ТАБРИКОТИ ЗОДРӮЗӢ
Ҳайати кормандони институт зодрӯзи ҳамкорамон, профессори соҳибтаҷриба ва доктори илмҳои иқтисод Ғоибназарзода Саид Муҳаммадназарро бо самимияти хоса табрик мегӯянд.
Бо фаъолияти худ дар соҳаи таълим ва илм, он кас ба пешрафти раванди таълимӣ мусоидат намуда, барои донишҷӯён ва ҳамкорон ҳамчун шахсияти бомаърифат ва кордон намунаи ибрат мебошанд.
Ба ин муносибат, аз самими қалб орзумандем, ки рӯзгори он кас ҳамеша пур аз саломатӣ , барору муваффақият бошад. Бигзор ҳамаи ташаббусҳо ва талошҳои минбаъдаи касбӣ бо дастовардҳои арзанда оро ёбанд.
Бо эҳтиром,
Ҳайати кормандони Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Баҳодур Искандаров