РӮЗИ ҲИМОЯТГАРОНИ ВАТАН МУБОРАК!
Ҳамдиёрони азиз!
Имрӯз мо яке аз санаҳои муқаддасу пурифтихори давлатдории худро ҷашн мегирем – Рӯзи ҳомиёни далеру шуҷои Ватан!
Ин рӯз на танҳо рамзи ифтихору сарбаландии мардуми Тоҷикистон, балки нишонаи садоқат ва далерии афсарону сарбозонест, ки шабу рӯз дар ҳифзи сарзамини аҷдодиамон қарор доранд.
Аз лаҳзаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз, Артиши Миллӣ роҳи пуршараферо тай намуда, ба як сипари боэътимод ва қувваи бузурги мудофиавӣ табдил ёфтааст. Ҳар як ҷавони ватандӯст хизмат ба Ватанро ҳамчун қарзи муқаддас ва нишонаи садоқати бепоён ба халқи худ медонад!
Бахусус, ҷавонони ғайратманди имрӯза, ки бо иродаи мустаҳкам ва муҳаббати бепоён ба диёри худ омодаанд, дар сафи Артиши миллӣ хизмати содиқона анҷом диҳанд, боиси ифтихор ва шараф мебошанд. Меҳру садоқат ба Ватан, ҷасорат ва ватандӯстӣ – ин сифатҳое ҳастанд, ки дар вуҷуди ҳар як ҳомии далери марзу буми мо ҷой доранд.
Ҳамзамон, мо ба собиқадорони Артиши миллӣ эҳтироми амиқи худро баён мекунем, зеро маҳз онҳо бо ҷоннисориҳои худ барои оромии мардум ва пойдории сулҳ заҳмат кашидаанд. Имрӯз онҳо ба насли ҷавон ҳамчун намунаи ибрат хизмат мекунанд ва таҷрибаҳои гаронбаҳои худро ба афсарону сарбозони наврас меомӯзонанд.



Бо камоли ифтихор, Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Баҳодур Искандаров ҳамаи афсарону сарбозон, собиқадорони ҷангу меҳнат ва кулли ҳамватанони азизро бо Рӯзи ҳомиёни Ватан табрику таҳният гуфта, ба ҳар яки шумо тандурустӣ, иродаи қавӣ ва комёбиҳои бузург орзу менамояд!
Рӯзи ҳомиёни Ватан муборак, ҳомиёни шуҷои Тоҷикистон!