wrapper

Варқа ОХОННИЁЗОВ

доктори илмҳои филологӣ

 

АКСИОМАИ

«ПРЕЗИДЕНТ ВАҲДАТ ИСТИҚЛОЛ»

 

         Истиқлолияти давлатии мамлакати мо воқеъан давлати бемисол аст ва он ба шарҳи забонӣ эҳтиёҷ надорад. Бас аст ба симои ҳар як маркази ноҳия назар андохтан ва ё ба гирду атрофи як хоҷагии рустоӣ гаштан, то натиҷаи Истиқлол ва самараи онро ба чашми худ бинем. Дар шони пойтахти азизамон шаҳри Душанбе ва марказҳои маъмурии вилоятҳои Ҷумҳурӣ бошад чӣ тавсифҳое, ки ба бор наоянд, каманд. Имрӯзҳо ҳар як маркази ноҳия худ мисли як гӯшаи пойтахти Ватан шукуфоии ба худ хос дорад ва дар пеши хонаи ҳар як сокини дилхоҳ деҳа нақлиёти гуногунтамға ва гуногунқувва дар хизмати хонавода омода истодааст. Дар хусуси он, ки дар тӯли ҳамагӣ 20 соли охир ҳар як сокини Тоҷикистон соҳиби телефони мобилӣ гардид ва нисфашон соҳиби ду адад чунин телефонҳо шудаанд, ҳоҷат ба исбот нест. Чи иншоотҳо ва сохтмонҳои бузурге дар давоми Истиқлолият бунёд нашудаанд!

        Истиқлолияти давлатӣ барои давлат ва мардуми мо осон даст дод, вале нигоҳ доштан ва таҳким бахшидани он ба ивази ҳазорҳо ҷони фарзандони ин миллат муяссар гардид. Дар наҷоти Истиқлолияти Ватан аксиомае вуҷуд дорад, ки онро бояд такрор ба такрор ба самъи ҳар як сокини мамлакат расонд. Ин аксиома «ПРЕЗИДЕНТ – ВАҲДАТ – ИСТИҚЛОЛ» аст ва шарҳаш содда аст, вале мафҳум ва тӯли ба аксиома расиданаш душвор, заҳматталаб, иродапурс ва имтиҳонкунанда буд. Хонанда шояд саволе дошта бошад, ки таърихан Истиқлол аввал буд, Президет баъд ва Ваҳдат пас аз ин ду, вале дар аксиомаи шумо онҳо ба таври дигар омадаанд? Мафҳуми аксиомаи пешниҳодшуда маҳз дар ҷавоби ҳамин савол аст.

         Мусаллам аст, ки ба истиқлолият расидани мамлакати мо аз ташаббус ё ибтикори афроди алоҳида камтар вобаста, балки он натиҷаи аз ҳам пош хӯрдани система ба таври умумӣ буд. Агар ба таърихи он солҳо назар андозем, мо ҳатто ҳолати аксро мушоҳида мекунем, зеро аксари давлатдорони давр ва аъзои ҳизби ҳоким ба тарафдории муттаҳид мондани ҷамоҳири Шуравӣ бархестанд. Вале чун чархи таърихро ба қафо тоб додан амрест муҳол, Иттиҳоди Шуравӣ аз ҳам пошид ва ҷамоҳири он ба мустақилияти давлатии хеш расиданд, ки Тоҷикистони мо яке аз онҳо буд. Мутаассифона, ба истиқлол расидани мамалакатро гурӯҳҳои алоҳида ба тарз ва фоидаи худ истифода намудан хостанд ва Ватану халқро ба вартаи кашмакашиҳо тела доданд. Яке аз сабабҳои ба муноқиша мувоҷеҳ гардидани мамлакат ин буд, ки на ҳамаи гурӯҳҳо ва кулли мардум роҳи фардояшонро медонистанд. Аз ин рӯ, онҳо аз ҷониби қувваҳои беруна осон ва бидуни ягон мушкилӣ идора мешуданд. Ин буд, ки Истиқлолият ба тангнои марг расид ва ... 

      ... ва ба бахти Истиқлолият, Ватан ва Миллат ба сари давлати нимсохта ва нимносохта Президент омад, Президенте, ки ҷавонӣ, ҳастӣ ва ҳаёташро барои наҷот ва таҳкими истиқлолияти Ватан бахшид. Барои Истиқлолиятро аз нестӣ наҷот додан ва онро пояи мустаҳкам бахшидан, сарҷамъ намудани миллат, сулҳи абад ва имконият барои созандагӣ зарур буд. Мифтоҳи ин мушкил Ваҳдат буд ва Президент барои Ваҳдати миллат камар бар миён баст ва ҷон бар каф гирифт. Чӣ шабзиндадориҳо паси сар нашуданд ва чӣ хатарҳо пеш наомаданд дар ин роҳ! Президент ҳамаашро паси сар намуд ва миллатро ба Ваҳдат овард ва Истиқлолияти Ватанро наҷот дод.

      Ин аст мафҳуми аксиомаи «ПРЕЗИДЕНТ – ВАҲДАТ – ИСТИҚЛОЛ»!