, ки шеъраш ҳама ҷаҳон бинвишт,
Шуд он замона, ки ӯ шоири Хуросон буд.[2]
Эҳтимолан Рӯдакӣ дар рӯзгори ҳукмронии Аҳмад ибни Исмоил ба дарбори сомонӣ пазируфта шуд, вале авҷи шуҳрату эътибори ӯ ба замони ҳукмронии Наср ибни Аҳмад ва вазири донишманди ӯ Абулфазли Балъамӣ рост меояд.
Воқеан устод Рӯдакӣ дар дарбори Наср ибни Аҳмад мақоми маликушшуароӣ ёфт ва бо ташвиқи ҳамин амири сомонӣ, ки ба забону адаби мо муҳаббати фаровон дошт, «Калила ва Димна»-ро ба назм овард, ки ин матлаб дар муқаддимаи «Шоҳнома»-и Абумансурӣ ва «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ таъкид шудааст. Қасидаи маъруфи устод Рӯдакӣ «Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён», ки намунаи олии сухани шевои тоҷикӣ маҳсуб мешавад, бо тарғиби Абулфазли Балъамӣ дар васфи ҳамин амири сомонӣ суруда шуда, дар бобати чигунагии сурудани он дар чанд таърихномаву тазкира, аз ҷумла дар «Чаҳор мақола»-и Низомии Арӯзии Самарқандӣ нақли зебои муфассале омадааст. Забони қасидаи мазкур чун дигар ашъори устод Рӯдакӣ дар камоли зебоӣ ва содагию равонист. Аз ин ҷост, ки Садриддини Айнӣ услуби шеъри устод Рӯдакиро «саҳли мумтанеъ» ном бурдааст:
Бӯи Ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме,
Ёди ёри меҳрбон ояд ҳаме.
Реги Омуйу дуруштий роҳи ӯ,
Зери поям парниён ояд ҳаме.
Оби Ҷайҳун аз нишоти рӯйи дӯст
Хинги моро то миён ояд ҳаме...[3]
Шояд фазилати ҳамин забони содаву баёни ширин аст, ки сурудаи мазкури Рӯдакӣ аз оғоз то имрӯз истиқболи гарм пайдо кард ва шоирони ҳар давру замон ба он назираҳои фаровон гуфтаанд.
Бахусус Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румӣ ба истиқболи ин қасида ғазали зебои ошиқонае суруда, на танҳо аз калимаву ибора, балки аз мазмуну тасвирҳои ҷолибе, ки дар он омадаанд, низ истифода кардааст:
Бӯйи боғу гулситон ояд ҳаме,
Бӯйи ёри меҳрбон ояд ҳаме.
Аз нисори ҷавҳари ёрам маро
Оби дарё то миён ояд ҳаме.
Бо хаёли гулситонаш хорзор,
Нармтар аз парниён ояд ҳаме.[4]
Дар «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно ҳам зимни ёдкарди Бухоро ибораҳои «реги Ому» ва «оби Ҷайҳун» корбаст шудаанд, ки бешубҳа реша дар ҳамин қасидаи «Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён» доранд:
Рӯ ниҳод он ошиқи хунобарез,
Дил тапон, сӯйи Бухоро гарму тез.
Реги Омун пеши ӯ ҳамчун ҳарир,
Оби Ҷайҳун пеши ӯ чун обгир.[5]
Хоҷа Ҳофиз ҳам мисраи аввали ҳамин сурудаи машҳури устод Рӯдакиро дар як ғазалаш кор бастааст:
Хез, то хотир бад-он турки самарқандӣ диҳем,
К-аз насимаш «бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме».[6]
Садоқату иродати фаровони устод Рӯдакӣ ба хонадони сомонӣ, ба хусус ба амири ҷавонмарги ин сулола Наср ибни Аҳмад бастагӣ ба асолати миллӣ ва донишу хиради азалӣ дорад:
Доим бар ҷони ӯ биларзам, зеро-к
Модари озодагон кам орад фарзанд.
Аз маликон кас чун ӯ набуд ҷавоне
Роду сухандону шермарду хирадманд.[7]
Дар пораи шеърии ёдшуда ибораи «модари озодагон» далолат ба асилзодагии Сомониён дорад ва чунин ба назар меояд, ки устод озодзодагӣ ва асолату хирадро мояи ифтихор медонад ва андешаҳои хештаншиносию ватанхоҳияш аз ҷӯйи ҳикмати пешиниёни шарафманди мо ва равияи шуубия об мехӯрад. Хирадро дар баробари тандурустӣ, хушахлоқӣ ва некномӣ аз унсурҳои чоргонаи раҳоӣ аз ғаму андуҳ арзёбӣ кардани Рӯдакӣ ҳам бастагӣ ба ҳикмати озодагон дорад:
Чаҳор чиз мар озодаро зи ғам бихарад,
Тани дурусту хуи неку номи неку хирад.[8]
Аслан, устодии Рӯдакӣ дар забони модарии мо ҷойи баҳс надорад ва камоли забону адаби мо аз осори ӯ ибтидо мегирад. Бархе аз донишмандон ҳамчунин таълифи фарҳанги «Тоҷу-л-масодир фӣ луғати-л-фурс»-ро ба устод Рӯдакӣ нисбат медиҳанд, ки мутаассифона ин фарҳанг то замони мо нарасидааст. Зимнан бояд гуфт, ки баъзе аз сурудаҳои Рӯдакӣ тафсири маводи луғавии фарҳангро ба ёд меоранд: некбахт (Некбахт он касе, ки доду бихӯрд), шӯрбахт (Шӯрбахт он ки ӯ нахӯрду надод)...
Вале ҷойи таъкид аст, ки устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар офаридани мазмунҳои борику рангин ва тасвирҳои ширину дилнишин ба забони модарии мо ниҳоят табъи расо ва завқи салим доштааст, ки бо гузаштани бештар аз ҳазор сол, имрӯз ҳам онҳо беҳтарин намунаи мазмунофарию тасвирсозии шоирона дониста мешаванд:
Бихандад лола бар саҳро ба сони чеҳраи Лайло,
Бигиряд абр бар гардун ба сони дидаи Маҷнун.
Зи оби ҷӯй ҳар соат ҳаме бӯйи гулоб ояд,
Дар ӯ шустаст пиндорӣ нигори ман рухи гулгун.
Тавзеҳан ёдоварӣ мебояд, ки баъзе муҳаққиқон пораи шеърии мазкурро ҷузъи як қасидаи Қатрони Табрезӣ (тах. 1013-1083) ба шумор овардаанд, вале забони баёни «рӯдакивор»-и он ин андешаро зери шубҳа қарор медиҳад. Дар ташхиси ашъори Рӯдакию Қатрон ҳанӯз ҷойи баҳс боқист, вале Қатрон, ки ба қавли Носири Хусрав (1004-1088) дар «Сафарнома» «форсӣ неку намедонист… девони Мунҷик ва девони Дақиқӣ биёвард ва пеши ман бихонд ва ҳар маънӣ, ки ӯро мушкил буд, аз ман пурсид, бо ӯ бигуфтам ва шарҳи он бинвишт»[9] дар сурудани шеър зери таъсири амиқи устод Рӯдакӣ ва дигар шоирони аҳди сомонӣ қарор дорад ва эҳтимолан ин пораро аз Рӯдакӣ дар қасидаи худ тазмин кардааст ё аслан худи қасида сурудаи устод Рӯдакист.
Ташбеҳҳои беназиру дилпазири офаридаи «устоди шоирони ҷаҳон» то ба ҳол дилҳои аҳли завқро тасхир мекунанд:
Биёр он май, ки пиндорӣ равон ёқути ноб астӣ
Ва ё чун баркашида теғ пеши офтоб астӣ...[10]
Таносуби қавии сухан ва мантиқи баланди сурудаҳои Рӯдакӣ, дар ашъори шоирони баъдӣ, аз ҷумла шоирони рубоисаро Абусаиди Абулхайр (968-1052), Умари Хайём (1048-1131) ... идома пайдо кардааст:
Дар ҷустани он нигори пуркинавуҷанг
Гаштем саропои ҷаҳон бо дили танг.
Шуд даст зи кору рафт по аз рафтор,
Ин баски ба сар задему он баски ба санг.[11]
Таркиби луғавии сурудаҳои шоирро асосан калимаҳои мансуб ба гурӯҳҳои гуногуни луғавӣ ташкил медиҳанд. Бояд гуфт, ки бештари калимаву таркибҳои зебову дилоро, ки дар сурудаҳои устод Рӯдакӣ истифода шудаанд, реша дар забони зиндаи мардуми рӯзгори ӯ доранд ва аксари онҳо имрӯз ҳам дар гуфтори ҳамарӯзаи мо истифода мешаванд. Барои намуна, масалан, ибораи «гули садбарг» ё калимаҳои «базеб», «яксара», ки дар порчаи шеърии зер омадаанд, дар ҳамин шуморанд:
Гули садбаргу мушку анбару себ,
Ёсамини сапеду мурди базеб
Ин ҳама яксара тамом шудаст,
Назди ту, эй бути мулукфиреб. [12]
Устод Айнӣ калимаҳое чун хошок, дош, хархаша ва фартутро «калимаҳои кӯчагии тоҷикӣ»[13] ба шумор овардааст, ки шоир дар ашъораш аз онҳо истифода кардааст:
Пири фартут гашта будам сахт,
Давлати ӯ маро бикард ҷавон.[14]
Воқеан, калимаҳои гуфтугӯии омиёна ҳам аз қабили модандар, писандар, духтандар, гурбарӯй... дар ашъори шоир доираи муайяни корбурд доранд:
Ҷуз ба модандар намонад ин ҷаҳони гурбарӯй,
Бо писандар кина дорад ҳамчу бо духтандаро.[15]
Як вижагии хоси забони сурудаҳои устод Рӯдакӣ ин аст, ки дар ашъори ӯ ибораҳои рехта ва таъбирҳои маҷозии зебову шево, аз қабили ғам хӯрдан (Ба рӯзи неки касон гуфт: То ту ғам нахӯрӣ), забон ба банд будан (Киро забон на ба банд аст, пой дар банд аст), аз гузашти рӯзгор омӯхтан (Ҳар кӣ номӯхт аз гузашти рӯзгор), дил сер нагаштан (Дил сер нагардадад зи бедодгарӣ), чашм об нагирифтан (Чашм об нагирадад, чу бар ман нигарӣ), аз ҷон дӯсттар доштан (Ин турфа, ки дӯсттар зи ҷонат дорам), аз сад ҳазор душман батар будан (Бо он ки зи сад ҳазор душман батарӣ), ҳар чӣ бодо, бод (Боду абр аст ин ҷаҳон, афсӯс, / Бода пеш ор, ҳар чӣ бодо бод! )… ибораҳои изофӣ, ки яке аз ҷузъҳои онҳо бо маънои маҷозӣ омадааст: чашми дил (Ба чашми дилат дид бояд ҷаҳон), дайри мукофот (Бас таҷриба кардем дар ин дайри мукофот), манзили ғам (Дар манзили ғам фиканда мафраш моем), дасти хуши рӯзгор (Дасти хуши рӯзгори нохуш моем), хуршеди ҷаҳонсӯз (Бе рӯйи ту хуршеди ҷаҳонсӯз мабод), чароғи оламафрӯз (Ҳам бе ту чароғи оламафрӯз мабод)… ба таври фаровон истифода шуда, аз завқу салиқаи баланди забондонии ӯ хабар медиҳанд.
Истифодаи босамари зарбулмасалу мақол, панду ҳикмат ва воситаҳои дигари тасвири бадеӣ ба сурудаҳои устод Рӯдакӣ шукӯҳу шаҳомати хос бахшидааст:
Чӣ хуш гуфт муздур бо он хадеш:
«Макун бад ба кас, гар нахоҳӣ ба хеш».
Дар байти зикршуда калимаи «муздур» ба маънии он ки бо музд кор мекунад ва «хадеш» ба маънии кадбонуи хона аст, ки имрӯз калимаи охир аз истифода баромадааст, вале зарбулмасали «Макун бад ба кас, гар нахоҳӣ ба хеш» дар шакли такмилшудаи «Ҳар кӣ кунад, ба худ кунад, / Гар ҳама неку бад кунад» ҳанӯз мавриди истифода қарор дорад.
Ё гунаи адабии мақоли маъруфи имрӯзаи «як дари баста, сад дари кушода»:
Дурусту рост кунад ин масал Худой варо;
«Агар бибаст яке дар, ҳазор дар бикушод». [16]
Дар ашъори Рӯдакӣ зарбулмасалҳое ҳам ба мушоҳида мерасанд, ки дар рӯзгори шоир дар забони ом роиҷ будаанд ва то ба имрӯз гунаи онҳо дар забони гуфтугӯӣ боқӣ мондааст:
Яке олудае бошад, ки шаҳреро биёлояд,
Чу аз говон яке бошад, ки говонро кунад рихин.[17]
Баъзе сурудаҳои худи ӯ низ бо мурури замон ба сифати зарбулмасалу мақол ва панду андарз дар байни мардум шуҳрат пайдо кардаанд:
Бирав, зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир!
Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.[18]
***
Ҳеч ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,
То тавонӣ, рӯй бар ин ганҷ неҳ.[19]
***
Дониш андар дил чароғи равшан аст,
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.
***
Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ,
Бар кӯру кар ар нукта нагирӣ, мардӣ.
Мардӣ набувад фитодаро пой задан,
Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ.
***
Ангушт макун ранҷа ба дар кӯфтани кас,
То кас накунад ранҷа ба дар кӯфтанат мушт.[20]
Дар ашъори Рӯдакӣ калимаҳои мураккаб доираи корбурди васеъ доранд: ҷаъдмӯй, ғолиябӯй (Ману он ҷаъдмӯйи ғолиябӯй), моҳрӯй, ҳурнажод (Ману он моҳрӯйи ҳурнажод), ҷавонмард (Ту ҷавонмарду давлати ту ҷавон), навҷавон (Май ба бахти ту навҷавон омад), хамирмоя (Кист ба гетӣ хамирмояи идбор), симрада (Сапеду симрада буду дурру марҷон буд), қатраборон (Ситораи саҳарӣ буду қатраборон буд), шикастабиёбон (Басо шикастабиёбон, ки боғи хуррам буд), сурудгӯ, ҳазордастон (Сурудгӯён, гӯӣ ҳазордастон буд), озоданажод, дирамхарид (Озоданажод в-аз дирамхарид), аввалсухан (Аввалсуханам номи ту андар даҳан ояд), зишткирдор, хубдидор (Зишткирдору хубдидор аст), монавитабъ (Аннун зи баҳори монавитабъ), шабгир (Вақти шабгир бонги нолаи зер), тараббахш, фараҳзо (Тараббахши рӯҳам, фараҳзои ҷонам), хонахароб, якпаҳлу (Ин хонахароб турфа якпаҳлуест), ташнаҷигар (Ҳон, ташнаҷигар, маҷӯй з-он боғ самар), пешкор (Бахту давлат чу пешкори туанд), пешёр (Нусрату фатҳ пешёри ту бод!) ва ғ. Шояд баъзе аз ин калимаҳо (симрада, қатраборон, монавитабъ, пешкор, пешёр...) сохтаи завқи худи устод Рӯдакӣ бошанд.
Муродифҳои луғавӣ дар ашъори Рӯдакӣ доираи васеи истифода доранд. Илова бар ин, дар баъзе маврид устод дар баробари ёд кардани номвожаҳои арабӣ муодили тоҷикии онҳоро низ ёдовар шудааст:
Зераш Уторид, он ки нахонӣ-ш ҷуз дабир,
Як номи ӯ Уториду як номи ӯст Тир. [21]
Аз ашъори боқимондаи Рӯдакӣ ба исбот мерасад, ки дар рӯзгори Сомониён ҷашнҳои миллию мазҳабӣ, бо шукӯҳи тамом таҷлил мешудаанд ва дар баробари ҷашнҳои миллӣ (Наврӯз, Меҳргон, Сада) ҷашнҳои динию мазҳабӣ ҳам бо номи тоҷикӣ маъруфият доштаанд (аз ҷумла, иди Гӯспандкушон, яъне иди имрӯзаи Қурбон. Воқеан, мутобиқи ривоёти динӣ пайдоиши ин ид аз ибтидо ба куштани гӯсфанд дар бадали фарзанди Иброҳим, алайҳиссалом, – Исмоил иртибот дорад):
Бод бар ту мубораку хуншон
Ҷашни Наврӯзу Гӯспандкушон![22
Рӯдакӣ ба расми қадим ҷашни Меҳргонро ҷашни «шоҳону хусравон» медонад ва аз омадани ин ҷашн ба амири сомонӣ мужда расонидааст:
Малико, ҷашни Меҳргон омад,
Ҷашни шоҳону хусравон омад.[23]
Баъзе вожаҳое, ки дар осори Рӯдакӣ мавриди истифода қарор гирифтаанд, имрӯз танҳо дар баъзе гӯишҳои забони тоҷикӣ боқӣ мондаанд ва дар кишварҳои ҳамзабон истифода намешаванд. Масалан: варғ (ҷойи оббанду обкушо) (Банди варғи сусти пуда бифканад), коза (каппа) (Ҷой кард аз баҳри будан козае), тундар (раъд) (Наффот – барқи равшану тундар-ш – таблзан), хусур (падарарӯс) (Ки то кай кашем аз хусур зиллу хорӣ), модандар (модари ӯгай, ки дар мо моиндар ҳам мегӯянд) (Ки гаҳ модарӣ, гоҳ модандаро), писандар, духтандар (Бо писандар кина дорад ҳамчу бо духтандаро) ва ғ.
Яке аз хидматҳои бузурги устод Рӯдакӣ дар забону адабиёти мо ба назм овардани асарҳои маъруфи «Калила ва Димна» ва «Синдбоднома» аст. Ҳарчанд аз ин ду манзумаи гаронбаҳои устод то замони мо қисмати ночиз боқӣ мондааст, вале ҳамин қисматҳои боқимонда ҳам арзиши ниҳоят баланди забонию фарҳангӣ доранд. Масалан, муҳаққиқон панди маъруфи «Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,/ Низ н-омӯзад зи ҳеч омӯзгор»-ро байти оғози манзумаи «Калила ва Димна» донистаанд.
Ё як пораи бозмондаи ин манзума ба қиссаи ҳароси Шер аз бонги Шанзаба ва дар ин замина аз Димна тадбир хостани ӯ бастагӣ дорад:
Димнаро гуфто, ки то ин бонг чист?
Бо ниҳебу саҳм ин овойи кист?
Димна гуфт ӯро: Ҷуз ин ово дигар
Кори ту на ҳасту саҳме бештар.
Об ҳар чӣ бештар неру кунад,
Банди варғи сусти пуда бифканад.
Дил гусиста дорӣ аз бонги баланд,
Ранҷаке бошад-ту овози газанд. [24]
Тафсили ин ҳодиса дар «Тарҷумаи Калила ва Димна» ба шарҳи зер аст: «(Шер) рози худ бар Димна бигшоду гуфт: Сабаб ин овоз аст, ки мешунавӣ. Намедонам, ки аз кадом ҷониб меояд, лекин гумон барам, ки қуввату таркиби соҳиби он фарохури овоз бошад. Агар чунин аст, моро инҷо муқом савоб набошад. Димна гуфт: Ҷуз бад-ин овоз маликро аз вай ҳеч рийбате (бадгумоние) дигар будааст? Гуфт: Не. Гуфт: Нашояд, ки малик бад-ин мӯҷиб макони хеш холӣ гузорад ва аз ватани маълуфи худ ҳиҷрат кунад, чи гуфтаанд, ки офати ақл тасаллуф аст ва ... офати дили заиф овози қавӣ».[25]
Ё байти
Гуфт бо харгӯш: «Хона хони ман,
Хез, хошокат аз ӯ берун фикан!»[26]
ба ҳикояти харгӯш ва кабканҷир (дурроҷ) аз Бобу-л-бум ва-л-ғуроб (бум ва зоғ) алоқаманд аст. Ин матлаб дар «Тарҷумаи Калила ва Димна»-и Абулмаъолии Насруллоҳи Муншӣ чунин омадааст: «якчанде бигузашт. Кабканҷир бозрасид. Чун харгӯшро дар хонаи хеш дид, ранҷур шуду гуфт: Ҷой бипардоз, ки аз они ман аст».[27]
Вале муҳимтарин қитъаи бозмонда аз ин манзума ҳамин пораи шеърии маъруфи ба истилоҳ «чароғи дониш» мебошад, ки то ба имрӯз вирди забонҳост:
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,
Кас набуд аз рози дониш бениёз.
Мардумони бихрад андар ҳар замон
Рози донишро ба ҳар гуна забон
Гирд карданду гиромӣ доштанд,
То ба санг андар ҳаме бингоштанд.
Дониш андар дил чароғи равшан аст
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.[28]
Аз манзумаи «Синдбоднома»-и устод Рӯдакӣ ҳам чанд байту қитъа, аз ҷумла порчае аз нақли зани соҳибҷамол ва марди баққол аз «Достони зани деҳқон бо марди баққол»[29] боқӣ мондааст:
Он гурунҷу он шакар бардошт пок
В-андар он дастори он зан баст хок.
Он зан аз дуккон фуруд омад чу бод,
Пас фаларзангаш ба даст-андар ниҳод.
Шӯй бигшод он фаларзаш, хок дид,
Кард занро бонгу гуфташ: «Эй палид!»[30]
Чунонки мушоҳида мешавад, дар пораи мазкур дар баробари калимаҳои маъмулу мустаъмал (гурунҷ=биринҷ, шакар, дукон...) вожаҳои аз истеъмол берунмонда (фаларзанг, фаларз) ба назар мерасанд. Вожаи «фаларзанг» ба маънии дастор ё порчаест, ки дар он чизеро мебанданд. Калимаи «фаларз» ҳам мухаффафи ҳамин «фаларзанг» ба ҳамон маънист.
Ногуфта намонад, ки андарзи маъруфи устод Рӯдакӣ
Ҳеч шодӣ нест андар ин ҷаҳон
Бартар аз дидори рӯйи дӯстон.
Ҳеч талхӣ нест бар дил талхтар
Аз фироқи дӯстони пурҳунар[31]
ҳам, ки дар баҳри рамал аст, эҳтимол ба яке аз ин ду манзума, ки ҳар ду дар як вазнанд, тааллуқ дошта бошад. Тавзеҳан «Маснавии маънавӣ»-и Мавлавӣ ҳам дар ҳамин вазни дилошӯб суруда шудааст.
Эҳтимол устод Рӯдакӣ дар баробари забони модарӣ ва арабӣ, ҳамчунин забони паҳлавиро низ медонистааст ва «Синдбоднома»-ро аз ин забон мустақиман тарҷумаи манзум кардааст. Байти зер ба паҳлавидонии ӯ далолат мекунад.
В-агар паҳлавонӣ надонӣ забон,
Варазрӯдро Моваруннаҳр хон.[32]
Ёдкарди андарзномаҳои паҳлавӣ дар ашъори Рӯдакӣ далели мустанади дигар бар паҳлавидонии ӯст:
Сирати ӯ буд ваҳйнома ба Кисро,
Чунки ба ойин-ш панднома биёканд.[33]
Рӯдакӣ ҳамчунин аз Авесто ва Занд, ки тарҷумаву тафсири Авестост, огоҳ будааст. Вай дар шеъре, ки ба Наср ибни Аҳмад бахшидааст, фазли ӯро ба Авесто ва сирати ӯро ба Занд, яъне, шарҳи он, қиёс кардааст:
Ҳамчу муаммост фахру ҳиммати ӯ шарҳ,
Ҳамчу Абистост фазлу сирати ӯ Занд. [34]
Муаррихону муҳаққиқон ҳамчунин ба ин андешаанд, ки устод Рӯдакӣ овози хушу лаҳни дилкаш дошт ва бо чангу барбату уд сурудаҳои худро тараннум мекард. Худи вай ҳам ба ин маънӣ ишора дорад:
Рӯдакӣ чанг баргирифту навохт,
Бода андоз, к-ӯ суруд андохт.[35]
Ҳамин аст, ки аз сурудаҳои устод Рӯдакӣ мисли намунаи зер дарунмояи азалии мусиқии шеъри форсии тоҷикӣ эҳсос мегардад:
Гули баҳорӣ, бути таторӣ,
Набид дорӣ, чаро наёрӣ?!
Набиди равшан чу абри баҳман
Ба назди гулшан чаро наборӣ! [36]
Ин нукта ҷойи баҳс надорад, ки устод Рӯдакӣ бо осори ҷовидони худ ба забону адаби мо умри ҷовидон бахшидааст ва дар ҳар давру замон бузургтарин шоирону адибони мо аз осори ӯ таъсир пазируфтаанд. Масалан, Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румӣ (1207-1273), ки дар бузургии ӯ дар забону адаби мо ҷойи ҳеч шакку тардид нест, солҳо баъд аз вафоти яке аз пирон ва муршидони рӯҳонии худ – ҳаким Саноӣ (1081-1141) ғазали орифонае гуфтааст, ки талхису такмили шеъри устод Рӯдакӣ дар вафоти шоир Муродист:
Гуфт касе: Хоҷа Саноӣ бимурд,
Марги чунин хоҷа на корест хурд.
Коҳ набуд ӯ, ки ба боде парид,
Об набуд ӯ, ки ба сармо фисурд...[37]
Сурудаи асли устод Рӯдакӣ ин аст:
Мурд Муродӣ на ҳамоно, ки мурд,
Марги чунин хоҷа на корест хурд...
Коҳ набуд ӯ, ки ба боде парид,
Об набуд ӯ, ки ба сармо фисурд. [38]
Ҳосили сухан, устод Рӯдакӣ дар таърихи куҳани забони модарии мо аз бузургтарин устодон аст, ки ширинию шевоӣ, шукӯҳу шуҳрат ва рушду боландагии ин забон дар аҳди Сомониён ва давраҳои баъдӣ бо осори мондагори ӯ иртибот ва пайванди ногусастанӣ дорад.
[1] Осори Рӯдакӣ. Дар зери таҳрири Абдулғанӣ Мирзоев. – Сталинобод, 1958.– С.22.
[2] ҳамин китоб. – С.22.
[3] ҳамин китоб. – С.125; Пешоҳангони шеъри порсӣ. Бо кӯшиши дуктур Муҳаммаддабири Сиёќӣ. – Теҳрон, 1375. – С.52.
[4] Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ. Куллиёти Шамси Табрезӣ. Тасҳеҳ ва бозбинии дуктур Низомиддини Нурӣ. – Теҳрон, 1388. – С.1057.
[5] Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ. Маснавии маънавӣ. Бар асоси матни Р.Николсон ва муќобила бо нусхаҳои дигар. – Теҳрон, 1379/2001. – С.314.
[6] Девони Ҳофиз. Тазҳиб ва минотюри устод Маҳмуди Фаршчиён. – Теҳрон, 1394. – С.291.
[7] Осори Рӯдакӣ. – С.64.
[8] ҳамин китоб. – С.57.
[9] Носири Хусрав. Сафарнома. – Душанбе, 1970. – С.11.
[10] ҳамин китоб. – С.124.
[11] ҳамин китоб. – С.154.
[12] Пешоҳангони шеъри порсӣ. – С.25; Осори Рӯдакӣ. – С.43.
[13] Садриддин Айнӣ. Куллиёт. ҷ.11. к 1. – Душанбе, 1963. – С. 148.
[14] Саид Нафисӣ. Муҳити зиндагӣ ва аҳволу ашъори Рӯдакӣ. Ба кӯшиш ва таҳияи Ҷаъфар Ранҷбар – Душанбе, 2008. – С.817.
[15] ҳамин китоб. – С.835.
[16] ҳамин китоб. – С.705.
[17] Осори Рӯдакӣ. – С.260.
[18] ҳамин китоб. – С.214.
[19] ҳамин китоб. – С.393.
[20] ҳамин китоб. – С.45.
[21] Осори Рӯдакӣ. – С.507.
[22] Муҳити зиндагӣ ва аҳволу осори Рӯдакӣ. – С.878.
[23] Осори Рӯдакӣ. – С.58.
[24] Осори Рӯдакӣ. – С.320.
[25] Абулмаъолии Насруллоҳи Муншӣ. Тарҷумаи Калила ва Димна. Тасҳеҳу тавзеҳи Муҷтабои Минуии Теҳронӣ. – Теҳрон, 1343. – С.70.
[26] Осори Рӯдакӣ. – С.378.
[27] Абулмаъолии Насруллоҳи Муншӣ. Тарҷумаи Калила ва Димна. – С.204.
[28] Осори Рӯдакӣ. – С.328.
[29] Заҳирии Самарќандӣ. Синдбоднома. Тадќиќот, тасҳеҳи матн ва таълиќот ба ќалами Ҷумъабой Азизќулов. – Душанбе, 2012. – С.337-340.
[30] Осори Рӯдакӣ. – С.319.
[31] ҳамин китоб. – С.327.
[32] ҳамин китоб. – С.423.
[33] ҳамин китоб. – С.64.
[34] ҳамин китоб. – С.64.
[35] ҳамин китоб. – С.48; Пешоҳангони шеъри порсӣ. – С.26.
[36] Пешоҳангони шеъри порсӣ. – С.58.
[37] Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ. Куллиёти Шамси Табрезӣ. Тасҳеҳ ва бозбинии дуктур Низомиддини Нурӣ. – Теҳрон, 1388. – С.363.
[38] Осори Рӯдакӣ. – С.53.